Пешвои миллат ва истиқлолияти энергетикӣ

Дар таърихи 09.12.2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат» якдилона қабул гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони баланди Пешвои миллат пазируфта шуданд.

Сипас Қонуни мазкур дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Қабул гардидани қонуни фавқ бори дигар якдилию муттаҳидии мардуми кишварро дар атрофи Президенти кишвар ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи ўро собит намуд. Имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи омодагӣ ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ қарор дорад. Фаъолияти кории Пешвои миллатро давоми ин солҳо мебояд ба қисмҳо ҷудо намуд. Аввал, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар; Дувум, сиёсати ободкорию созандагӣ; Савум, бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ; Чаҳорум, такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи навин, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави олимони соҳаҳои илму техника дар кишвари мо ва ба ин васила фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ; Панҷум, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ; Шашум, таъмини амнияти озуқавории кишвар; Ҳафтум, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ; Ҳаштум, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон; Нуҳум, муаррифии пешниҳодҳои Певои миллат оид ба оби ошомиданӣ, лоиҳаҳои обӣ ва энергетикӣ дар иҷлосияҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид. Ҳамин буд, ки дар аксарияти ин пешниҳодҳо, аз ҷумла бунёди Нерўгоҳи барқии обии Роѓун мавриди дастгирию пуштибонии як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар даврае зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ фалаҷ гардида, байни табақаҳои мухталифи ҷамъияти кишвари Тоҷикистон ҷанги хонумонсўз сар зада буд. Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, бо роҳи осоишта ҳал кардани муноқиша миёни мардуми кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушду тарққӣ бахшидан ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тамоми қувваю тавоноии худро сафарбар карда, дар як муддати кўтоҳ ҳамаи ин мушкилотро пайдарпай ҳал намуд. Ҳамин ҷидду ҷаҳди шабонарўзӣ ва кордонию  сарварии оқилонааш буд, ки меҳру муҳаббати мардум нисбат ба ў дучанд гардида, 6 ноябри соли 1994 бо додани 59% ва 6 ноябри соли 1999 бо додани 97% овози худро ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ўро барои солҳои минбаъда сарвари кишвар интихоб намуданд.

Истиқлолияти энергетикӣ дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Аврупо Таир Мансуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро «яке аз асосгузорони ин созмон» номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон баҳои баланд дода буд. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ў изҳор дошт, ки «натанҳо нерўгоҳҳои обии Сангтўда ва Роѓун, балки дигар неругоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистон ин роҳи асосии тарққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтани ин гуна иншоотҳо бояд бо назардошти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигиранд». Ба андешаи ў «нерўи барқ натанҳо барои дохил, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки неруи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда» ба шумор меравад.

Барои кишвари мо, ки яке аз сарватҳои муҳимтаринаш об мебошад, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин масъаларо дарк карда, ҳанўз дар ҷаласаи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки соли 2003-юм «Соли байналхалқии оби тоза» эълон карда шавад ва Маҷмаи умумии СММ ин пешниҳодро ба хушнудӣ пазируфт. Пас аз таҷлили бомуваффақиятонаи ин сана Президенти кишвар «Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» - ро пешниҳод намуданд, ки ин ҳам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб истиқбол карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба манфиати тамоми сайёра истифода  бурдани обҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод намуданд, ки Хазинаҳои байналмилалии маблаѓгузор дар ин кори савоб ҳиссагузор бошанд: «Ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо солҳои охир барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо мекунанд. Сари ин масъалаҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳоло ҷиддӣ андеша кунанд»  қайнд намуданд, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.       

Ҳамагон шоҳиди онанд, ки барои тезонидани сохтмони НБО-и Сангтўда-2 Сарвари давлат чандин маротиба ба он мавзеъ сафар намуданд. Натиҷаи ин сафарҳо буд, ки дар аввали соли 2011 агрегати якуми неругоҳ ба кор даромад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз афзалиятҳои НБО-и Сангтўда-2 дар неругоҳ  маҷроӣ будани он мебошад, яъне он бе обанбор фаъолият менамояд. Дигар он, ки дар бунёди ин нерўгоҳ аз инфрасохтори НБО-и Сангтўда-1 истифода мешавад, зеро ҳар ду неругоҳ дар наздикии ҳамдигар ҷойгиранд ва ин боиси кам гаштани хароҷот мегардад. Ҳозир ин неругоҳ бо тавоноии лоиҳавиаш 220 МВт/соат фаъолият дошта, дар давоми як сол 1 миллиард кВт/соат нерўи барқ истеҳсол менамояд ва дар бартараф кардани мушкилоти энергетикии кишвар нақши муҳим мебозад.

Раиси ҷумҳурӣ зимни суханронии худ дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 қайд намуданд, ки: «Дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кўшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем». Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон имрўз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки: «Бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон, бо ҳиммати баланду эҳсоси гарми ватанпарастиаш ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии ҳамин мардуми шарифу сарбаланд дар солҳои наздиктарин ҳама гуна душвориҳои рўзгорамонро бартараф мекунем, нақшаҳои бузург ва ниятҳои тақдирсози оѓозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои ҳар сокини мамлакат зиндагии аз имрўза беҳтару сазоворро фароҳам меорад».

Ба истифода додани НБО-ҳои хурду калон, ифтитоҳи чандин корхонаҳои саноатӣ, ташкил гардидани садҳо ҷойҳои нави корӣ аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамчунин оид ба аҳамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика ва саноат, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сўзишворию энергетикӣ, таъмини ноҳияҳои дурдасти кўҳистон бо неруи барқ, ба кор андохтани неругоҳҳои барқи обии хурду калон, зарурати тезондани  ҷараёни истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолотро фаро гирифтааст, ибрози назар карданд. 

Тавре маълум аст, бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз  ҷумла, дар давраи миёнамуҳлат бунёди 200 корхонаи саноатӣ  дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷа қариб 18 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. 

Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои бунёдию стратегии кишвар - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмўи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа дар кишвар идома дорад. Дар ин ҷода баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сўзишвориву энергетикӣ, аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷўӣ ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин, кам кардани талафоти он вобаста мебошад. Имрўз дар баробари маблаѓҳои буҷетӣ барои рушди соҳаи энергетикаи мамлакат сармояи хориҷӣ низ ҷалб карда мешавад. 

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз ҷараёни корҳои сохтмониву ободонӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин барои кишт ва вазъи зиндагиву рўзгори сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин мавзеъҳо ҳамеша сафари корӣ анҷом медиҳанд. Сарвари давлат зимни мулоқоту вохўриҳои худ бо намояндагон ва аҳли заҳмати ин минтақаҳо ҳамеша ба зарурати истифодаи оқилонаи замин, саҳми муносиб доштан дар сарсабзиву хуррамии ватани азизамон, таъмини оилаҳои худ бо маводи озуқаворӣ, сўзишворӣ, рушди дигар соҳаҳои барои халқ зарурӣ ва истифода аз дигар имконот таъкид менамоянд. Аз ҷумла, саъю талоши Сарвари давлат ҷиҳати оѓоз ва анҷоми муваффақонаи бунёди Нерўгоҳҳои барқии обии «Роѓун», «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» ва даҳҳо нерўгоҳҳои хурду бузург дар ҳамаи мулоқоту вохўриҳояш бо масъулину фаъолони шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар ба назар мерасанд. 

Сарвари давлат дар ҷараёни боздиде, ки ахиран аз шаҳри Роѓун анҷом доданд, дар баробари шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум, пешрафту камбудиҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва рафти корҳои сохтмонӣ дар нерўгоҳи барқи обии Роѓун, инчунин ба анҷоми сохтмони ин нерўгоҳи бузург таъкид кард. Эмомалӣ Раҳмон афзоиши нақши Роѓун дар ҳаёти мамлакати моро бинобар сабаби бунёди бузургтарин нерўгоҳи барқи обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, онро барои кишвари мо дорои аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ маънидод намуданд. Президенти мамлакат дар ин замина ҳамчунин баён доштанд: «Мо рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи мамлакатамонро бе нерўгоҳи Роѓун тасаввур карда наметавонем. Иқтидори ин нерўгоҳи азим 3600 мегаватт ва арзиши умумиаш 3,4 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бо бунёди он дар як сол зиёда аз 14 миллиард киловатт-соат нерўи барқ истеҳсол мегардад, ки ин дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мо, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишварамон нақши ҳалкунанда бозида, илова бар ин, имкон медиҳад, ки Тоҷикистони мо ба яке аз давлатҳои асосии тавлидкунандаи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа мубаддал гардад».

Бо дарки ниҳоят муҳим будани ин масъала ва ҷиҳати идома додан ва суръат бахшидани корҳои бунёдкорӣ дар нерўгоҳ ҳар сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблаѓҳои алоҳида ҷудо мегарданд, ки ин барои боз ҳам таҳким бахшидани сохтмони он мусоидат менамояд. Таъсис додани Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роѓун» бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани ин иншооти тақдирсоз нақши арзанда хоҳад гузошт.

Дар давоми 24 соли Истиқлолияти давлатӣ бо cарварии оқилонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон халқи мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошт ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намуд. Аз ҷумла, ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукуматро муайян намуда, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакатро ба самтҳои асосии сиёсати давлат табдил дод. Ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодааст. Баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-истиқлолияти энергетикӣ танҳо дар ҳафт соли охир ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман, рушди соҳаи энергетика зиёда аз 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи зиёда аз 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблаѓи беш аз 6 миллиард сомонӣ идома дорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди нерўгоҳи барқӣ-обии «Сангтўда-1», нерўгоҳи барқӣ-обии «Сангтўда-2», хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афѓонистон, корҳои барқарорсозии нерўгоҳи Роѓун, таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ амалӣ гаштанд ва гардида истодаанд.

Дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ корҳои назаррас, монанди сохтани пулҳо, нақбҳо, аз ҷумла ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Хатлон» анҷом дода шуданд. Барои расидан ба ҳадафи дигари стратегии мамлакат – амнияти озуқаворӣ бошад, як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла ба деҳқонони кишвар додани заминҳои кишоварзӣ, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ гашта истодаанд.

Хулоса, дур нест он рўз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ пурра таъмин гардида, барои таъмини аҳолии мамлакат бо қувваи барқ заминаи мусоид фароҳам меояд.

Ҳамин тавр, бо кору амалҳое ки дар ду даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ эҷод шудаанд баробар ба садсолаҳо мебошанд. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф  гардида маҳбубият пайдо намуданд. Танҳо қабули қонун дар бораи асосгузори сулҳ ва Пешвои миллат ба он ҷомаи расмӣ пушонид. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон шоистаи Пешвои миллат аст.

Д. Солиҳов, 

декани факултети физика 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj