Одоби салом

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки обрўву нуфуз ва қимати шахсро баланд мебардорад, гуфтани салом ба хурду бузург ва риояи одоби он мебошад. Салом беҳтарин рукни маърифати инсонӣ ба ҳисоб меравад. Салом аз арзишҳои маънавӣ ва фарҳангие мебошад, ки аз аввал то ба охири умр ҳамчун ҳусни инсон боқӣ мемонад. Яке аз аввалин шартҳои тарбияи инсон ҳам омўзиши одоби салом аст. Баъзан дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад, ки марду зани калонсоли деҳотӣ ба ҳамсинну соли худ, сарфи назар аз он ки онҳоро мешиносанд ё не, салом дода мегузаранд. Ин расми хуби мардуми тоҷик аст. Вале боз ба назар мерасад, ки дар бештари маврид дар мактаб, донишгоҳҳо, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар баъзе хонаводаҳо одоби салом гуфтан риоя намешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин амали нек дар муҳити оила ба фарзандон омўхта нашудааст. 

Боре муаллимаи забони адабии ҳозираи тоҷикамон як ҳодисаи аз сар гузаронидаашонро ба мо ҳикоя карданд: “Боре ҳамроҳи духтарчаам ба дидорбинии падару модарам ба маҳаллаи дигари шаҳр рафтем. Дар роҳ бо пиразане вохўрдем, ки баробари бо мо рўбарў шудан ман ба он кас салом додам ва ҷавоби саломамро гирифтам. Баъд аз гузашта рафтани пиразан духтарам кунҷковона аз ман пурсид: - Модарҷон, ин зан хешатон-мӣ? – Не, - гуфтам ман. – Ҳамсояи бибиам? – Не. – Ҳамкоратон? – Не, охир. – Пас, чаро ба он кас салом додед? – пурсиданро давом медод духтарам. Ниҳоят гуфтам: - Духтарам, одам ба шахси калонсол бояд салом диҳад. Ин одати хуби мардуми мост. Шумо ҳам ба ягон одами аз худатон калом салом диҳед, аз як тараф, ў хурсанд мешавад, аз тарафи дигар, ин амал зинати одоби инсон аст.” 

Дар баъзе ҳолатҳо ҷавонон ба роҳгузарон ба ҷойи боодобона салом гуфтан писханд мезананд ва касе аз ин парвое надорад. Ҷавонону наврасон худро ниҳоят озод гирифта, ба салом додан ҳатто хушашон намеояд. Дар маҳалҳо, чойхонаҳо ва ҷамоатҳо ин масъала баррасӣ намешавад ва ин камбудиро ҳамагон ба сари мактаб ва омўзгор ҳавола мекунанд, ки нодуруст аст. Тарбия аз хонавода шурўъ мешавад. Аз хонавода сар карда то ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷое, ки ҷавонону наврасон ҷамъ мешаванд, бояд ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. 

Салом, пеш аз ҳама, инсонро хушхулқу боодоб, ботамизу бофаросат, дилҷўву дидадаро, пурмеҳру нармгуфтор месозад. Муҳим ин аст, ки вақте ҷавонону наврасон салому алайк мекунанд, меҳру муҳаббат, дўстию рафоқати онҳо ба ҳамдигар самимитар гардида, якдигарро ба худ наздиктар менамоянд. Агар байни ҷавонону наврасон ва дигар шахсон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маҳалҳо, кўчаҳо, деҳаҳо тарзи салому алайк расм шавад, умедворем, муҳити ҷомеаамон боз фарҳангитар шуда, ин расми хуби тоҷикон ҳифз мегардад.

Парвиз Асадуллоев, 

донишҷўи курси 2, факултети журналистика, 

ихтисоси рўзноманигори байналмилалӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj