Омода намудани афсарони бо нангу номус вазифаи аввалиндараҷаи мост!

Рўзи 23-юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромиву осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъит дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит на онқадар хуб ба чашм мерасид. Хушбахтона имрўз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳо паси сар намуда, ба сўйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тўли 22 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ѓайри имкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад. 
Бояд қайд кард, ки дар рушду пешрафти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани сарбозон нақши Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ назаррас мебошад. Кафедраи ҳарбӣ сохторест, ки дар мувофиқа бо Вазорати Мудофиа ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал менамояд. Дар ин муассиса, шароит аз ҷиҳати техникаву технологияи таълимӣ ва ҳам аз ҷиҳати аслиҳаҳои гуногуни ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст. Омодасозии афсарони эҳтиётӣ дар ин муассиса хуб ба роҳ монда шуда, ҷараёни таълим назорати ҷиддӣ дорад. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло мо суҳбати сарироҳие бо подполковники кафедраи мазкур Амонулло Назиров доштем. 
-Устод, шумо солҳои зиёд аст, ки ба таълим ва омодасозии афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон машѓулед. Бигўед, ки ҳамчун мутахассиси соҳа дастовардҳои 22 солаи фаъолиятро чӣ гуна арзёбӣ менамоед.
-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, то имрўз хеле устувор гаштааст. Он феълан аз се қушун иборат буда, вазифаи аввалиндараҷаи онҳо таъмини амнияти сулҳу субот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҷавон аст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда он ба як қувваи бузург табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳар гуна хатар эмин нигоҳ медорад. 
-Хуб мешуд каме дар бораи таъсисёбии кафедра, вазифа ва барномаҳои таълимии он сухан мегуфтед. 
-Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4-уми августи соли 1965 таъсис ёфта, то имрўз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони эҳтиётии зиёдеро тарбия менамояд. Кафедраи мазкур аз шаш сикл иборат буда, аз руйи чор ихтисос афсаронро омода месозад. Раванди таълим бошад, бевосита аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори донишгоҳ назорат карда мешавад. Дар кафедра дарсҳо аз рўйи барномаи таълимии омоданамудаи Вазорати мудофиаи ҶТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат мегирад, ки дар панҷ нимсолаи таҳсил донишҷўён ба 450 соати дарсӣ фаро гирифта мешаванд. Кормандони кафедра нисбат ба омодасозии афсарони эҳтиётӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дода, пайваста ба донишҷўён дар дарсҳо истифодаи дурусти аслиҳаҳои гуногуни ҳарбиро меомўзонанд. Мо кўшиш менамоем, ки донишҷўёнро дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва содиқ ба Ватан тарбия намоем. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: «Тарбияи кадрҳои худшиносу ватандўст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии кишвар ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад». 
Аз ин лиҳоз, барои дар сатҳи баланд омода намудани афсарон дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони хуби соҳаи мазкур фаъолият намуда, донишҷўёнро барои хидмат дар ҳама гуна сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ сафарбар менамоянд. Воқеан, омода намудани афсарони бонангу номус ва ҳимоятгари марзу буми кишвар вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад. 
Албатта, ин кўшишҳо бе самар нест, хатмкардаҳои кафедраи ҳарбии ДМТ дар тамоми ҷузъу томҳо фаъолият мекунанд. Дар худи кафедраи ҳарбии ДМТ бисёре аз мутахассисон хатмкардаи ҳамин кафедра мебошанд. 
-Таманниёти шумо ба тамоми афсарон ва муҳофизони Ватан дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ. 
-Рўзи Артиши миллиро ба тамоми ҳамкасбон, инчунин, нафароне, ки имрўз барои мудофиаи кишвар дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ адои вазифа менамоянд, табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри бобаракат ва фаъолияти пурсамарро таманно мекунам.
 
Мусоҳиб 
А. Тўраев

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj