Осорномаи Қаҳҳори Расулиён

Ба иттилои дўсторони китоб расонида мешавад, ки ба махзани адаби тоҷик китоби дигаре зери унвони «Осорномаи Қаҳҳори Расулиён» ба нашр расид. Китоби мазкур аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент Фарҳод Қараев мураттаб гашта, фарогири 72 саҳифа мебошад. Чи тавре аз номи китоб бармеояд, он шомили номгўи асарҳои таълифнамудаву таҳиякарда, мақолаву гузоришҳо ва таҳрирҳои Қ.Расулиён буда, дар сафаҳоти аввали он ба ҳаёту фаъолият ва тақдирномаҳову ҷоизаҳои ў ба таври мухтасар ишора рафтааст. 

Воқеан, Қаҳҳори Расулиён аз донишмандони сермаҳсули тоҷик буда, дар риштаи таърих ва рўзноманигорӣ хидматҳои арзандае ба сомон расонидаву расонида истодааст. Дар китоби «Осорномаи Қаҳҳори Расулиён» феҳристи 607 асари  донишманди мазкур гирд оварда шуда, ба «Китобҳои таълифшуда», «Китобҳои таҳияшуда», «Китобҳои дастаҷамъӣ», «Маҷаллаҳо», «Рўзномаҳо» ва ғайра  тақсимбандӣ шудааст, ҳамзамон таъкид бар он шудааст, ки китоб фарогири осори бадеии муаллиф, аз қабили лавҳа, очерк ва шеър намебошад.

Ба боварӣ метавон гуфт, ки  «Осорномаи Қаҳҳори Расулиён» ба олимони ояндаи тоҷик, журналистони варзида, донишҷўён ва устодони соҳаи таърих ва ғайра дар навиштану таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таърихию рўзноманигорӣ кумак менамояд. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj