Об - сарчашмаи ҳастӣ

Об дар ҳақиқат сарчашмаи мавҷудияти табиат ва тамоми организмҳои зинда мебошад. Маҳз об аз хок ба растанӣ, аз растанӣ ба атмосфера, ба воситаи дарёҳо аз қитъаҳо ба уқёнусҳо мешорад ва бо ҷараёни ҳаво баргашта компонентҳо (қисматҳо)-и гуногуни табиатро бо ҳам алоқаманд мекунаду онҳоро ба як системаи том табдил медиҳад. Об на фақат аз як компоненти табиат ба компоненти дигар мегузарад. Ба монанди хун, вай бо худ миқдори зиёди моддаҳои химиявиро мегузаронад. Онҳоро аз хок ба растаниҳо, аз хушкӣ ба кўлҳо ва уқёнусҳо, аз атмосфера ба замин мегузаронад. Тамоми олами наботот моддаҳои маъданиро аз хок, ки дар он дар намуди маҳлуланд, фақат ба воситаи об истифода мебаранд.
Баъди ҳаво об аз рўйи аҳамияташ ҳамчун компоненти дуюм барои ҳаёти инсоният зарур аст. То чи андоза об зарур аст, ҳақиқати онро миқдори обе, ки дар узвҳои гуногун, ки аз 70- 90% ташкил медиҳад, шаҳодати он аст. Ҷанини се моҳа - 90%, кўдаки навзод - 80%, одами болиғ - 70% об доранд. Об дар тамоми бофтаҳои организм иштирок мекунад. Масалан, мағзи сар – 75%, дил – 75%, шуш – 85%, ҷигар – 86%, мушакҳо – 75%, хун – 83% об доранд.
Об дар ҳақиқат манбаи ҳаёт дар рўи замин мебошад. Ягон ҳуҷайраи организми зинда бе об вуҷуд дошта наметавонад. Об дар ҷараёни нафаскашӣ иштирок мекунад. Аз организми одам дашғол (шлак), пасмондаҳо ва токсинҳо (заҳрҳо)-ро мебарорад. Ҳамчун (смазка) молиш барои буғумҳо ва устухонҳо истифода мешавад. Ба ҳуҷайраҳо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ (намакҳои минералӣ, витаминҳо) оварда мерасонад. Маҳлули дохилии ҳуҷайравӣ ҳарорати баданро танзим карда, пеши бо ҳам часпидани ҳуҷайраҳоро мегирад. Маҳлули дохилии ҳуҷайравӣ барои барқароркунӣ ва табобати организм бо роҳи табиӣ лозим аст.
Барои фаъолияти муътадили ҳаётии инсон дар як рўз зиёда аз 1,5-2,0 литр об истеъмол карданаш зарур аст. Норасоии об ба инкишофи маризҳои гуногун оварда мерасонад.
Об яке аз бойгариҳои асосӣ дар рўи Замин ба ҳисоб меравад. Хуни Замин об аст ва рагҳои хун дарёҳо, дарёчаҳо ва кўлҳо. Об дар Замин он нақшро мебозад, ки хун дар организми одам ҳам ва чи тавре олимон мушоҳида кардаанд, структураи шохаҳои дарёчаҳо ба системаи хунгарди организми одам монанд аст. Аз ин рў, Леонардо да Винчи обро аробакаши табиат беҳуда наномида буд. Обро бояд эҳтиёт кард. Эҳтиёти об ин эҳтиёти ҳаёт, саломатӣ ва зебогии табиат аст. Обро бояд оқилона истифода бурд.
Ҳисоб карда шудааст, ки аз як ҷумак дар як соат 400 литр об дар як рўз 5 ҳаз., дар як сол – 50 ҳаз. литр оби нўшокӣ беҳуда масраф мешавад, ки барои он 2000 кВт/соат неруи барқ ва 50 кг коогулят сарф мешавад. Акнун худ қазоват намоед, ки агар дар ҳудуди ҷумҳурӣ миқдори ин ҷумакҳои беназорат аз 10 ҳазор зиёд бошад, дар як сол он қадар маблағ сарф мешавад, ки ба он се неругоҳи ҳар кадомашон дорои иқтидори 500 кВт/соат бунёд кардан мумкин аст.
Аз ин рў, дар байни омма бахусус ҷавонон ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ доир ба истифодаи дурусти оби тоза бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ зарур мебошад.
 
Г. Раҳмихудоев,
профессори кафедраи
физиологияи растаниҳо ва
биотехналогия                                                         

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj