Паём – дастури мукаммал

Санаи 26-уми декабри соли 2018 Паёми навбатии Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Пешвои миллат зимни ироаи Паём дар баробари дигар самтҳои фаъолияти ҷумҳурӣ, инчунин, бори дигар аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳои ёфтан аз бунбасти комуникатсионӣ ва ҳалли амнияти озуқаворӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки: “бо дарназардошти аҳмияти соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”. Дар баробари ин, Пешвои миллат ҷиҳати минбаъд рушду равнақ додани соҳаҳои истеҳсолӣ ва ба кишвари индустриаливу кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон дастур доданд, ки соли оянда воридоти ашёи хом аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гурукӣ озод карда шаванд. Ҳамзамон, барои рушди соҳибкорӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2018-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ аз тарафи ҳамаи мақомотҳои санҷишу назоратгар ва ҳифзу ҳуқуқ манъ карда шавад. Илова бар ин, пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар “300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон карда шавад.
Тавре мушоҳида мешавад, дар Паёми навбатӣ роҷеъ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ имконият ва дастуру супоришҳоиҳои зиёде ба масъулин дода шудааст. Фикр мекунем, ки Паёми навбатӣ давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, роҳнамо ва дастур барои ташаккул ва рушди тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла иқтисотиёт маҳсуб мегардад.
Низом ОХОНОВ, 
донишҷўи курси 4, 
факултети молиявию иқтисодӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj