Олими шинохта дар илми математика

Дар тамоми давру замон ҳар халқу миллатро тавассути мардони бономусу донишманд ва соҳибилму бофазлаш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Миллати фарҳангдўсти мо низ бо як қатор фарзандони фарзонааш, олимону адибон, шоирону рассомон, наққошону оҳангсозон ифтихор дорад, ки онҳо ҳамчун ситораҳои дурахшон дунёи маънавии халқи тоҷикро ҷило дода, оламиёнро аз нуру хирад, ақлу заковат ва донишу маърифаташон мунаввар мегардонанд. Ҳар давру замон боз фарзандони фарзонаи миллат пайдо мешаванд, ки барои идома додани корҳои аҷдодонашон ҷоннисориҳо менамоянд. Яке аз донишмандони соҳаи илмҳои математикӣ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Сафаров Ҷумъахон Холович мебошанд, ки бештар аз 50 сол дар тайёр кардани мутахассисон ва ҳалли масоили мубрами математикӣ муваффақиятҳои намоёнро ноил гардидааст.

Санаи вилодати Сафаров Ҷ.Х. 20-уми январи соли 1944, дар яке аз гўшаҳои зебоманзари диёрамон деҳаи Сафедбанди ноҳияи Муминобод дар оилаи шахсияти таърихӣ Хол Сафаров (Хол-командир) мебошад. Хол Сафаров аз шахсони маърифатпарвару фарҳангдўст буда, дар камолёбии намояндагони илму фарҳанги тоҷик саҳми босазо дорад. Ҷумъахон Сафаров аз синни хурдӣ мекўшид, ки ба номи падари худ сазовор бошад. Чаҳду талоши ў дар ин ҷода барабас нарафт ва ў фарзанди арзандаи волидайн шуд.

Сафаров Ҷ.Х. пас аз бо медали тилло хатм намудани мактаби миёнаи №20 ноҳияи Восеъ, соли 1962 ба факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1967 бомуваффақият хатм менамояд. Баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти кории худро дар шуъбаи математика ва маркази ҳисоби Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оғоз менамояд. Солҳои 1967-1968 Сафаров Ҷ.Х. аввал лаборанти калони сектори барномасозии Институти физикию техникии АИ ҶТ ва аз соли 1968 то соли 1969 ба ҳайси ходими хурди илмии сектори муодилаҳои дифференсиалии ҳамин институт шуда кор мекунад. Соли 1969 ба тариқи озмун ба Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Кўлоб ба ҳайси муаллими калон ба кор меравад.

Соли 1971 Сафаров Ҷ.Х. ба аспирантураи назди Академияи илмҳои Тоҷикистон дохил шуда, таҳти роҳбарии академик Ҷўраев А.Ҷ. ба таҳқиқу пажўҳиш машғул мешавад. Соли 1979 рисолаи номзадии худро дар Шўрои махсуси илмии Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Ўзбекистон дифоъ менамояд.  Мавриди қайд аст, ки баъди солҳои 70 – уми асри ХХ Сафаров Ҷ.Х. бо олимони намоёни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳамкории пурсамари илмиро ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, иртиботи олим бо профессори Донишгоҳи шаҳри Новосибирск А.Янушаускас натиҷаҳои пурсамари илмиро боис гардид. Дар ин миён робитаи устувору пайвастаи Сафаров Ҷ.Х. бо профессор А.Янушаускас барои шогирдони ў, ки дар кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии омўзгории Кўлоб ба таҳқиқ машғул буданд, имконоти басо мувофиқро фароҳам овард. То он вақт дар кафедраи мазкур танҳо Сафаров Ҷ.Х. дараҷаи илмии номзадиро дошт. Ташаббуси Сафаров Ҷ.Х. муҳаққиқони ҷавонро барои дифои рисолаҳои номзадӣ ҳидоят намуд ва онҳо бо дастгирии профессор А.Янушаускас соҳиби унвони дараҷаи илмӣ гардиданд. Ҳамин гуна базаи илмии кафедра қавӣ ва мавқеи он дар донишгоҳ хеле назаррас гардид. Баробари ин муҳақиқ худ низ бо роҳнамоиву ҳидояти академик А.Ҷўраев ва машварату ҳамдастии профессор А.Янушаускас ба таҳқиқу таҳлили амиқу густурдаи масъалаи нисбатан ҳалталаби илми математика – системаи муодилаҳои ғайриклассикии бисёрченака машғул гардид. Дар натиҷа олим тавонист, на фақат мавҷудияти ҳалҳои системаҳоро нишон диҳад, балки формулаҳои конструктивии мушаххасро муқаррар намояд, ки онҳо ҳалли саҳеҳи масъалаҳои бамиёнгузошташударо нишон медиҳанд. Маҳз ҳамин масъалаҳои муҳим ва арзишманд асоси рисолаи доктории олимро фарогир шуданд. Муҳаққиқ рисолаи доктории худро дар Шўрои махсуси илмии диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Новосибирск, бо машварати илмии академик М.М.Лаврентев соли 1996 бомуваффақият дифоъ намуд. Соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ гардид. 

Сафаров Ҷумъахон Холович дар баробари бомуваффақият пеш бурдани корҳои илмиву тадқиқотӣ ва бунёдиву амалӣ, инчунин, ҳамчун мудири кафедраҳои математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ (солҳои 1975-1981), таҳлили математикӣ (солҳои 1981-1991)-и Донишгоҳи давлатии омўзгории Кўлоб, математика ва информатикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (солҳои 1997-2001) ва математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2001-2005, 2007-2011) ва ташкилотчии намоёни соҳаи маълумоти олӣ буданд. Ҳангоми декани факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Кўлоб (солҳои 1991-1997), проректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (солҳои 1997-2001) ва проректори аввали Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) фаъолият карданашон барои болоравӣ ва рушду камолоти илму фан, маърифатнокии мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудаанд.

Профессор Сафаров Ҷ.Х. тарғибгари илму дониш ба ҳисоб рафта, илми математикаи ҷумҳуриро барои ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Нашри монографияҳо бо номҳои «Системаҳои бисёрченакаи ғайриклассикии муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» (бо забони русӣ, Душанбе, 1996)  ва «Системаҳои ғайриклассикии муодилаҳо» (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, Душанбе, 2008), китобҳои дарсӣ «Муодилаҳои интегралӣ» (1985), «Асосҳои математикаи олӣ» (2010), якчанд дастурҳои таълимӣ, инчунин, бештар аз 100 номгўи мақолаҳо дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ гувоҳи онанд, ки профессор Сафаров Ҷ.Х. олими борикбин ва нуктасанҷ аст. 

Профессор Сафаров Ҷ.Х. дар бузургтарин симпозиуму конгрессҳо ва анҷуманҳои математикони ҷаҳон, дар Берлин (1998, 2001), Стокголм (2001),  Фукуокаи Япония (1999), Иркутск (2000), Новосибирск (2002), Маскав (2004, 2009), Уфа ва Налчик (2013) ширкат ва суханронӣ намудааст. Ў дар маърузаҳои илмиаш аз бозёфту пешрафтҳои тозаи илми математикаи тоҷик навид дода, шуҳрати диёрро афзун намудааст. Мавсуф соли 2001 барои иҷрои барномаи муштараки илмӣ бо мукофоти (гранти) Академияи илмҳои шоҳии Шветсия сарфароз гардидааст. Ў солҳои тўлонӣ аъзои Шўрои илмию техникии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ (1985-1991),  сармуҳаррири Маҷмўаи осори илмии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1997-2001),  Раиси сексияи математикаи комиссияи назди Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба чопи васоит ва китобҳои таълимӣ (1999-2002), котиби илмии Шўрои диссертатсионии ДДМТ оид ба дифои рисолаҳои докторӣ (1998-2001), раиси Шўрои диссертатсионии ДДМТ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ (солҳои 2003-2007), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Пайёми ДМТ» (2001-2005), аъзои Кумитаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи  Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ (2001-2007), аъзои Шўрои диссертатсионии Институти математикаи АИ ҶТ оид  ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин, аъзои Шўрои илмии методии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Аврупо ва Осиё буданд.

Профессор Сафаров Ҷ.Х. барои хизматҳову заҳматҳои дар роҳи пурфарози илм ва таълим кашидааш бо чандин ифтихорнома ва мукофотҳои давлатӣ қадр карда шудааст, аз ҷумла: “Аълочии мактабҳои олии ИҶШС” (1986); “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2002), “Корманди шоистаи  Тоҷикистон” (2002 ). 

Аз соли 2012 профессор Сафаров Ҷ.Х. фаъолияти илмии худро дар Институти илмӣ-татқиқотии ДМТ ҳамчун роҳбари гурўҳи илмӣ, сарходими илмӣ ва фаъолияти педагогиашро дар кафедраи математикаи олӣ пеш мебурданд. Бо роҳбарии бевоситаи ў як рисолаи докторӣ ва се рисолаи номзадӣ таёр карда шудаанд. 

Профессор Сафаров Ҷ.Х. дар айни камолоти эҷодӣ буданд ва нақшаву орзуҳои зиёде дар пеш доштанд. Мутаассифона, марги нобаҳангом якуми январи соли 2017 иҷроиши онҳоро имкон надод. Боварӣ дорем, ки онҳо аз ҷониби шогирдону пайравони мактаби илмии Устоди зиндаёд Сафаров Ҷумъахон Холович амалӣ мегарданд. Ёдат ба хайр, хонаи охаиратат обод бод, устоди азиз!

 

   С.Ҳ. Зокиров,

 мудири кафедраи математикаи олӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj