Пешвои миллат ва истиқлолияти энергетикӣ

Дар тўли таърихи башарият шахсиятҳое ба арсаи ҳастӣ меоянд, ки обрую нуфузи миллату давлати худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳақиқатан, барои халқ ва миллати тоҷик яке аз чунин шахсиятҳо ба шумор рафта, хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз  парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурўпошӣ наҷот додаанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи ў пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми  ҳуқуқӣ ва нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашт ва масоили истиқлолияти энергетикӣ зина ба зина ҳал гардида, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ- дунявӣ ва ягона шурўъ гардидаст.

Бояд зикр кард, ки ин ҳама хизматҳои  фарзанди обруманд ва Пешвои  миллат-Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми  давлатҳои ҷаҳон эътироф менамоянд ва бо он ҳамкориҳои судманди тарафайнро ба роҳ мондаанд.  Дар зарфи 24 соли роҳбарӣ давлати мо ба бисёр комёбиҳои бузургу беназир  ноил  гардид, ки ин ҳама инъикоскунандаи  хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар шароити муосир Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол метавонад  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  амнияти иқтисодиву сиёсӣ ва мустақилияти  худро нишон диҳад. Имрўз бе ягон шубҳа тамоми халқи ҷумҳурӣ  хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллатро қадрдонӣ менамоянд ва ҳама вақт омода ҳастанд, ки бо роҳи сиёсати пешгирифтаи ў қадам гузоранд.  Ин ифодагари фаъолияти насли имрўза аст, ки ҳамеша  хизматҳои Сарвари давлат-Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба забон меоранд, шукргузорӣ менамоянд ва тамоми насли наврас, ки ояндаи миллатанд бо меҳру эҳтироми хоси тоҷикона Сарвари кишварро “Бобои Эмомалӣ Раҳмон” мегўянд.

Тоҷикистон дар замоне соҳиби Истиқлолият гардид ва ба бунёди давлатдории хеш пардохт, ки низоми сиёсии ҷаҳон рў ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин кунад ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Хушбахтона, дар он марҳилаи тақдирсоз Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин дастоварди нодиртарини миллат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият мебошад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.

Нақши Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, Сарвари  хирадманду дурбин, асосгузори давлати навину ғамхори воқеии миллат дар радифи дигар масъалаҳои умдаю ҳаётан муҳими тақдирсоз дар таъмини тадриҷии истиқлолияти энергетикии давлати соҳибистиқлоламон бузургу бесобиқа ва беназир мебошад. Парокандагии Давлати Шўравӣ дар аввалҳои қарни гузашта низоми ягонаи таъминоти энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки дар ҳамбастагии энергетикӣ қарор доштанд, хароб намуда, мушкилоти зиёдеро дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва муфлисшавии иқтисодиёти мамлакат ба вуҷуд овард. Сарвари давлат бо дарки амиқи оқибатҳои ногувори сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мушкилоти мазкур масъалаи афзалияти истиқлолияти энергетикиро дар радифи дигар масъалаҳои умдаи кишвар ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба таври доимӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориҳои зиёдро барои рушди соҳаи энергетика ва сохтмони неругоҳҳои хурду миёна ҳидоят менамуданд. Зимнан бояд таъкид намоем, ки Ҷаноби Олӣ ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш аз нахустин рўзҳои интихоб гардиданашон ба ҳайси Роҳбари кишвар ба масъалаи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикии кишвар таваҷҷуҳи хосе намуда,  ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ватанӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.  Аз ҷумла, бо талошҳои бевоситаи Президенти кишвар то имрўз ба ин соҳаи муҳим  ҷиҳати сохтмон, таъмиру азнавсозии неругоҳҳо,  зеристгоҳҳои барқӣ, шабакаҳо ва хатҳои интиқоли барқӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ ҷалб ва мавриди истифодаи мақсаднок қарор дода шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки даҳсолаи охир бо баҳрабардорӣ аз неругоҳҳои навбунёди барқи обии «Сангтўда-1»,  «Сангтўда-2», «Помир», даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаи маҳаллӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар саросари ҷумҳурӣ аз тақрибан  4000 то ба 5500 мегавват расонида шуда, бунёди бузургтарин иншооти энергетикии аср – НБО-и «Роғун» бомуваффақият идома дорад, ки натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандонаю пайгирии Президенти мамлакат дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Ҷаҳду талошҳои Ҷаноби Олӣ буд, ки зимни аз миён бурдани мушкилоти асосии шаҳрҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо неруи барқ, боварию эътиқоди мардум ба сиёсати ҳадафмандонаи Сарвари давлат ҳамчун роҳбари ғамхору дурандеш ва мушкилкушо зиёд гардид. Дар ин давра, воқеан ҳам, як силсила корҳои бузурге дар самти рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон анҷом дода шуд, ки иҷрои он ҳатто дар замони Шўравии  қудратманд ғайриимкон дониста мешуд. Намунаи он бунёди хатҳои интиқоли барқи 500  киловолтаи Ҷанубу Шимол имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Дар маҷмўъ, дар ин давра зиёда аз 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВт. зиёд сохта,  хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 220 кВт. «Лолазор-Хатлон», 220 кВт. Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд ва баробари эҷоду ҳифзи ҳалқаи ягонаи энергетикии кишвар ва аз миён бурдани хавфи парокандагии системаи ягонаи энергетикии кишвару манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии он, дар маҷмўъ, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти миллӣ низ хеле муҳимму арзишманд мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти мамлакат асосгузор ва ташаббускори асосии таҳия ва татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ (CASA-1000) аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Ҷумҳурии Исломии Покистон  буда, дар бобати ба кишвари бузурги тавлидкунандаи нерўи барқи  аз лиҳози экологӣ тоза табдил додани Тоҷикистон саҳми воқеан ҳам беназире доранд. Зина ба зина татбиқ гардидани ин лоиҳа сабаби беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ гардида, имкониятҳои истеҳсолии онҳоро боз ҳам васеътар мегардонад. Ин лоиҳа бори дигар нишон медиҳад, ки Сарвари давлати мо на танҳо ғамхори халқи тоҷик, балки ғамхори аҳолии тамоми минтақаи Осиёи Марказию  Ҷанубианд.

Дар ин ҷода бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, конференсия ва намоишҳои бузурги байналмилалӣ дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳои шаффоф ҷиҳати татбиқи васеи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои бойи оби давлатамон масъалагузориҳо намудаанд. Ҷаноби Олӣ, баробари ба ин манбаи бебаҳои энергетикии кишвари азизамон ҷалб намудани  таваҷҷуҳи ҷаҳониён, тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ  таҳияи асоснокнамоии техникию иқтисодӣ ва  экологии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро  тибқи талаботҳои имрўза анҷом дода,  масъалаи аз лиҳози ба меъёрҳои бехатарӣ,  устуворӣ,  экологӣ ҷавобгў будани иншооти мазкур ва имконияти дар садсолаҳои минбаъда барои на танҳо кишварамон,  балки  минтақа хизмат намудани онро собит намуданд, ки бо бунёди чунин иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии интиқоли қувваи барқ кишвари мо метавонад ба бузургтарин тавлидгар ва содиркунандаи неруи барқ мубаддал гардад.

Имрўз дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар маркази диққати Роҳбари давлат  қарор дошта,  дар буҷети мамлакат барои соли 2016 ҷиҳати рушди соҳаи мазкур зиёда аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки шаҳодати равшани сиёсати пайгиронаи Ҷаноби олӣ дар боби таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар барои имрўзу ояндаи он мебошад.

Ҳоло бошад, корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии “Шўроб”, “Нуробод-1”, “Нуробод-2” “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии ба нақша гирифташуда ба итмом расонида мешавад. Дар баробари ин таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак идома дошта, соли 2015 корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои Қайроқум ва Сарбанд шурўъ мегарданд. Танҳо барои амалисозии ин се лоиҳа, яъне таҷдиду барқарорсозии нерўгоҳҳое, ки зиёда аз 40-50 сол боз хизмат мекунанд, якуним миллиард сомонӣ равона карда мешавад.  

Ногуфта намонад, ки роҳи расидан  ба ҳадафи истиқлолияти энергетикии кишвар мисли дигар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат мушкилоту монеаҳои муайянеро дар пай дошт, ки боиси шарҳу тавзеҳоти гуногун дар дохил ва хориҷ қарор мегирифт. Хушбахтона, воқеияти зиндагии ҷомеаи кунунии мамлакат ҳамчун далели равшани ҳақиқати бебаҳси сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар самти тадриҷан ба кишвари бузурги тавлидкунандаю содиркунандаи неруи барқи обӣ мубаддал намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро низ ба ҳақиқати амалигардонии ин  сиёсати амиқу дурбинона мутмаин созад, ки ногузир аз обрую эътибори кишвари тоҷикон ва роҳбари шоистаи кишвари тоҷикон дарак медиҳад.

Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерўи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъю кўшиш намоем ва бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми чор соли оянда бо неруи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон кушиш намоем. Дар ин самт корҳои зиёде бо мақсади омўзиши ҳавзаҳо ва конҳои нафту газ ва истифодаи онҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба пешбурди корҳои ҷустуҷўиву иктишофӣ ва истифодаи захираҳо ҳамкорӣ бо 11 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ ҷараён дорад, дар соҳаи истихроҷи ангишт 12 корхонаи гуногун кор мекунанд.

Ба истеҳсоли неруи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кўшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Танҳо дар 7 соли охир, ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалан татбиқ шудаанд, ки маблағи умумии он дар маҷмўъ зиёда аз 12 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Айни замон, амалисозии 10 лоиҳа бо арзиши умумии 6 млрд. сомонӣ идома дорад.

Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиду бозсозии НБО-и Варзоб-1», «Таҷдиду бозсозии гидроагрегати №4 НБО-и Сарбанд» ва «Иваз намудани дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220кВ дар НБО-и Норак», ба маблағи умумии 350 млн. сомонӣ ба анҷом расида, иншоотҳои мазкур ба истифода дода шуданд. Айни замон НБО-и «Сангтўда-2» барои истифодаи пурра бо иқтидори 220 МВт тайёр буда, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии 2-и пойтахт ибтидои соли 2014 навбати якуми он бо иқтидори 50 МВт мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин давра иқтидорҳои барқистеҳсолкунандаи кишвар нисбат ба иқтидорҳои давраи то Истиқлолият 928 МВт. афзоиш ёфта, аз 4 338 ба 5 266 МВт расонида шуд. Бо мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ идеяи таъсис додани Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки то ҳол моҳияти худро аз даст надодааст. Ин ибтикороти давлати Тоҷикистон аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ берун намемонад ва ин буд, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид “Энергияи устувор барои ҳама” дар қатори панҷ кишвари олам Тоҷикистон ба сифати кишвари таҷрибавӣ пешниҳод гардид, ки ҳамаи ин хизмати бебаҳои Сарвари давлат аст. Дар охир ақидаҳои худро бо мисраъҳои шоир ҷамъбаст карданием:

Бар Сарвари мо нусрату унвон муборак,

Эҳсони худовандӣ бар инсон муборак.

Обидов Ф.С., д.и.и., профессор 

Саидмуродова М.А., н.и.и., дотсент 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj