Пешвои миллат ва омўзиши забонҳои хориҷӣ

«Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъӣ талаб мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар баробари соҳиб  шудан  ба Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани  соҳаи маориф хеле таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, қонун ва қарорҳои заруриро қабул намудааст.   Дар  моддаи  41  Сарқонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  зикр  шудааст, ки  «Ҳар  як  шахс  ҳуқуқ  ба  таҳсил  дорад.  Таълими  умумии  асосӣ  ҳатмист.  Давлат  таълими  умумии  асосии  ҳатмии  ройгонро  дар муассисаҳои   таълимии   давлатӣ   кафолат  медиҳад». Дувум  ҳуҷҷати муҳим  оид  ба  маориф  «Консепсияи  миллии  таҳсилоти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ба ҳисоб  меравад. Он  аз  баёни  мафҳумҳои  таҳсилот  ва  ҳашт  боб  иборат  буда,  дурнамои  сиёсати  давлатро  дар  соҳаи  маориф  муайян месозад  ва тамоюлоти  инкишофи  ин  системаи  аҳамияти  стратегӣ доштаро дар  шароити  муносибатҳои  нави ҷамъиятӣ  ба танзим медарорад. Дар  ин  ҳуҷҷати  давлатӣ  таъкид  карда шудааст, ки таҳсилот аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри 21 буда, дар системаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ самти афзалиятдошта маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  узви  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  ва  аъзои Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  дар  ташкили  фазои  ягонаи  таҳсилот  як  қатор  ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатиро ба табъ расонидааст, ки таѓйирпазирӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи он ба беҳдошти ҳаёти инсон асос гузошта, тафаккур, заковати фикрӣ, шуур, маънавиёт ва ҳунари эҷодгари ўро ба ҳаракат меоварад.

Дар  ин ҳуҷҷат,  инчунин,  гуфта  шудааст, ки  омўзиши  забонҳои хориҷӣ  махсусан  забони  русӣ, англисӣ  ва арабӣ  дар  ҳамбастагӣ  бо  забони модарӣ аз  синфҳои    ибтидоӣ оѓоз   меёбад  ва тамоми марҳилаи  таҳсилотро дар бар мегирад.  Зарурати омўзиши  забони   хориҷӣ ҳамчун  сарчашмаи  дониш  барои омўхтани  илму фарханги дунё, прогресси  илмӣ-техникӣ  ва воситаи  муоширати  байни миллатҳо  бояд ба эътибор гирифта шавад. 

Аз ин лиҳоз омўзиши забонҳои хориҷӣ, барои ҳар як мутахассиси соҳаҳои мухталиф  аҳамиятнок буда, тақозои замон аст. Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати касби ҳаррўза истифода бурда метавонанд, меафзояд. Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад. 

Вазъияти ҳозираи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ таъсири мусбат мерасонад. Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ нисбат ба забон дар кишвар дар қатори забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробари фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омўхта шаванд. Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат омўзиши забонҳои русиву англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва таҳсилоти олии кишвар ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Гузашта аз ин, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ ва гўшаву канорҳои гуногуни кишвар литсейҳои Президенти кушода шудаанд, ки омўзиш дар онҳо бештар ба забонҳои хориҷии байналмилалӣ сурат мегирад.

Гуфтан бамаврид аст, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор гардидани робитаҳои фарҳангӣ дар баробари омўзиши забони русӣ зарурати омўзиши забони англисиро ба миён овард. Ҳамин  аст, ки Сарвари кишвар дар бештари суханрониҳои худ ба зарурати забондонии ҷавонон таъкид менамоянд. Зеро ҳал намудани масъалаҳои глобалӣ,  чун нашъамандӣ, терроризми байналмилалӣ ва ҳифзи табиат маҳз дар робитаи дўстонаи халқу миллатҳо сурат мегирад ва яке аз роҳҳои асосии ҳамгироии миллатҳои ин сухан гуфтану донистани забони ҳамдигарист.

Саидов Ҳ.А., доктори илмҳои филологӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj