Олими шинохта, устоди барҷаста ва инсони бузург

Инсон дар зиндагӣ кўшиш менамояд, ки бо ҳар роҳу усул дар дафтари хотираҳо нақш бандад ва маҳбуби ҳамагон гардад. Яке ҳамчун сиёсатмадор, дигаре тавассути фаъолияти аъло дар соҳаҳои гуногун ва сеюмин бошад, ҳамчун олим ва роҳбар ба қалбҳо ҷой шуда, дар хотир боқӣ мемонад. Ин гуфтаҳо ба ҳаёту фаъолияти академики илмҳои  кишоварзии Тоҷикистон, академики академияи мактабҳои олии  байналмилалӣ, академики илмҳои тиббӣ ва техникии федератсияи  Россия, Арбоби илм ва техникаи ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии  маорифи Иттиҳоди Шўравӣ ва ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои  биология профессор Ҳабиб Муродович Сафаров тааллуқ дорад. 

Эшон 20 – уми  июни соли 1937 дар ноҳияи Ховалинг чашм ба олами ҳастӣ кушода, маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1956 ба шуъбаи  биологияи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил  мешавад ва ин факултетро бо баҳои аъло хатм менамояд. Соли 1962 пас аз хатми донишгоҳ ўро ба кафедраи физиологияи одам ва  ҳайвонот ба кор қабул мекунанд. Соли 1964 ин ҷавони пухтакор, нуктасанҷ ва  меҳнатдўст ҳамчун аспиранти кафедра ба таҳлили физиологияи  рафтори хазандагон  машѓул шуд.

Устод Ҳ.М. Сафаров аз соли 1962 дар Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон дар вазифаҳои лаборант, ассистент, муаллими калон,  дотсент, профессор фаъолият кардаанд. Дар баробари корҳои илмию педагогӣ Ҳабиб Муродович Сафаров  дар корҳои ҷамъиятӣ низ ширкат меварзиданд. Устод солҳои 1972-1976 ҷонишинии декани факултети биология, солҳои 1977-1994 декании факултети мазкур ва солҳои 1992-2006 мудирии кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонотро ба уҳда доштанд. 

Профессор Ҳабиб Муродович Сафаров аз соли 1995 то 2001 ректор ва раиси Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Академик Ҳ.М. Сафаров яке аз роҳбарони боистеъдоди мактабҳои олӣ, ҳаётшиноси машҳури муосири тоҷик ва яке аз заминагузорони илми физиологияи одам ва ҳайвонот дар Тоҷикистон буд. Ў пайрав ва шогирди бевоситаи ҳаётшиносони маъруф – академик А.И. Карамян ва профессор Э.Ш. Айрапетянс буда, ҳангоми таҳсил ва машѓулиятҳои таълимию илмӣ аз олимон - академикҳо: Е.М. Крепс, Г.А. Вартанян, В.А. Говирин, А.Д. Бокунтс, В.Ю. Наточин, В.А. Свидерский,  муҳаққиқон А.С. Батуев, Н.А. Зубков, А.Ш. Шукуров, В. Григорев, Н.И. Иванченко, А.В. Лопатин, Б.П. Токин, А.А. Моисеев, С. Шалита,  ки давомдиҳандагони анъанаҳои мактаби классики табиатшиносони рус ва шўравӣ буданд, сабақҳои муфиди корӣ ва илмию тадкиқотӣ   гирифтааст.

Ҳ.М. Сафаров соли 1971 таҳти роҳбарии профессор Э.Ш. Айрапетянс дар мавзўи «Маводҳо доир ба таҳлили физиологияи  рафтори хазандагон» рисолаи номзадӣ ва соли 1983 таҳти машварати  академик А.И. Карамян дар мавзўи «Таҳлили муқоисавӣ-физиологии  фаъолияти олии асаби хазандагон» рисолаи доктории худро дифоъ  намуд, ки  ин корҳои илмӣ  аз  тарафи олимони  шўравӣ - академик Е.М.Крепс, Н.П. Бехтерева, В.А. Говирин, А.Д. Бокунтс, М.М. Хананашвили, В.Л. Свидерский  ва  дигарон  баҳои  баланд  гирифтаанд.

Ҳ.М. Сафаров усулҳои нави омўзиши анализаторҳои босира, ломиса ва шоммаи хазандагонро кор карда баромада, алоқамандии қисмҳои вегетативии системаи асаб, вазифаи маѓзи  пешро ошкор сохт. Омўзиши муқоисавии физиологияи фаъолияти олии асабро дар хазандагон дида баромада, вазифаи системаи асаби марказӣ  дар рефлексҳои шартӣ, хусусиятҳои рафтори хазандагон ва ширхўрҳоро  аниқ сохт. Устод бори аввал исбот намуд, ки муҳимтарин анализатор  дар хазандагон ин босира мебошад ва баъд ломисаву шомма ба ҳисоб  меравад.

Академик  Е.М. Крепс дар вақти ҳимояи рисолаи доктории  Ҳ.М. Сафаров баромад намуда, чунин гуфтааст: - «Акнун ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар Тоҷикистон маркази омўзиши эволютсияи системаи асаби хазандаҳо бо роҳбарии Ҳабиб Муродович кушода мешавад ва ман пеш аз ҳама бо ин олим ҳамкорӣ хоҳам кард». 

Таълифоти профессор Ҳ.М. Сафаров хело бисёранд. Мавсуфро метавон яке аз пурмаҳсултарин физиологҳои даврони шўравӣ ва тоҷик номид. Ба қалами ў зиёда аз 170 номгўи асари илмӣ, илмӣ – оммавӣ, китобу дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои гуногунҳаҷм мансубанд. Асарҳои  Ҳ.М. Сафаров «Омўзиши эволютсияи рефлексҳои шартӣ», «Масъалаҳои физиологияи системаи сенсорӣ», «Экология ва  физиологияи олии асаб дар дарандагон», «Хобу  хобравӣ ва фаъолияти  рефлексҳои  шартӣ» ва ѓайра дар илми ҳаётшиносии тоҷик мақоми  баланд доранд.

Профессор Ҳ.М. Сафаров муаллиф ва муҳаррири фаслҳои  алоҳида, бобҳо, зербобҳои як силсила асарҳои дастҷамъонаи илмию  таълимии байналмилалӣ ва ватанӣ: «Эволютсияи муқоисавии фаъолияти олии асаби одам ва ҳайвонот» (Москва, 1988), «Биологияи анализатори ҳаракат» (Ленинград, 1984), «Биологияи хазандагон» (ИМА  ва Англия) – ба забони англисӣ, «Таъсири омилҳои гуногун дар сохтор  ва функсияи организмҳои ҳайвонот» (Душанбе, 1984) ва яке аз  муаллифони  фаъоли  маҷаллаи  соҳавии умумииттифоқии «Биохомия ва физиология» ва «Ахбори АИ Тоҷикистон» мебошад.

Дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, ки профессор  Ҳ.М. Сафаров сарварӣ мекард, аз рўи масъалаҳои гуногуни илми биология як  силсила курсҳои амалию назариявӣ дар  шакли курсҳо бо машваратҳои  махсус ва гузаронидани таҷрибаҳои мушоҳидашавии озмоишӣ таҳия  карда шудааст. Кафедра роҳҳо ва усулҳои иртиботи мутақобилаи  судмандро бо Пажўҳишгоҳҳои соҳавии АИ ИҶШС ва Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, бо марказҳои иқтидорманди илмӣ -таълимии мамлакатҳои ѓарб:  Булѓория, Венгрия, Италия, Полша, РФГ, Чехия, Шветсия пайдо кардааст. Бо даъвати мудири кафедра аз  Пажўҳишгоҳи физиологияи эволютсионӣ ва биохимия, Институти  ситологияи АИ ИҶШС, Донишгоҳи давлатии Москва ва Санкт -Петербург муаллимону олимони варзида, академик А.И. Карамян, Ю.В. Наточин, профессор М.Б. Белохова, Э.Ш. Айрапетянс, А.С. Батуев, М.Н. Гурузова, И.К. Карманова, Г.А.Куликов, Т.Н. Соллертинская  барои донишҷўёни факултети биология доир ба мавзўъҳои мубрами  илмӣ пайваста курсҳою машваратҳои махсуси назариявӣ хонда, таҷрибаҳои амалӣ - илмӣ гузаронидаанд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши шогирдон Ҳабиб  Муродович Сафаров китобҳои дарсӣ ба монанди китоби «Омўзиши  эволютсияи рефлексҳои шартӣ», соли 1982, ки барои донишҷўён, аспирантон ва устодон китоби рўимизӣ  мебошад ва соли  1988  китоби  ў  доир ба курси махсус «Курси мухтасари физиологияи одам ва  ҳайвонот»-ро аз чоп баровард, ки донишҷўён дер боз интизори он  буданд. 

Дар  тўли  фаъолияти илмию омўзгорӣ профессор Ҳ.М. Сафаров  тавонист мактаби хосаи ҳаётшиносии худро ташкил диҳад. Бо роҳбарии  ў  диссертатсияҳои докторӣ ва аспирании зиёде дифоъ  шудааст. 

Профессор  Ҳ.М. Сафаров дар зиёда аз 40 конгрессу конференсия, анҷуману семинар, машварату симпозиумҳои ҷаҳонӣ, умумииттифоқӣ  ва ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳои пурмуҳтавои илмии худ баромад кардаааст. Академик Ҳабиб Муродович Сафаров дар куҷое, ки баромад  мекард, хоҳ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, хоҳ дар Федератсияи  Россия, Эрону Олмон дар баробари ҳаматарафа таҳлил намудани  масъалаҳои мубрами илмӣ ҳамчун ватандўст, маорифпарвар ва устод ба  тайёр  намудани кадрҳои баландихтисос ва сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ  диққати махсус медод.

Профессор  Ҳ.М. Сафаров дар кори шўроҳои гуногуни илмии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзид. Ў узви раёсат ва  шўрои махсусгардонидашуда оид ба дифои рисолаҳои докторӣ аз  илмҳои биология ва генетикаи назди Академияи илмҳои кишоварзии  Тоҷикистон ва раиси Шўрои  махсусгардонидашуда доир ба дифои  рисолаҳои номзадӣ аз илмҳои физиологияи одам ва ҳайвоноти назди  донишгоҳ буд. 

Профессор  Ҳ.М. Сафаров ба сифати роҳбари кордону пухтакор ва  серталаб дар ҷорӣ намудани системаи чандзинагии таълим, татбиқи  консепсияи миллии таълим, баҳри ободонӣ ва муҷаҳҳаз гардонидан ва  ниҳоят барои мақоми миллӣ гирифтани Донишгоҳи давлатии миллии  Тоҷикистон саъю кўшиш намуда, дар боби ѓанӣ гардонидани маънавиёт  ва рушду камолоти илмӣ - омўзгорӣ, инчунин, дар боби самаранокии  ҷараёни таълим ва тарбияи донишҷўён корҳои назаррасро ба сомон  расонид.

Ҳамин тавр, Ҳ.М. Сафаров дар тўли фаъолияташ баробари пеш  бурдани корҳои роҳбарӣ ва омўзгорӣ, пайваста ба кори илмӣ, таҳлилу  тадқиқи масъалаҳои мубрами физиологияи одам ва ҳайвонот машѓул  буд. Нисбат ба моҳияти асарҳои илмии Ҳабиб Муродович ва шахсияти  эшон дар матбуоти ҷумҳурӣ мақолаҳои зиёде таҳия гардидаанд, ки  мутолиаи онҳо дар ҳақиқат устоди бузург, олими барҷаста, ходими  ҷамъиятӣ, инсони хуб, падари ѓамхор, ҳамсари меҳрубон ва роҳбари  беҳамто будани устодро собит мекунанд.

Кас вақте китоби рўзгорнома, яъне фаъолияти роҳбарӣ ва илмию  омўзгории профессор Ҳабиб Муродович Сафаровро варақ мегардонад, ба  соҳибистеъдодӣ, ташкилотчигӣ, пуртаҷрибагӣ, накукорӣ ва хоксории ў  қоил мешавад.

Талошҳои академики Академияи байналмилалии илмҳои  мактабҳои олӣ, узви пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзии  Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Ҳабиб Муродович  Сафаров ба баланд бардоштани мақоми Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон шоистаи таҳсин мебошад.

 

Сабти  номи  хештан  дар  санги  хоро  шарт  нест,

Зинда  он  номе, ки  дар  дилҳои   мардум  ҷо  шавад.

 

М.Б.Устоев, доктори илмҳои биология, профессор 

 А.И.Каримов, номзади илмҳои биология, дотсент 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj