Паём - заминаи ташаккулли рушди иқтисодиёти миллӣ

Агар ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ назар афканем, воқеан, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии хеш ба комёбиҳои бузург ноил шудааст. Албатта, бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта соҳаҳои зикргардидаи мамлакат зина ба зина рушд карда истодааст. Чи тавре Пешвои миллат  дар Паёми навбатӣ қайд намуданд: «Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд».

Арзёбии рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат бевосита ба қабули се ҳадафи стратегии қабулгардида: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мамлакат вобастагии зич дорад. Махсусан, агар ба таҳлили натиҷаҳои соҳа назар афканем, шоҳид мегардем, ки дар натиҷаи амалисозии баронамаҳои қабулгардида маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 фоиз афзуда, то чор маротиба зиёд шудааст. Ба ѓайр аз ин, дар давоми 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 –ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат бошад, дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Дар даврони истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, 1,6 баробар зиёд шуда, яъне аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт. 

Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Яке нуқтаи муҳими дигаре, ки дар Паёми навбатӣ қайд гардидааст, дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими ин раванд як қатор барномаҳои давлатӣ қабул карда шудааст, ки дар танзими раванди мазкур хеле назаррас мебошад. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат қайд намуданд: «То ба имрўз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд».

Гуфта шуд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Дар такя ба гуфтаҳои боло имрўз моро мебояд ҷиҳати инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида корбариро дар ин самт пурзур намоем. Бо ин роҳ мо метавонем ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. 

 Бойзода Наҷибулло, 

корманди кафедраи системҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идора

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj