Пешвои миллат ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон

Боиси ифтихор аст, ки рўзи 18-уми декабри соли ҷорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат» ба тасвиб расид. 

Воқеан, дар давоми солҳои истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо, бо роҳбарии асосгузори давлатамон президенти кишвар, пешвои миллат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба  корҳои бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем ва таҳкурсии давлати  соҳибистиқлоламонро  сохтем.

Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ бо талошу мубориза ба муқобили душманони дохилию хориҷӣ тавонист, ки дар дохили мамлакат  ҳама гуна низоъ ва душманиро хотима бахшад ва давлатро  бо номи Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон сарбаландона муаррифӣ намояд.

Барои мо омўзгорон, ки вазифаамон таълиму тарбияи насли наврас ва пешбарии илмҳои дақиқ аст, нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон –Эмомали Раҳмон, ки ба халқи тоҷик сулҳу осоиштагиро овардааст ва аҳли ҷаҳон ўро эътироф кардааст, бо самимият суханронӣ кардан хурсандии бепоён аст.

Инчунин,  мо  ифтихор дорем, ки таҷриба ва фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф карда шуд.

Бале, мо хуб дарк мекунем, ки пешвои бузурги миллати мо Эмомалӣ Раҳмон  тоҷикони оламро ифтихори тоҷик будан  бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мо гардид. 

Аз солҳои аввали истиқлолияти давлат Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Тоҷкистон, Ҷаноби олӣ Эмомали Раҳмон самтҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқи мамлакатро муайян намуд, ки онҳо  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад. Аз ин самтҳои муайяншуда асосиаш таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Маълум аст, ки танҳо дар ҳолати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дигар соҳаҳои хоҷагии халқро барқарор кардан ва тараққӣ додан имконпазир аст. Танҳо он давлате, ки соҳиби манбаъҳои бузурги энергетикӣ мебошад, давлати пуриқтидор шуда метавонад. Бо осонӣ дарк кардан мумкин аст, ки ҳамаи ҷанҷолу муноқишаҳое, ки дар Шарқи наздик шуда истодааст, барои ба даст овардани конҳои нефти давлатҳои араб мебошад. 

Яке аз манбаъҳои энергия ин энергияи қувваи об мебошад. Сарзамини  биҳиштосои Тоҷикистон ба мо дарёҳои шухи кўҳии бисёреро ато кардааст. Сохтани  НБО –ҳо дар ин дарёҳо ба мо энергияи аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва арзонро медиҳад. Аз ин сабаб бо роҳбарии Президенти Тоҷкистон, Ҷаноби олӣ Эмомали Раҳмон дар солҳои истиқлолият НБО-ҳои хурду миёнаву калони бисёре сохта шуданд ва сохта шуда истодаанд, то ба истиқлолияти энергитикӣ расем. Масалан,  соли  2006 дар  рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Чин оид ба Лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати  барқии «Ҷануб - Шимол» (ЛЭП-500 кВт) , ки дарозии он 350 км аст, шартнома ба имзо расид . Ин хати баландшиддат барои интиқоли барқ аз  ҷануби Тоҷкистон ба вилояти  Суѓд сохта шуд, чунки то ин вақт дар фаслҳои тирамоҳу зимистон НБО-и  Кайроқум пурра талаботи вилоятро бо нерўи барқ таъмин карда наметавонист ва Тоҷикистон барои вилоят неруи барқро аз Ўзбекистон харидорӣ мекард. Ба истифода дода шудани хатти баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имконият дод, ки ба вилояти Суѓд барқ бефосила интиқол дода шавад. 

Ба ѓайр аз ин, барои зеристгоҳи барқии ш.Хуҷанд бо дастгирии Роҳбари давлат технологияи беҳтарин аз Аврупо ворид шуд, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ ва васлу насби  таҷҳизот пурра аз ҷониби  ширкатҳо ва мутахассисони ватанӣ анҷом ёфт. Ин зеристгоҳи барқӣ дар маҷмўъ то 25 фоизи корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии  шаҳрро бо барқ таъмин менамояд.

Инчунин, Раиси Ҷумҳури  Тоҷикистон ба бунёди хатти барқии  550 киловатаи  Душанбе –ноҳияҳои тобеи марказ оѓоз бахшидааст, ки дарозии  он ба 196 км тўл мекашад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо, ба монанди сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав -220 кВ», «Ҳисор -110 кВ» ва навбати дуюми маркази дуюми барқу гармидиҳии ш.Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд. 

Манбаъҳои дигари табии истеҳсоли энергия ба монанди  ангиштсанг, нефт ва газ дар Тоҷикистони мо низ кам нестанд. Албатта, аз чунин манбаъҳо низ истифода шуда истодааст. Дар ҳолати  пурра истифода намудани чунин манбаъҳои табии энергия Тоҷикистони мо метавонад ба як давлати пуриқтидори соҳиби энергияи зиёд табдил ёбад . 

Боварӣ дорем, ки дар таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомали Раҳмон барномаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавориро сарбаландона иҷро менамоем.

Одинаев Р.Н.,декани факутети механикаву математика, 

Садуллоев Р.И, мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj