Паём ва масоили обу энергетика

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамо ва роҳнамоест, ки моро ба фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят менамояд. Пешвои миллат соли 2018-ро бо рўйдодҳои барои давлату миллат муҳим ва хотирмон арзёбӣ намуда, татбиќи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар  Рўзи байналмилалии захираҳои об рўйдоди муҳимми таърихӣ ҳисобиданд. 
Бо ин ташаббуси бузург дар соҳаи об Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҷаҳон шинохта шудааст. Дар Паёми навбатӣ аз ҳолати ҷойдошта барои рушду тараќќӣ ёфтани соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои ба кор даровардани манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия тавассути нерўгоҳҳои барќӣ – обӣ, ки яке аз дурнамоҳои асосӣ барои пешрафти соҳа ба ҳисоб меравад, мавриди таҳлил ва баррасии амиќ ќарор гирифт. 
Дар замони 27-соли Истиќлолияти давлатӣ 16 ноябри соли 2018 ба истифода додани агрегати аввали НБО-и Роғун дар таърихи кишвар бо хатҳои зарин навишта мешавад. Бо дасти мубораки Пешвои миллат агрегати ин неругоҳи бузург ба кор даромад, ки ин худ фоли нек дар замони муосири Тоҷикистон аст. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки бо мавҷуд будани иќтидорҳои бузурги захираҳои обии кишвар дар замони имрўза ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро андешидаистодааст. Тавре дар Паёми навбатӣ омадааст: «…Мо таъмини истиқлолияти энергеткӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Аз ин нуктаи Паём бармеояд, ки имкониятҳо ҷой доранд ва танҳо аз мо кўшишу заҳматҳоро талаб менамояд, ки иќтидорҳои ҷойдоштаро истифода намуда, мавриди амал ќарор гирифтани НБО-ҳои хурду миёна ва калонро ба истифода диҳем, инчунин, Пешвои Миллат таъкид менамоянд, ки кишварро барои ба кишвари пешсаф ва тараќќикарда расонидан мебояд наќшаи гузариши иќтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонид. Зеро дар Тоҷикистон имкониятҳои саноаткунони хеле зиёд аст. Инро ба инобат гирифта «саноаткунонии босуръати кишвар»-ро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Бо амали намудани ин ҳадафи наҷиб Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои тараќќикарда табдил хоҳад ёфт.
Самти дигари Паёми навбатии Пешвои миллат ин лоиҳаҳои амалишаванда дар соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози ба кор андохтани навбати аввали агрегати НБО-и Роғун аз ҳама сарчашмаҳои маблағузорӣ 24 миллиард сомонӣ, соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст ва соли 2019 ба ин маќсад ќариб 4-миллиард сомонӣ пешбинӣ шуд. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки дар соли 2019 агрегати дуюми ин неругоҳи азими аср ба кор андохта мешавад. Пешвои миллат энергетикаро соҳаи даромаднок ҳисобида, таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои амалкунандаро дар шароити имрўза зарур ва сариваќтӣ мешуморад. Айни замон таъмини аҳолӣ бо неруи барќ асосан ба зимаи Неругоҳи барќи обии Норак вогузор аст ва соли 2019 дар ҳаҷми 3,5 миллиард сомонӣ барои таҷдиду азнавзозии неругоҳи мазкур пешбинӣ шудааст. Умед ба боварӣ аст, ки баъд аз таъмиру барќарорсозии ин неругоҳ солҳои зиёд кору фаъолият намуда, дар таъмини аҳолӣ бо неруи барќ ҳиссагазор хоҳад буд. 
М.Т.Ғайратов, 
мудири кафедраи гидрогеология 
ва геологияи муҳандисӣ, 
дотсент,
Ф. С .Давлатов, 
ассистенти кафедра, н.и.г.-м.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj