Паём ва сулҳу ваҳдати аҳли башар

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як анъанаи роиҷ ва самтбахшандаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба сифати роҳнамо барои тамоми сокинони кишвар арзишу аҳамият дорад. Халқ ва миллат низ ҳамсони як оилаанд, ки Пешвову роҳбари он низоми зиндагияшонро таъмин менамояд. Оилаи тифоқе, ки ба гуфтаҳои роҳбари оқили оила амал менамояд, ҳамеша дар байни ҷомеа нуфузу эътибор дорад. Тоҷикистон низ ҳамсони як оилаи намуна дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон бо иттифоқу ваҳдати худ соҳибобрўст. Зеро халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои худ дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагии бомаром дорад. Ин бардошт барои мо бештар аз ироаи Паёми имсола бармеояд. Ба бовари инҷониб, Паёмро аксар сокинони кишвар бо таваҷҷуҳу  бо диққати хос диданду гўш карданд. Ҳамагӣ чанд дақиқа аз хатми Паём нагузашта саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз оҳанги ҳамовозӣ ба сиёсати Пешвои миллат гардиданд. Ин падида хеле хушоянд аст ва далели як оилаи намуна будани тоҷикон мебошад. Нуқтаи муҳим дар Паёми имсола сиёсати байналхалқиву сулҳу суботи минтақаву ҷаҳон буд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо халқи худ, балки дар доираи мушаххас халқҳои сайёраро ба сулҳу ваҳдат даъват карданд. Мантиқи Паём дар маҷмўъ вобаста ба ин масъала он буд, ки шукр мо сулҳи худро ба даст овардаему онро ҳифз мекунем, аммо ингуна сулҳро дар тамоми рўи сайёра дидан мехоҳем. Пешвои миллат аз оғоз миллатдўсту сулҳпарвар буданд ва ин шеваи сиёсаташон то ҳанўз ҷараён дорад. Идеология ва стратегияи  давлатдории мо сулҳсозиву нигаҳдории сулҳ буд ва ин сулҳ тамоми чизи некро ба мо тақдим карда истодааст. Ҳифзи сулҳ барои тоҷикон вазифаи муқаддас аст. Тоҷикистон аз рўи ҷойгиршвии ҷуғрофӣ ҳамчун як гузаргоҳи тамоюлоти манфӣ аз хориҷ ба минтақаи Осиёи Марказиву ИДМ ва ҳатто Аврупо мебошад, ки ин нуқта дар Паём зикр гашт. Геополитикаи ҷаҳонӣ асрҳо боз дар атрофи Осиёи Марказӣ тор танидан мехоҳад, ки Тоҷикистон дар саргаҳи он қарор дорад. Андаке ғафлату ҷаҳолат кифоят мекунад, ки кишвари мо дар як они воҳид ба маркази ташаннуҷ табдил ёбад. 
Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест бо таҷрибаи давлатдорияшон ҳамаи хатарҳои глобалиро дарк менамоянду таҳлилу ташхис карда метавонанд. Оҳанги ҳушдор ба ҳар як шахси заковатманд ишора аз он менамояд, ки мо бояд ғофилу бетафовут набошем Ин нуқтаро дар Паёми имсола таъкид карда гуфтанд, ки «Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрўз ҳам паст нашудааст». Дар ҳақиқат ҷаҳони имрўзаро на сиёсати ғосибонаи ошкор, балки сиёсати махсус дар шабаҳи тероризму экстремизм идора кардан мехоҳад. Экстремизму тероризм  дар паси пардаҳо ҷонибдорону омилони худро доранд, ки махсус тарҳрезӣ мегарданду бо истифода аз ҷаҳолати баъзе афрод амалӣ мешаванд. Ин хатар ба тамоми мамолики ҷаҳон таҳдид дорад ва касе набояд нисбати ин масъала бефарқу бетафовут бошад. Калисову масоҷид, бозору мағоза, фурудгоҳу дигар ҷойҳои серодам маркази амалӣ гардонидани ин амалҳои сиёҳ гардидаанд. Ин хатар бо он ки афзоиш дорад, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин нуқта низ дар Паёми имсола зикр гардид: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.» Дуруст аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муқобили ин тамоюли манфӣ мубориза мебарад. Ин дард танҳо хоси кишварҳои ақибмондаву ҷангзада нест ва боамнтарин кишварҳои соҳибсармояву тавоно дар ин роҳ талош доранд. Мутаассифона, ин ҷараён шиддат дорад ва дурнамои мушаххаси он маълум нест, ки бо чӣ анҷом меёбад: «Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад. Кўшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Бо назардошти  ин паҳлу аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки дар кўтоҳтарин фурсат мақомоти дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат ба масъалаи сулҳу суботи кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз як равзанаи маҳдуд назар надоранд ва чун як сиёсатмадори шинохта сарчашмаҳои рушди инкишофи ин хатарҳоро дар суханронии худ таъкид намуданд: «Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад». Аз назари Пешвои миллат дар ин масъала ягон ҷузъиёт дур намемонад. Маълум аст, ки Тоҷикистон сарҳади тўлоние бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон дорад. Яъне, тавассути ин сарҳад эҳтимолияти интиқоли маводи мухаддир ҳамеша вуҷуд дорад. Ҷойи инкор нест, ки маблағҳои он дар роҳи боз ҳам ноором гардонидани минтақаву ҷаҳон сарф мегардад. Ҳамин буд, ки як навъ роҳи ҳалли масъала бо ин зуҳуроти номатлуб то андозае баён гардид: «Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад».
Роҳбари давлати Тоҷикистон бо хайрандешиву сулҳдўстиву сулҳхоҳӣ машҳури сайёра гардидаанд ва ҷанбаи сулҳсозии ўро аксар сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Он чизеро, ки қариб ду даҳсола қабл таъкид намуда буданду мехостанд, имрўз аксар кишварҳои ҷаҳон дар нисбати Афғонистон амалӣ кардан мехоҳанд. Таъкиди Роҳбари давлати мо хайру салоҳи кор буд ва ин нияти хайр то ҳол нисбати ҳамсояи ҳамзабонамон вуҷуд дорад: «Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дўст сулҳи пойдор барқарор гардад». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи худ устуворанд. Он чизеро, ки дурандешона бист сол қабл нисбат ба Афғонистон гуфта буданд, дигар накардаанд. Ҳамин аст, ки садои даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мегардад. Дар заминаи сиёсати кушодаву ошкор ва ҳамгироёна дар Паёми имсола давъват ба сулҳи Афғонистон оҳанги қатъитар касб намуд ва умедворем, ки халқи мазлуми афғон аз оташи ҷангу низоъ берун меояд: «Аз ин рў, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад». Аз оҳанги баёни Пешвои миллатамон чунин бармеояд, ки Афғонистон низ дар наздиктарин фурсат роҳи созандагиву сулҳу суботро пеш гирифта метавонад. Роҳбари давлатамон ҳамовозиву ҷонибдории халқи тоҷикро дар сулҳу суботи Афғонистон баён карданд ва бори дигар таъкид намуданд, ки ин қазия бо роҳи низомӣ ҳал намешавад: «Мо кўшишҳои Ҳукумати Афғонистони дўст ва ҷомеаи ҷаҳонро пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад».
Дар ҳақиқат ҷангу низоъ бадбахтии тамоми аҳли башар аст ва то имрўз нест он саҳифаи таърих, ки натоиҷи мусбати ҷангу хунрезиҳоро нишон дода бошад. Эмомалӣ Раҳмон он шахсияту сиёсатмадорест, ки кишвари худро аз оташи ҷангу нифоқ раҳо бахшида буд. Яъне, ў фардест, ки оқибатҳои ҷангу хунрезиро, махсусан ҷанги дохилиро амиқан мефаҳманд:  «Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист».
Пешвои миллати мо бо он қаҳрамони халқи худ аст, ки сулҳро нигоҳ дошта тавонисту ҳифз кард. Мо дар мисоли баъзе собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ дида истодаем, ки дар баробари саноату иқтидори иқтисодии бузург доштанашон наметавонанд, ки амну осоишро дар кишвари худ пойдор нигаҳ доранд. Баъзе онҳо дорои силоҳи ядроӣ бошанд ҳам, аммо сулҳу ваҳдату ҳамгироиро дар кишвари худ таъмин карда наметавонанд. Халқи тоҷик бо Пешвои худ сулҳро соҳиб гардидааст ва мехоҳад, ки ингуна сулҳ дар саросари ҷаҳон вуҷуд доша  бошад: «Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд». 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди «вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалӣ…»-ро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогирро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ шарти муҳимми суботи Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа баҳогузорӣ карданд. Тоҷикистон аз оғози истиқлол мавқеи сулҳдўстона дошт ва инро нисбати ҳамсояҳо нигоҳ дошта тавонистааст. Ҳукумати кишвар ҳамгироиву равобитро ба таври ҳамеша аз ихтилофу муносибати сард афзал медонад. Ин намунаро дар мисоли Ўзбекистони ҳамсоя метавон дид, ки баъди фурсатҳо мо тавонистем, дўстии зиёда аз чил миллион нафар сокинони ду кишварро таъмин намоем. Хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Ин ду шахсият муносибати тираи на ду даҳсола, балки қариб як садсоларо барҳам заданд, ки бояд ҳар як шахси заковатманд ин ишораро дарк намояд. 
Ба дарозо метавон дар бораи ҷанбаҳои сулҳдўстонаи Паём ҳарф зад. Чанд андешаи маҷмўии боло гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон нахуст сулҳро дар хонаи худ таъмин кардааст ва мехоҳад, ки аз ин неъмат тамоми халқҳои ҷафодидаи олам баҳравар бошанд. Паём даъват ба ободиву бунёдкорӣ ва сулҳу ҳамгироиву ваҳдат натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои мардумони кишварҳои минтақаву сайёра мебошад. Рафоқату ҳамгироӣ наҷоти имрўзаи сайёра аз хатарҳои зиёд мебошад ва ҳамин аст, ки оҳанги сулҳу ваҳдати аҳли башар дар он тантанаи хос дошт.
Бахтиёри Қутбиддин, 
мудири кафедраи 
журналистикаи байналхалқии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj