Педагогикаи миллӣ

(Дар ҳошияи китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик»-и М. Лутфуллоев. Душанбе- 2015)

Донишманди фарҳехта олими заҳматкаш, муҳаққиқи варзида ва муаллими меҳрсозу меҳрубон, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев роҷеъ ба масоили мубраму пурарзиш аслу асоси илми педагогика дар тўли фаъолияти фидокоронаи пажўҳишии хеш дахл намуда, ҳосили таҷрибаи чандинсолаи эшон баъди ковишҳои нодири илмӣ дар 6 ҷилди китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» гирдоварӣ шуда, ба донишдўстону донишпажўҳон ҷиҳати омўзишу баҳравардорӣ пешкаш гардидааст. Мавсуф аз зумраи олимони муътабаре дар мамлакат маҳсуб меёбанд, ки ба мафҳуми педагогикаи миллӣ ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ шуда, шарҳу тафсири ибораи фавқро олимона дар тадқиқоташон баррасӣ кардаанд.

Муҳаққиқи мушкилписанд аз баҳри беканори адабиёти илмӣ дурдонаҳоро кашф карда, моҳияту мазмуни педагогикаи  миллиро аз нуқтаи назари  арзишҳои маънавии адабӣ тавзеҳ додаанд. Тадқиқоти гаронмояи мазбур аз пешгуфтор ва панҷ қисм иборат буда, масъалаҳои мубрами педагогикаи миллиро фаро гирифта, дар мундариҷа мавзўъҳо аз дидгоҳи мазмун тибқи санъати пажўҳиш тарҳрезӣ гардидаанд. Олими фарзона ба таври фаҳмишу биниш ва, ҳамзамон, ҷаҳонбинии хеш дар пешгуфтори китоб дар истинод ба ҷанбаҳои ҳирфаи омўзгорӣ ба таври мушаххас  ҳашт  унсури пешаи муқаддаси омўзгориро дар қалам меорад, аз ҷумла: назария ва амалияи фанни худро донистан, асосҳои илми педагогика, психологияро фаҳм намудан, пешаи худро дўст доштану худомўзиро ихтиёр кардан; шахсияти шогирдро муҳтарам донистану набзи ҷомеаро эҳсос кардан; Ватанро дўст доштан, аз таъзиқи зиндагӣ наҳаросидану ба касби муаллимӣ ошиқ шудан, ки воқеан қадру манзалати омўзгор дар ин фармудаҳои фавқ нуҳуфтааст (саҳ.4).

Мавриди тазаккур аст, ки «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» таърихи ҳазорсолаҳоро фаро гирифта, аз манобеи илмию адабии асрҳои миёна, ҳамзамон пештар аз он бармеояд, ки шурўъ аз китоби Авасто то Одамушшуарро Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва намояндагони шаҳири адабиёти навини форсии тоҷикӣ роҷеъ ба ҳикмати назарию амалӣ осори гаронқадре барои насли баъдӣ ба мерос гузоштанд. Ва мо муддати мадид наметавонистем перомуни таъбири педагогикаи миллӣ дар асоси ғояҳои олию аз дидгоҳи арзиши илмӣ дорои аҳамияти хос андешае иброз намоем. Зеро дар замони начандон дур як идеоложӣ ҳукм меронд ва аҳли маърифат фозилону фарҳехтагон наметавонистанд андешаҳои солиму сареҳи хешро роҷеъ ба қимати осори мутафаккирони адабиёти дорои таърихи ҳазорсолаҳо дарҷ намоянд ва ин нуқта мусаллам аст, ки педагогикаи умумибашарӣ тибқи мушоҳидаҳои нигоранда аз ғояҳои гаронбаҳои ҳикматҳои олии арзишманди машриқзамин маншаъ гирифтаанд. Ва ба андешаи бикри як донишманди муътабар: «Таърих ва таҷориби гузаштагон манбаи маърифат аст». 

 Хушбахтона замони истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки аз ин маҳдудаи  идеоложӣ берун рафта, ҳақиқати воқеиро ҷиҳати тарбияи насли ояндасоз рўи коғаз оварем. Зеро истиқлолият ин падидаи нодир буда, ҷиҳати баргаштан ба асолати азалӣ ва дарки ҳувияти миллӣ имконоти васеъро ба вуҷуд оварда, барои хештаншиносию худҷўӣ, баҳрабардорӣ аз фарҳанги гузаштаи хеш заминаи боэътимодро муҳайё месозад, ки виқори онро ҷанбаи миллӣ таҷассум менамояд. Дар тадқиқоти мавриди назар устод Лутфуллоев дар такя ба осори пурғановати классикии тоҷику форс фарзияву андешаҳои ҷолиби хешро аз нуқтаи назари вижа тарҳрезӣ намуда, дар ҳаллу фасли масоили марбут ба педагогикаи миллии халқи тоҷик дар истинод ба афкори пешиниён бо тааммуқ ва жарфтар ақидаҳои амиқро роҷеъ ба муҳтавои таъбири педагогикаи миллӣ ба баёзи коғаз оварданд.

Китоб- тадқиқоти гаронмояи устод Лутфуллоев, чунон ки гуфтем, аз пешгуфтор ва панҷ қисм: асосҳои умумии педагогикаи миллии халқи тоҷик; инсон, ҳуқуқ, арзишҳо ва сиҳатию саломатии он, назария ва амалияи тарбияи инсон; масъалаҳои умумии дидактика, назария ва амалияи таълим ва таҳсилот; асосҳои умумии мактабшиносӣ фароҳам омада, матолиби арзишмандро роҷеъ ба педагогикаи миллӣ дар бар мегирад.

Тавзеҳу шарҳе, ки муҳаққиқ  перомуни қисматҳои  мазбур дар китоб баён карданд пайи ҳам хонандаро ба таъбири педагогикаи миллӣ ошно менамоянд. Вусъати андешаашон фарогири масоили муҳимтарини нукоти таълиму тарбия буда, сабки нигориш фасеҳу таваҷҷуҳбарангез  аст ва, ҳамзамон, мавқеи гурўҳбандии мавзўъҳо риоя шудааст, яъне дар қисми сеюм- Назария ва амалияи тарбияи инсон муаллиф роҷеъ ба ҳикмати тарбия аз дидгоҳи ниёгон, мафҳум, хосият ва дигар  асосҳои ин неруи тавоно сухан гуфтаанд. Мо муҳимияти ҳамин қисматро дар шароити феълӣ ба эътибор гирифта хулосаи иҷмолии худро дар ин тақриз баён менамоем.

Педагогикаи миллии халқи тоҷик тавассути ҳикматҳои ҳакимонаи намояндагони адабиёти оламшумули классики тоҷику форс мақому манзалати беназирро дар дунёи мутамаддин соҳиб гаштааст, яъне чунон ки маълум аст  предмети омўзиши фанни педагогика дар маҷмўъ тарбияи комили  инсон маҳсуб меёбад. Дар ҳикматҳои ирфонии адабиёти миллии 

халқи тоҷик маънию мазмунҳое нуҳуфтаанд, ки ҳадафи асосиашон навсозии инсонҳост ва ба ин нуктаи муҳимми тарбия бояд ҳар як омўзгор таваҷҷуҳи вижа дошта бошад. 

Муаллифи китоби «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» М. Лутфуллоев аз ҳамин мавқеи назар зермавзўъҳои қисмати 3-юми таълифоти хешро чунин номгузорӣ намудаанд:

1.Тарбия ва ҳикмати он аз диди ниёгон;

2.Андешае чанд барои андеша;

3.Мафҳуми тарбия ва хосиятҳои он;

4.Неруи тавоноии тарбия ҳамчун омили муҳими ташаккули шахс;

5.Ҳикмати тарбия аз диди ниёгон;

6.Уфуқҳои тарбия ва даврабандии сол.

Муҳаққиқи дақиқсанҷ таъбири «таълиму тарбия»-ро дар зермавзўи «Андешае чанд барои тарбия» тавзеҳ дода, ба таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқи соҳа бори дигар мерасонанд, ки бояд ҳини  баррасии ҷанбаҳои асосии илми педагогика мавзўи назарияи тарбия пеш аз «Дидактика ва ё Назарияи таълимию тарбия» мавриди омўзиш  қарор гирад. Ва ин ақидаи бебаҳсро баъд аз тафсиру тавзеҳҳои ҳаёти воқеӣ бо андешаи ҷолибу бебаҳси Ибни Сино тақвият мебахшанд: «Ҳар гоҳ вай (кўдак) ба шаш бирасад, бояд ўро ба назди омўзгори адаб ва омўзгори илм бибаранд». «Таваҷҷуҳ бикунед: донишманди ҳамадон дар ҷойи аввал «омўзгори адаб» ва баъди он «омўзгори илм »-ро ишора мекунанд»(саҳ. 176).

Аз мутолиаи қисмати мазбур дармеёбем, ки таҳқиқгар тибқи асноди муътамад, аз ҷумла ақидаи Ҳаким Носири Хусравро  доир ба ин масъала (манзур мақоми тарбияи инсон аст) пешкаш менамоянд: «Хамчунон ки мар он кўдакро бибанданд (дар гавҳора –А. Мирализода, М.Ғиёсӣ, С. Лутфуллоҳ), ки то андомҳо каж нашавад ва рост барояд, низ аҳлу мисоқи динӣ бар мустаҷоб бад-он бояд то рою фикраш ба ҳар шаккею шубҳате нигарояд ва бар сироти мустақим равад» (саҳ. 176) .

Муаллиф дар асоси ин ақидаҳои олӣ афзуданист, ки тарбият дар ҳар давру замон дар мақоми аввал аст. Тарбияи хуб фазои солиму шароити гувороро барои таълим ба вуҷуд меорад, яъне дар чунин муҳит завқи маърифатомўзи зиёд гардида, хислатҳои манфур-худхоҳӣ, хештанпарастӣ, кибр, кина, қудурат ва дигар одатҳои манфӣ фуругузор мешаванд, пойгоҳи мусоид ҷиҳати беҳдошти таълим арзи ҳастӣ мекунад, ингуна вазъ рўҳу танро ҷиҳати омўзиши бардавом ба ҳам мувофиқ мекунад ва аз дидгоҳи илми равоншиносӣ  яке аз муҳимтарин омилҳост, ҳангоми ба таълим фаро гирифтани  хонанда.

Зермавзўи «Мафҳуми тарбия ва хосиятҳои он» пурмуҳтаво ва бо далоилу арқоми пероста тавсиф ёфта, муҳаққиқ тарбияи фарҳангиро бо назардошти вижагиҳои психологӣ, муҳит, шавқу рағбат, эҳсос, ичтимоъ ва ғайра пеш мегузоранд, яъне ҳангоми машғул шудан ба тарбияи кўдак, наврас, тарбиятдиҳанда бояд худ аз фарҳанги асил бархўрдор бошад, вагарна саъю эҳтимомаш дар ин роҳ бенатиҷа ба анҷом мерасад.

Воқеан, ба ин нуқта бояд ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ шаванд- волидайн, омўзгор ва дар маҷмўъ тарбиятдиҳандагон. Ва мутахассисони илмҳои  педагогию психологӣ бар он назаранд, ки агар тарбиятдиҳанда дорои фарҳанги баланд набошад, дар ин масири ноҳамвор ба рўҳафтодагӣ, маъюсию беиродагӣ (чунин ҳолатҳо, ҳатман, бармехўранд, ҳангоми ба тарбия машғул шудан) дучор меояд. Биноан, маҳз сатҳи маъриатмандӣ ва дониши қавии тарбиятдиҳанда метавонад ўро дар ин ҷода муваффақ гардонад, ба таъбири педагогӣ суханаш муассир ва инсонсоз шавад… Инчунин аз мавқеи илми равоншиносӣ маърифатмандии шахс фазои созгорро ҷиҳати рушди босамар ба камолот расидани кўдак, насли наврас ба вуҷуд меорад, ки ин муҳимтарин омил дар раванди тарбият аст.

Муҳиммияти андешаи зикргардидаро М. Лутфуллоев ба эътибор гирифта, неруи тавонои тарбияро дар ташаккули шахс асос мешуморанд ва бад-ин манзур ҳар як ҳарфи ин калимаро тафсир намуда, дар истинод ба фармудаи олими машҳури соҳаи педагогика  В.А. Сластенин чор ҷавҳари бунёдиро таъкид менамоянд: 

«Ҷавҳари якум. «Он ҷо, ки тарбия аст, неруҳои пешбарандаи рушд, син, хусусиятҳои умумӣ ва инфиродии тарбиягирандаҳо ба назар гирифта мешаванд.

 Ҷавҳари дуюм. Он ҷо, ки тарбия аст, таъсири мусбати муҳити атроф бо тамоми қувва ва то ҳадди имкон истифода мешавад, ки ин шиддат таъсири манфии муҳитро коҳиш медиҳад.

Ҷавҳари сеюм. Он ҷо, ки тарбия аст, мувофиқати тамоми гурўҳҳо, қишрҳо ва тарафҳои тарбиядиҳанда ба даст меояд, талаботи ягона боло мегирад.

Ҷавҳари чорум. Он ҷо, қи тарбия аст, инсон қобилияти худтарбияашро пештар, барвақтар ба кор меандозад»» (саҳ.183-184 ).

Манзури муҳаққиқ ин ҷо ба сароҳат таъкид кардани қонунмандиҳои тарбия- неруҳои пешбарандаи рушд, син, хусусиятҳои умумию инфиродии тарбиягиранда, таъсири мусбати муҳит, мувофиқати тарафҳо ҳини ба тарбия машғул шудан ва ғайра мебошад. Ва ҷанбаи мазбурро ба эътибор гирифтан гарави комёбист, барои тарбиятдиҳанда. Бинобар ин, муаллифи асар ақидаи болоиро дар ҷараёни тарбияи атфол муҳим шуморида меафзоянд:

«…Он ҷо, ки тарбия аст, меҳри тарбия боло мегирад, масъулият меафзояд. Ва ба қвли шоир, агар адаб тоҷи сар қарор гирад, роҳ ҳамвор аст: Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ»   (саҳ. 184). 

Аслан, пайванди муҳтаво ва чашмандози дақиқи илмӣ дар ҳамаи қисматҳо ва зермавзўъҳои ин тадқиқот ба мушоҳида мерасад ва чунин тарзи баёни матлаб ифодакунандаи вусъати назари муҳаққиқанд. Ва ҳамин дақиқсанҷии муаллифи асар дар бахши тавсифи Ҳикмати тарбия аз диди ниёгон ба мушоҳида мерасад. Ин ҷо сухан аз андарзи педагогии Абуахлоқ Саъдии Шерозӣ оғоз мегардад:

Як нуқта бас аст, агар шуур аст,  

В-арна чу чароғ пеши кўр аст (саҳ. 184).

Ва минбаъд донишманди муҳтарам ба тафсил перомуни фалсафаи тарбия ақоиди хешро матраҳ намуда, бо ифтихору покизаманишии бо хештан хос мефармоянд: «Фалсафаи тарбия, умуман педагогикаи ниёгонамонро таҳқиқ ва эҳё менамоем, то ба оламиён бифаҳмонем, ки мо-тоҷикон, дар тарбия ҳам фалсафа ва симои хоси худро дорем ва дар ҳаёти ҳамарўзаамон, дар низоми таълиму тарбияи мардумамон, дар тарбияи наслҳои ҷавонамон истифода мебарем» (саҳ. 185).

Олими нуктасанҷ раванди татбиқи тарбияро дар оила, мактаб ва ҷамъият шарҳи муфассал дода, онро ба се асл тақсим менамояд ва ҳини тавзеҳ дидгоҳи ҳакимони гузаштаи  олами  маониро мисол меоранд. Тавзеҳоти ишорагардида аз сухани малакутии Хоҷа Ҳофиз оғоз ёфта, таъйиду таъкиди пандҳои «Авасто» ёдрас мешаванд ва дар ҳикматҳои тарбиявии «Кимиёи саодат»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, афкори саршор аз қаҳрамонию, ғурури меҳанпарастӣ, ҷавонмардию диловарии Ҳаким Фирдавсӣ, панду андарзҳои ибратомўзи Абуахлоқ Шайх Саъдӣ идома меёбанд, ки саршор аз мантиқи қавии илмианд (саҳ. 184- 195).

Дар зермавзўи «Уфуқҳои тарбия ва даврабандии синн диққати тарбиятдиҳандагон» ба даврабандии марҳилаҳо аз замони кўдаки то ҳаждаҳсолагӣ ҷалб карда мешавад. Устоди соҳибдил ин ҷо ба ин ҳақиқат мусаллам ҳастанд, ки даврабандии синнӣ яке аз муҳиммоти дигари қонунмандии тарбия ба шумор меояд ва баъдан нукоти дигарро роҷеъ ба ин масъала шарҳ медиҳанд, ки воқеан бардошт аз воқеияти ҳол аст. 

Ҳамин  тавр,  минбаъд донишманди соҳибназар дар ин пажўҳиш перомуни назария ва амалияи тарбияи инсон…, мавқеи педагогикаи мардумӣ дар тарбия…, заминаҳои тарбия, Консепсияи миллии тарбия…, мактаби тарбия ва ташаккули андешаи миллӣ…, масъалаҳои умумии дидактика, амалияи таълим ва таҳсилот, моҳият ва мазмуни таълим…, таълими ҳамгиро ва тафриқа, дарс моҳият ва мазмуни он…, асосҳои умумии мактабшиносӣ ва ғайра ақоиди сарраи хешро иброз намуда, наҷобати миллии омўзгорро дар шарҳи ҳар як таъбири мансуб ба тарбияву таълим ёдрас мешаванд ва чунин андеша доранд, ки ҳирфаи омўзгорӣ василаи ягонаю асосии ба сарманзили бахту саодат расидани насли ояндаи давронсоз аст(саҳ. 176-667).

  Мундариҷаву  мазмуни тарбия аз ибтидо то интиҳо тавре тавзеҳ ёфтааст, ки мавқеи он дар раванди таълим ба масобаи меҳвар ва бунёд бояд эътироф шавад.

Воқеан, мавзўи Тарбия ва мақоми он дар рушди атфол, наврасону ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи на ин ки пажўҳишгарони соҳа, балки ҷомеаи бедор ва давлат низ қарор дорад. Фарзи мисол, айни замон мо роҷеъ ба мавзўи илмӣ- тадқиқотии фармоишӣ –«Тадқиқи омилҳои пастшавии маънавиёти наврасон ва роҳҳои педагогии пешгирии он» барои солҳои 2016-2020 тадқиқотро оғоз бахшидем. Зарурати вазъиятро дар  самти мақому манзалати тарбия дар замони муосири ҷаҳонишавӣ ба эътибор гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ ибтикороти Вазорати маориф ва илми мамлакатро дастгирӣ  намуда,  ҷиҳати татбиқи он мавзўи мазкурро маблағгузорӣ намудааст, ки ин гувоҳи барҳақи арзишмандии масъалаи зикрёфта аст.

Дар ин росто, бояд ҳадс зад, ки тадқиқоти густурдаи донишманди номвар устод Лутфуллоев бо номи «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» раҳнамои муътамадест, барои муҳаққиқини соҳа ва дастандаркорони бахши мазкур.

Маълум аст, ки дар як мақола гирдоварии муҳтавои талифоти гаронмоя аз имкон берун наст. Аз ин дидгоҳ, шарҳу баёни матолиби дигари муҳимму омўзандаи тадқиқоти пурарзиши мавриди назарро то замони мувофиқ мавқуф гузошта, умед дорем, ки завқмандони таърихи афкори педагогии миллии халқи тоҷик ҷиҳати мавқею мақоми тарбия дар ин замони пуртазоди муосир таваҷҷуҳи бештару махсус зоҳир менамоянд …

 

Абдуссалом Мирализода,

доктори илмҳои педагогӣ, профессор, 

Меҳриддин Ғиёсӣ,

номзади илмҳои педагогӣ,

дотсент, 

Синои Лутфуллоҳ

унвонҷўи  Академияи таҳсилоти 

ҶТ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj