Оид ба зарурати истихроҷи талошии (мардумии) резатиллои Тоҷикистон

Мардуми тоҷик дар истихроҷу истифодабарии сарватҳои маъдании минералӣ низ ҳунарманду маҳоратманд будаанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ эҳёи онҳо ба манфиати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар тақозои замон мебошад.
Тилло ва истихроҷи он дар Тоҷикистон аз қадимулайём маълум аст. Беҳуда нест, ки яке аз дарёҳои калони диёр номи Зарафшонро гирифтааст. Оид ба истихроҷи тилло ҷойгоҳҳои коркардҳои қадимаи талошӣ (мардумӣ) дар минтақаҳои Дарвоз, Помир, Тоҷикистони Марказию  Қарамазор  шаҳодат  медиҳанд. Тадқиқоти охирин нишон медиҳад, ки истихроҷи тилло дар  Бохтару Суғд ҳанўз ду ҳазор сол қабл ба роҳ монда шуда буд. Дар осори илмии олими забардасти Осиёи Миёна Абурайҳон Берунӣ маълумот дода шудааст, ки дар дараи кўҳистони Рашти Тоҷикистон тиллои холиси вазнаш 32,43 кг ёфт шудааст.
Конҳои резатиллои Тоҷикистон  дорои файзнокии баланд ва захираҳои калон буда, аз қадимулайём диққати таҳқиқотгарон ва тоҷиронро ба худ ҷалб намудаанд. Мутаасифона манбаи аввалаи резатилло дар Дарвози Ғарбӣ то ҳанўз пурра ва яктарафа муайян карда нашудааст ва то имрўз мавриди омўзишу таҳқиқ  қарор  дорад.
Дар даҳсолаҳои охир саноати истихроҷи тилло таваҷҷуҳи зиёдро ба конҳои резатилло дода  истодааст. Пешравиҳои калон дар истихроҷи конҳои ин намуди тилло истифодаи саноатии онро ҳамчун аввалиндараҷа муайян менамоянд. Бо назардошти ҷойгиршавии наздисатҳизаминӣ ва истихроҷи нисбатан осон, мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ба истифодаи саноатии онҳо низ беш аз пеш зиёд шуда истодааст. Ба замми ин, чунин нишондиҳандаҳо ба мисли миқдори нисбатан пасти тилло (0,2-1,0 г/т), бартарии хурдзарраи (чангмонанди) тиллои ин гуна конҳо низ аз  нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок мебошад.
Дар Тоҷикистон истифодаи самараноки резатиллоро дар конҳои Дарвоз, Сангвор, Йол, Сариғор, Сабах, Себи Қопа ва ғайраҳо мисол овардан мумкин аст. Аз таҷрибаи корҳо муайян карда шудааст, ки арзиши аслии истихроҷи 1г  тилло дар ин конҳо тақрибан ба 20 доллар рост меояд, вале ҳангоми истихроҷи зеризаминӣ бошад, ин рақам 1,5-2,0 маротиб зиёд мебошад.
Дар замони ҳозира, таъминоти давлатии моддӣ-техникӣ ва молиявии корҳои ҷустуҷўию иктишофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шуравӣ бо мушкилоти зиёд  рў ба рў мебошанд. Ҳаҷми корҳои корхонаҳои ҳамрадифи тавлид ва таъминкунандаи таҷҳизоти техникӣ, қисмҳои эҳтиётию маводҳои сўзишворӣ кам гашта истодааст, мутаносибан бекорӣ ҳам, алалхусус байни ҷавонон, ташвишовар мебошад. Яке аз мушкилотҳои асосӣ дар ин раванд ташкили номукаммали идора ва ҳавасмандкунӣ дар соҳаи геология дар шароити кунунии системаи бозаргонӣ мебошад. Миёни маҳсулоти истеҳсолоти кўҳӣ-маъданӣ тилло ҳамчун асоси қудратмандии иқтисодии давлат, воситаи асосии пардохти асъорӣ барои хариди молу таҷҳизоти воридотӣ мебошад, ки имрўз Тоҷикистон ба онҳо зарурати беш аз пеш дорад. Ба замми ин қимати тилло, ҳамчун асъори металлӣ, дар шароити имрўзаи системаи бозаргонӣ на ин ки устувор боқӣ мемонад, балки бемайлон меафзояд, ки шаҳодати ин ҳамасола афзоиши нархи ҷаҳонии тилло мебошад.
Ташкили саноати пуриқтидор оид ба истихроҷи тилло дар шароити кунунии иқтисодии ҷумҳурӣ, бе ҷалби сармояи хориҷӣ корест мушкил. Амалия нишон медиҳад, ки маблағгузории хориҷии корхонаҳои пуриқтидори истеҳсолии кўҳӣ, аз ҷумла оид ба истихроҷи тилло, на ҳама вақт натиҷаҳои дилхоҳро ба бор меоваранд, ки мисоли ин фаъолияти ғайриқаноатбахши комбинати маъдани тиллои Зарафшон дар ноҳияи Панҷакент мебошад, ки имрўзҳо таносуби  даромади соф аз он 75/25 ба фоидаи маблағгузори хориҷӣ мебошад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки яке аз роҳҳои афзун гардонидани истихроҷи тилло ба фоидаи давлат эҳёи артелҳои истихроҷи талошии (мардумии) тилло мебошад, ки дар даврони Шуравӣ маъмулу машҳур буданд (старательские артели). Дар заминаи истифодабарии фишангҳои  нави иқтисодӣ ташкил, идора, ҳавасмандгардонӣ, инчунин, истифодаи таҷрибаи кори истихроҷи талошии солҳои 30-юми замони Шуравӣ, ба мақсад хеле мувофиқ аст. Чунин раванди кор дастгирии давлатиро талаб мекунад, яъне озодкунӣ аз андозу боҷу хироҷ ва муайянкунии шароиту имтиёзҳои дигари ҳавасмардгардонӣ шарти зарурӣ мебошад. Зимнан бояд қайд кард, ки ташкили чунин раванди кор боиси дар муҳлати ҳамагӣ 4 сол (с.1933-1936) ҳаҷми истеҳсоли тилло 4-4,5 маротиба,  бе маблағгузории давлатӣ афзун гардид. Ба замми ин барои кушодани конҳои нави резатилло ва таҷрибаи пешқадами кори талошгарҳои мардумӣ мукофотпулиҳо низ амалӣ гардонида мешуданд, ки боиси боз ҳам баландшавии дараҷаи ҳавасмадкунӣ гардид.
Тоҷикистон дорои захираҳои калони резатиллои воқеъ дар таҳшиниҳои қадима ва ҷавони дарёҳои кўҳии ҳамаи минтақаҳои физикӣ-географӣ мебошад. Аз ин рў, эҳё ва ташкили истихроҷи талошии резатилло дар кишвар на фақат баҳри рушди иқтисодии давлат, балки барои муҳайёнамоии ҷойҳои нави корӣ ва пасткунии шиддатнокии иҷтимоӣ аз бекорӣ ва камбизоатӣ тақозои замон мебошад.
Тибқи таҷрибаи кори талошгарҳо (старателҳо)-и давраи Шўравӣ ҳангоми ташкили кори онҳо дастгирии давлатӣ муҳимму дар мадди аввал аст, алалхусус, иҷозатномадиҳии сода, озодкунӣ аз андозу боҷу хироҷ, муайянкунии имтиёзҳо, мудохилананамоии мақомоти идоракунии давлатии ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба кори талошгарҳо, муҳайёнкунии максималии озодӣ ба кору фаъолияти онҳо дар тамоми равандҳо. Зарур аст, ки дар минтақаҳо ва маҳалҳои фаъолияти кори талошгарҳо нуқтаҳои  хариди тилло бо нархҳои  муқарраршудаи  ҷаҳонӣ  ташкил  намуд.
Тилло, чи хеле ки маълум аст, ба миқдори саноатӣ дар ду ҳолат ба вуҷуд меояд-аслӣ (решагӣ) ва резагӣ (нарма). Марҳилаи ниҳоии тағйиротҳои рўйизаминии конҳои аслии (решагии) тилло –вайроншавӣ (бодхўрдашавӣ) ва мубаддалшавии онҳо ба таҳшиниҳои нарма мебошад. Маҳсулоти  ингуна  вайроншавиҳои тиллодор ба воситаи обҳои равони рўйизамини шустабурдашуда таҳшиниҳои тиллодори дарёиро (аллювиалиро) ба вуҷуд меорад. Миқдори саноатии тилло  имрўз  зиёда аз 1.5-2 г/т-дар конҳои аслии тилло ва конҳои резатиллоӣ бошад ба ҳисоби миёна 200 мг/м3 мебошад. Тозагии тилло (пробность) дар конҳои резагӣ нисбат ба конҳои аслӣ баланд буда, ба 650-980 баробар мебошад.
Барои истихроҷи конҳои аслӣ маблағгузории калон барои гузаронидани ковишҳои вазнини кўҳӣ, боркашонӣ, майдакунӣ, ғанигардонии гравитатсионӣ ва кимиёии тилло лозим меояд. Дар конҳои резатилло бошад, ҳамаи ин амалро табиат худаш ба иҷро расонидааст ва масрафҳо дар онҳо барои истеҳсоли тилло даҳчанд камтар мебошад. Ба замми ин, қабати хокӣ  дар  мавзеъҳои  истихроҷи резатилло қариб, ки вайрон намешавад, яъне ба вазъи экологӣ таъсири калони манфӣ расонида намешавад, ки ин ҳам яке аз бартариҳои калони истихроҷи  талошӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки шустушўи тилло дар ин амал дар марҳилаи камоб иҷро карда мешавад, ки дар ин ҳангом сатҳи об паст рафта, қисматҳои чуқуртари дарёҳо намудор мешаванд ва ин ҳолат маҳакгирию истихроҷи мавзеъҳои гуногуни ғуншавии металлҳои вазнин, аз ҷумла  тиллоро ҳам фароҳам меоварад. Диққати махсус дар ин ҷо ба қисмати плотикии (пойгоҳи) таҳшиниҳои дарё дода мешавад, ки  ғункунандаи асосии тилло мебошанд.
 Ҳамаи асосҳои воқеӣ мавҷуд  ҳастанд, ки эҳёю ташакулли истихроҷи  тилло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи ташкили артелҳои истихроҷи талошии тилло, бо назардошти дастгирии давлатӣ ва ҳавасмадкунии фаъолияти онҳо боиси афзуншавии чандкаратаи истихроҷи тилло, ғанигардии буҷаи молиявии давлат, беҳдошти шуғл ва вазъи иқтисодию  иҷтимоии аҳолӣ мегардад.
 
Ҷивоншо Фозилов, 
Бахшидод Алидодов, 
Мунисаи Мирзомамад
 
 
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj