Пешвои миллат ва рушди воситаҳои электронии ахбор

        Дар чунин шароите, ки муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ ҳамчун як рукни ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма барои муқовимат ба арзишҳои бегона, устуворӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид таъкид месозанд: «Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣвазифаи шабакаҳои иттилоотӣзиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».
        Нашрияи «Бухорои шариф» пойдевор ё худ нахустсаҳифаи на танҳо матбуот, балки тамоми ВАО-и тоҷик аст. Ҳамин аст, ки ҷашни касбии рўзноманигорони тоҷик ба рўзи нашри шумораи нахустини ин нашрия тавъам аст. Метавон гуфт, ки орзуву омоле, ки мубтакирони нахустнашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» дар дил мепарвариданд, баъди чандин даҳсолаҳо ҷомаи амал пўшид. Яъне, миллати тоҷик дар охирин даҳаи асри 20 ба марҳилаи нави таърихи худ ворид гардид, ки он ба истиқлолияти комили сиёсии давлати тоҷикон рабт мегирад. Масири истиқлолияти кишварро бидуни фаъолияти ВАО наметавон тасаввур кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рўзҳои фаъолият ба ҳайси роҳбари кишвар таваҷҷуҳ ва муносибати хос ба фаъолияти ВАО ва озодии баён дошта, дар ин роҳ иқдомоту талошҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Мантиқист, агар гўем, ки тамоми дастовардҳои ҷомеаи имрўзаи мо дар самти фаъолияти густурдаи расонаҳо ва озодии баён комилан ба иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат марбут аст. Аз нахустин қадамҳои роҳбарӣ Сарвари давлат талош карданд, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО фароҳам оварда шавад. Дар ин росто даҳҳо асноди ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарору қонунҳо, амру фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд ва бо назардошти талаботи замон такмил меёбанд. Ва ҳамаи ин аснод дар такя ба санади олии ҳуқуқии кишвар – Конститутсия рўйи кор омадаанд.
Арзишҳои умумибашарие, аз қабили озодии баён, ошкорбаёнӣ ва гуногунандешӣ ба маънии ҳақиқӣ ба ВАО-и мо маҳз дар замони истиқлолият роҳ ёфтанд ва баёнгари устувории кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ мебошанд.Муҳимтар аз ҳама сензура аз байн рафта, фаъолияти расонаҳо танҳо дар асоси қонунҳо танзим мешавад. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи принсипҳои ҳақиқатбаёниву воқеънигорӣ дар роҳи таъмини озодии баён ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки талаботҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, фаъолият карда истодаанд.
Бо тасмиму мусоидати бевоситаи Пешвои миллатаз авали асри нав –асри 21 бо фароҳам омадани шароити сулҳу субот таъсиси шабакаҳои нави радиоиву телевизионии ҳам давлативу ҳам ғайриҳукуматӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, соле нест, ки 2-3 шабакаи нав ба фаъолият оғоз накунанд. Яъне, дар ин давра васоити электронии ахбори ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа рушд ва инфрасохтори соҳаи радиову телевизион ба шароити муосиру талаботи замон мувофиқ карда шуд. Муҳтавои барномаву намоишҳо, маҳорат ва касбияти кормандон тағйиру такмил ёфт. Дар баробари як шабакаи умумии телевизионии замони то истиқлолияти давлатӣ имрўз 7 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ – «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», «Варзиш» ва «Футбол» ва дар тамоми вилоятҳои кишварамон телевизионҳои вилоятӣ бо мазмуну муҳтавои гуногун бо назардошти манфиат ва завқи тамошобинон фаъолият доранд. Яъне, ин телевизионҳо сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, соҳавӣ, кўдакона, варзишӣ буда, фазои иттилоотии кишварро пурра месозанд. Он рўз дур нест, ки Телевизиони «Душанбе» низ мақоми ҷумҳуриявӣ пайдо карда, дар саросари ҷумҳурӣ пахш гардад. Дар баробари ин чандин телевизионҳои минтақавию ноҳиявӣ ва шаҳрии ғайриҳукуматӣ таъсис ёфта, фаъолият доранд. Ба гунаи мисол метавон аз «СМ-1», «Азия», «Гули бодом», «Ҷаҳоноро», «Доро», «Мавҷи Восеъ», «ТВ Регар», «СМТ» ва ғайра ном бурд.
        Дар самти радиошунавонӣ низ комёбиҳои мо ба ибтикороти созандаи Пешвои миллат рабт мегиранд. Имрўз Радиои «Тоҷикистон» 4 шабакаи радиоии ҷумҳуриявиро муттаҳид месозад. Дар баробари Радиои «Тоҷикистон», ҳамчунин, дар фазои иттилоотии кишвар шабакаҳои «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» пахш мешаванд. Радиоҳои ғайриҳукуматии «Азия-плюс», «Ватан», «Имрўз», «Тироз» «Авис-плюс» дар фазои иттилоотӣ ҷойгоҳи сазовор ва шунавандаи худро доранд. Агар то истиқлолият Радиои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Саридораи барномаҳои бурунмарзӣ дар як шабонарўз 26 соат гуфтор дошт, пас, имрўз танҳо аз тариқи шабакаҳои радиоӣ (ҳам ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ) дар як шабонарўз 400 соат гуфтор пахш мешавад. Дар умум, аз чор се ҳиссаи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ ба бахши ғайриҳукуматӣ рост меоянд. Ва ин шабакаҳо на танҳо фазои иттилоотии моро комил месозанд, балки дар таъмини амнияти фазои иттилоотӣ, ташаккули афкори умум саҳм мегузоранд.
Дар маҷмуъ ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо беш аз 70 муассисаи телевизиониву радиоӣфаъол буда, аз ин ҳисоб 9 телевизион ва 10 радио давлатӣ, 32 телевизион ва 20 радио ғайриҳукуматӣ мебошад.Ин расонаҳо барои боз комилтару рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рўҳияи тоҷикият, худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастӣ тарбия намудани насли наврас, боло бурдани маърифати ҷомеа,  дастрасии бештари мардуми Тоҷикистон ба иттилои зарурӣ мусоидат менамоянд.
Сарфи назар аз пешрафтҳои техникӣ, дар замони шўравӣ радио 80 фоиз ва телевизион камтар аз 70 фоизи ҳудуди кишварамонро фаро мегирифт. Мувофиқи маълумотҳо имрўз пахши радиову телевизиони Тоҷикистон дар фазои тақрибан 99% ҳудуди ҷумҳурӣ роҳандозӣ гаштааст. Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳо, Пешвои миллат зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма фаъолияти ВЭА-ро баррасӣ карда зикр карданд ки «… фазои иттилоотии кишвар ҳанўз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад.»Ин ҳушдор бо он асос меёбад, ки ҳанўз ягон шабакаи навтаъсис ҳудуди мамлакатро ба таври пурра фаро намегирад.
Пайваст шудани телевизионҳои давлатӣ ба системаи моҳвораӣ ва гузаштан ба пахши рақамӣ аз дастовардҳои қобили андеша дар ин самт буда, дар муаррифии зиндагии шоистаи мардуми мо ба оламиён ва беҳтар шудани сифати барномаву намоишҳо нақши муҳим мебозад.
Имрўзҳо дастрасӣ ба иттилоот тариқи технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ як ҷузъи муҳимми рўзгори мардум гардидааст, ки интернет аз чунин имкониятҳост. Тибқи омори расмӣ, беш аз нисфи сокинони мамлакатамон аз шабакаи интернет истифода мебаранд. Имрўз маводи матбуот. иттилои агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои радиову намоишҳои телевизионро аз тариқи интернет дастрас карда метавонем. Иқрор бояд шуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳолии ягон  кишвар баробари мардуми мо имконияти дастрасӣ ба интернетро надоранд. Рушди рўзафзуни технологияи иттилотиву иртиботӣ низ самараи сиёсати созандаи Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин самт иқдомҳои ҳукумати кишвар натиҷаи дилхоҳ овардаанд. Қариб тамоми нашрияҳои ҷумҳуриявӣ (ҳам давлативу ҳам ғайриҳукуматӣ) сайтҳои интернетии худро доранд. Матбуот ва агентиҳои иттилотии мо бо доштани сайтҳои интернетӣ аудиторияи худро тавсеа мебахшанд ва ба он наздиктар мешаванд.  Ҳамин як таҳлили мухтасар кофист, то хулоса кунем, ки Пешвои миллат барои рушди ВАО, аз ҷумла радиову телевизион  хизматҳои шоёне анҷом дода, фаъолияти онҳоро ба дараҷаи сифатан нав раҳнамоӣ кардаанд.
Дар ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулосаи қавӣ нуҳуфтааст: «Манфиатҳои миллӣтақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣдар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Сангин ГУЛОВ,
мудири кафедраи телевизион ва
 радиошунавонӣ, дотсент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj