Панди бузургон

-Дар ин дунё давлати мо ба ҷамъ кардан не, ба хайру саховат  афзун мешавад. Бигер Г.

-Агар хоҳӣ, ки доро бошӣ, дар фикри ҷамъ кардани сарват мабош, балки хасисии худро бартараф кун. Гелветсий К.

-Камбағал он касе нест, ки надорад, балки ҳамонест, ки бисёр мехоҳад. Сенека

-Ҳеҷ кас намехоҳад, ки бо камбағал хеш бошад. Менандр

-Доротарин ҳамонест, ки ба дигаре муҳтоҷ набошад. Иоҳанн Златоуст

-Мардум мол ва шуҳратро дўст медорад, аммо агар ҳамину ҳамон бо роҳи бад ба даст омада бошад, бояд аз он худро канор гирифт. Конфутсий

-Ҳар қадар дил аз меҳри моли дунё бардорӣ, ҳамон қадар ба Худо наздик мешавӣ. Суқрот

-Бо молу сарват асолатро дигар карда намешавад. Горатсий

-Беақл касест, ки дар вақти доро буданаш дўстро фаромўш мекунад. Григорий Богослов

-Доро он кас нест, ки пулро шумораду пинҳон кунад, балки ҳамонест, ки пули зиёдатиро ба мардуми муҳтоҷ диҳад. Фонвизин Д. И.

-Сарват бухлро таваллуд мекунад. Ливий

-Ҳар кӣ аз вазъи молии худ розӣ аст, хушбахт мебошад. Суворов А. В.

-Дороиро ба миқдори даромад андоза намекунанд, балки ба рафтору тарзи зиндагонӣ муайян мекунанд. Ситсерон

-Набудани бухл волотарин сарват аст. Сенека

-Касе, ки бисёр ҷамъ кард, бисёр талаф медиҳад. Хун Сзичен

-Барои сарват зўри беҳуда мазан, инсони бохирад бе сарват ҳам арҷманд аст. Иоҳанн Дамаскин

-Инсон дар рўи замин на барои он умр мегузаронад, ки сарватманд бошад, балки барои он зиндагӣ мекунад, ки хушбахт бошад. Стендал

-Зару зевар зебоии зан нест, балки ақлу фаросат ороиши зан аст. Менандр

-Зан муқаддас аст, зане, ки дўсташ медорӣ, боз ҳам муқаддастар. Дюма А. 

-Агар зан нисбат ба шавҳари худ боҳунару оқилтар аст, он гоҳ аз рўи қонуни табиӣ мард бояд ба ў роҳ диҳад ва оқилтар бояд камоқилро идора кунад, фарқ надорад, ки зан аст ё мард. Милтон Ҷон

-Зан на танҳо қурбоншудагонро мефаҳмад, балки худи ў метавонад қурбон шавад. Тургенев И. С.

-Аз ҷавонон ҳамонаш хуб аст, ки ранги рўяш сурх шавад, на оне ки сафед. Катон

-Зан кўдаконро беҳтар аз мардон мефаҳмад, аммо хислатҳои кўдакона нисбат ба занҳо дар мардҳо бештар аст. Нитсше Ф.

-Зан ба таври ғайриодӣ ба тобеият моил аст, ҳамзамон ў ба тобеъкунӣ майл дорад. Бердяев Н. А.

-Агар хоҳед, ки камбудиҳои духтарро донед, ўро дар назди дугонаҳояш таъриф кунед. Франклин Б.

-Мард он чиро мегўяд, ки медонад, зан он чиро, ки писандаш аст; мард барои гуфтан ба дониш эҳтиёҷ дорад, зан ба табъ; мард чизҳои манфиатдорро дар назар дорад, зан чизҳои дилкашро. Руссо Ж.

-Зани зебо ба чашм хуш меояд, зани хуб ба дил; якумӣ ба моли зебо баробар аст, дуюмӣ ба ганҷина. Наполеон 

Гирдоваранда: Назриддин Одинаев, донишҷў

 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj