Олими варзида ва тарбиятгари ҷавонон

Профессор Шерматов Нурмаҳмад 17-уми январи соли 1947 дар шаҳри бостонии Истаравшан дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Муҳаббати беандоза ва  бепоёнаш нисбат ба фанни математика-шоҳи фанҳо Нурмаҳмади наврасро баъди хатми мактаби миёна соли 1964 ба факултети физикаю математика (аз соли 1965 механикаю математикаи)-и ДДТ ба номи В.И. Ленин овард. Ҷавони пурлаёқат ва пурғайрат бо кўшишу заҳматҳои худ ин махзани илму адабро бо дипломи аъло хатм кардаанд.

Ҳамчун хатмкардаи фаъоли донишгоҳ Шерматов Нурмаҳмадро ба вазифаи математик-барномасоз ба лабораторияи математикаи ҳисоббарорӣ донишгоҳ роҳхат медиҳанд. Дар як муддати кутоҳ кўшишу ғайрат ва меҳнатдўстии ўро ба назар гирифта, солҳои 1971-1972 роҳбарии гурўҳи барномасозии лабораторияи математикаи ҳисоббарориро ба уҳдаи ў гузоштанд. Барои тадрис ва таҳқиқи рисолаи илмӣ ба шоҳроҳи илм қадамҳои худро гузошта, аз соли 1972 то 1975 дар аспирантураи ДДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил карда, зери роҳбарии олими машҳури Иттиҳоди Шўравӣ, профессор Хованский Г.С. рисолаи номзадӣ навишта, соли 1979 онро бо муваффақият дар Институти кибернетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳимоя мекунад.

Фаъолияти меҳнатии самаранок ва заҳматҳои шабонарўзи устод Шерматовро ба инобат гирифта, соли 1988 Шўрои олимони донишгоҳ ўро ба вазифаи мудири кафедраи математикаи амалӣ интихоб мекунад ва устод то соли 2001 сарбаландона ифои вазифа менамояд. Саҳми ў дар рушди кафедра назаррас аст. Масалан, дар ин давра устодони кафедра дар факултетҳои равияи иқтисодӣ дошта, геология ва физика аз назарияи эҳтимолият ва статистикаи математикӣ дарс мегузаштанд. Дар факултети механикаю математика аз фанҳои назарияи  эҳтимолият ва статистикаи математикӣ, курсҳои махсус, бобҳои иловагии илмҳои табиатшиносӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ дарсҳои лексионию амалӣ мегузаштанд. 

Дар ҷараёни фаъоляти пурмаҳсули таълимӣ профессор Шерматов Н. раванди илмӣ-тадқиқотиро давом медиҳанд. Иштирок ва маъруза дар симпозиумҳо ва конференсияҳои бонуфузи байналмилалӣ дар Барселона (Испания, 2004), Талахасси (штати Флорида, ИМА, 2007), Теҳрон (2007), Алмаато(Қазоқистон, 2008) ва чанде дигар анҷуманҳо баромад намуда, илми риёзии тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Шерматов Н. аз соли 2001 то 2007 дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика буданд. Дар баробари ин бо корҳои илмӣ пурмаҳсул машғул шуда, соли 2004 рисолаи доктории худро ҳимоя намуданд. Солҳои 2007-2008 дар вазифаи профессори кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика кор карда, аз соли 2008 то соли 2012 мудири икафедраро ба уҳда доштанд. Аз соли 2012 то ин ҷониб профессори кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика мебошанд ва кўшишу ғайрати худро барои дар дараҷаи зарурӣ нигоҳ доштани фаъолияти кафедра дареғ намедоранд.

Равиши кори илмии устод Шерматов Н. бевосита ба татбиқи методҳои математикӣ дар масъалаҳои гуногуни соҳа  нигаронида шудааст. Устод муаллифи беш аз 140 мақолаи илмӣ буда, дар таълифи чор китоби дарсӣ иштирок дошта, зиёда аз даҳ васоити таълимӣ ва дастури методӣ навишта, шаш шаҳодатномаи ихтироъ доранд. Дар зери роҳбарии профессор Шерматов Н. ду унвонҷў рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Меҳнати самараноки бисёрсолаи устод Шерматов Н. аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф дараҷаи II» (2004) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқ» (1998) қадрдонӣ карда шудааст.

Устод Шерматов Н. ҳафтаи дуюми моҳи аввали соли 2017 ба синни мубораки 70 мерасанд. Аҳли факултети механикаю математика, аз ҷумла аҳли кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика устод Шерматов Нурмаҳмадро, ки яке аз поягузорони ин кафедра мебошанд, бо ин синни муборак аз самими қалб табрик гуфта, ба устод саломатӣ ва тамоми хушиҳои рўзгорро таманно доранд.

 

Р.Н.Одинаев, 

декани факултети механикаю

 математика, дотсент                                    

Р.И. Садуллоев, 

мудири кафедраи математикаи

 ҳисоббарорӣ ва механика, 

дотсент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj