Пешвои миллат ва экология

Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои дўшворӣ буҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дўши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд. (аз Муроҷиати президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқ 7.01.1995)

Дар замони ҳозира экология ва ҳифзи табиат яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи зиёда аз 40 созмони байналмилалӣ буда, аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ба раванди ҳаллу фасли мушкилотҳои экологии глобалӣ ҳамроҳ шудааст. Қобили шукргузорӣ ва сипос аст, ки дар ин ҷода Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон сиёсати экологиро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд. Дар давоми 24-соли Истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 конвенсияи байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар ин муддат дар кишвари мо бештар аз 50 қонун оид ба экология, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат қабул карда шудааст. 

Имрўз мо дар арафаи буҳрони экологӣ қарор дорем. Буҳронҳои хурди экологӣ то рафт миқёси зиёдеро фаро гирифта ба сатҳи умумиҷаҳонӣ расида, боиси гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушкшавии баҳрҳо, зиёдшавии заминҳои зериобмонда, таназзулёбии замин, нобудшавии гуногунии биологӣ шуда истодааст. Мутаассифона, мафкура, рўҳия, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи мо ба талаботи экологии имрўза ҷавобгў нест. Ҳолати рўҳии инсон ва муносибати ў ба захираҳои табиату муҳити зист тағйироти ҷиддиро талаб мекунад. Инсоният дар таърихи инкишофаш барои қонеъ намудани талаботи худ ҳазорҳо намуди ҳайвоноту растаниҳоро нобуд сохта, на танҳо ба муҳити зист, балки манбаъҳои хўрокворӣ, маводҳои сохтмонӣ ва базаи хўроки чорворо ба хатари нобудшавӣ овардааст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки шахсони алоҳида, мардум баъзе аз табақаҳои ҷамъият ба захираҳои табиӣ ҷиддӣ муносибат намекунанд. Инсон гумон дорад, ки захираҳои табиат тамомнашавандаанд ва аксари мамлакатҳо ҳаҷми истифодаи захираҳои табии мавҷударо зиёд менамоянд. Имрўз инсон ҳатто ба захираҳои энергияи ядроӣ, ки дар давраи ибтидоии пайдоиши замин ҳамчун ҷисми кайҳонӣ ба вуҷуд омадаанд, даст задааст ва танҳо дар асри ХХ ҳаҷми истифодаи захираҳои табиии ҷаҳон 18 маротиба зиёд шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда аз бонуфузтарин минбарҳои байналмилалӣ проблемаҳои доғи сайёра – пешгирии хатарҳои экологиро ба миён гузошта, барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои арзандае кардааст. 

Буҳрони экологии ба миён омадаро ҳанўз соли 1995 Президенти мамлакат дарк намуда, ба мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат намуда буданд: «Мо ҳамеша ифтихор доштем, ки сарзамини азизи мо - Тоҷикистон табиати бою рангин, иқлими мусоид, хоки ҳосилхез, маъданҳои нодир, ҷангал, марғзорҳои сабзу хурам дорад. Мо ҳамеша итминон доштем, ки ин замини босаховат ва ин табиати пурфайзу баракат мову наслҳои ояндаи моро мехўронаду мепўшонад. Мо бояд аз он шукрона гўем, ки ҳамин обу хоки ба файз ва ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рўзҳои ба сарамон омада, баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт. Вале мутаасифона ҳангоми сафарҳоям»- навиштаанд Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаашон ба халқи Тоҷикистон «ба минтақаҳою ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ манзараҳоеро мебинам ва маълумотҳоеро мешунавам, ки касро ба ташвиш меоварад. Ҷангалзорҳо бераҳмона бурида мешаванд, ҳазорҳо гектар заминҳои ҳосилхез бо сабаби нодуруст истифода кардан гирифтори эрозия ва облесӣ гардидаанд. Ҳатто боғҳои ҳосилдиҳанда, ниҳолу дарахтони оромгоҳҳо барин ҷойҳои муқаддас несту нобуд шуда истодаанд, ки ин амали зишту носавоб ҳеҷгоҳ ба мардуми бофарҳанги мо хос набуд. Охир ҳикмати халқ аст, ки инсон дар зиндагӣ бояд аз худ 3-нишона: фарзанди нек, хона ва ниҳоли боровар боқӣ гузорад…».

Таъсири нодурусти инсон ба олами набототу ҳайвонот сабабгори он гардид, ки бисёр намудҳои набототу ҳайвонот миқдоран кам ва баъзеашон ба дараҷаи нестӣ расида, ба Китоби сурх дохил шуда, муҳтоҷи нигоҳдорӣ мебошанд. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон, ки соли 1988 ба табъ расида буд, 226 намуди наботот ва 163 намуди ҳайвоноти Тоҷикистон дохил шудааст. Аз ин рў, барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ 22 сентябри соли 2010 Пешвои миллат-Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар машварати сатҳи баланди Маҷмааи Умуми СММ ба сифати саҳм дар гузаронидани соли байналмилалии гуногунии биологӣ баромад карда, иброз намудаанд, ки кўҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бойи генофонди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад. Дар асоси ин захираю имконот навъҳои нави селексионӣ ва зотҳои навро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дар бисёр марказҳои ҷаҳонии коллексионии захираҳои генетикӣ намунаҳои навъҳои генетикие маҳфузанд, ки дар кишвари мо ёфт шудаанд. Қисми зиёди ин боигарӣ барои навъҳои сершумори фоиданоки озуқаворию шифобахш асос гузоштааст. Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон ба хотири кам кардани таъсири номатлуби инсону ҷомеа ба муҳити атроф тадбирҳои муассиру мухталиф меандешанд, ки мақсад аз он нигоҳ доштани гуногуннавъии биологӣ ва дигар экосистемаҳо мебошад. Дар ин робита ва бо мақсади иҷрои уҳдадориҳо бо супориши бевоситаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо оид ба татбиқи санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногуннавъии биологӣ дар сатҳи ниҳодӣ (институтсионалӣ), қонунгузорӣ ва сиёсӣ кори бузургеро анҷом додааст. 

Бо иштироки Барномаи Рушди Созмони Милал ва дигар сохторҳои Созмон оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногуннавъии биологӣ бо пешниҳоди Пешвои миллати тоҷикон-Эмомалӣ Раҳмон санадҳои бунёдӣ –Стратегияи миллӣ ва Нақши амалиёти марбут ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ, санади сиғавии миллӣ оид ба бехатарии биологӣ, Қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи бехатарии биологӣ» таҳия ва қабул гардида, як силсила санадҳои дигари барномавӣ омода карда шудааст. Бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи ин абармарди дунёи сиёсат дар Тоҷикистон Маркази миллии нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ фаъолият дошта, ин сохтор дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои ҳукуматӣ ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи амалии Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёти номбурда мусоидат менамояд.

Ба шарофат ва саъю кўшишҳои Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон, ки ба беҳдошти вазъи экологии мавзеъҳои табии махсусҳифзшаванда, нигоҳдории захираҳои генетикӣ ва умуман гуногуннавъии биологӣ равона гардидаанд, ба мо имкон додааст, ки талафоти гуногуннавъии биологиро пешгирӣ намоем ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто саршумори навъҳои нодири ҳайвонот – оҳуи қашқа, ҷайрон ва бабри барфиро барқарор намоем. Дар асоси далелҳои илмӣ Пешвои миллат дар баромадашон иброз намуданд, ки захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд ва тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат барои кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар навъи набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. 

Бо дарназардошти нақши назарраси кўҳистони Тоҷикистон дар нигоҳдории захираҳои биологӣ ва аҳамияти бузурги онҳо дар ташаккулу бақодории иқлими минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ба он наздик, Пешвои миллати тоҷикон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ пешниҳод намуданд, ки Созмони Миллал дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон Маркази минтақавии кўҳистонии гуногуннавъии биологиро таъсис диҳад. Бидуни шак, чунин иқдом ба пайдоиши яке аз марказҳои муҳимтарини тадқиқоту идораи гуногуннавъии биологии кўҳӣ дар сатҳҳои минтақавӣ, субминтақавӣ ва глобалӣ сабаб хоҳад гашт.

Табиат ба тамоми ҳастияш гуворост, вале об бузургтарин неъматест, ки барои инсоният ато шудааст. Об ба хотири он нуфузе, ки дар оғозу таърихи офаринишаш тавлиди ҳаёт, нумуи растаниҳо, зиндагии ҳайвонот ва ҳаёти одамонро дорад, дар таърихи афкори маънавии инсоният ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтааст. Воқеан, об ва зиндагии маънавию фарҳангии инсоният бо ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд, ки дар ин бора Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ чунин гуфта буд: «Ҷойи баҳс нест, ки бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ дар соҳили дарёҳои серобу водиҳои ҳосилҳез пайдо шуда, сипас шуҳрати оламгир ёфтанд. Тамаддуни Мисри Қадим дар канораҳои дарёи Нил, тамаддуни Бобулу Ошуро дар минтақаҳои ҳосилхези миёни рўдҳои Даҷла ва Фурот, тамаддуни Ҳинд дар ҳамвориҳои байни дарёҳои Хуанхе ва Янсизсӣ падид омада, минбаъд ба ташаккул ва инкишофи тамаддуни башарӣ мусоидат намудаанд. Тамаддуни ориёӣ ва ҷашни Наврўз низ дар марзҳои ҳосилхези байни дарёҳои Ому ва Сир арзи ҳастӣ намуда, сипас дар ҷараёни муҳоҷирату кишваркушоиҳо ва густариши робитаҳои маданию тиҷоратӣ, хусусан тавасути роҳи бузурги абрешим ба чаҳор самти олам паҳн шудаанд. Ва шояд ҳамин асолати куҳанбунёд ва оини парастишу муқаддас доштани об чун манбаи ҳаёт буд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аввал ташаббуси «Соли оби тоза», сипас даҳсолаи «Об – манбаи ҳаёт»- ро пешниҳод кард ва ин иқдомҳои башардўстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд».

Боиси хушнидист, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани даъвату ташаббусҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ обурўву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар бардошт ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар ҳалли проблемаҳои экологии об дар арсаи байналмилалӣ маъруфу маҳбуби оламиён гардонид. Вақте аз ҷониби Президенти кишвар соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод гардид, қисман мардуми олам кишвари моро кишвари беобу лабташна гумон мекарданд. Ҳол он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аст, дар ҷаҳон ҷойи 8-ум, дар миқёси ИДМ ҷойи 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад. Захираҳои оби равони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна соле 62,0 км3 -ро медиҳад, ки 12км3 дар қаламрави ҷумҳурӣ сарф мешавад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 8492 пиряхи калонҳаҷм, 1300 кўл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст. Тоҷикистон гарчанде дар саргаҳи ташаккулёбии манбаъҳои оби тоза қарор дораду соҳиби беш аз 55,4 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз танқисии об худро канор гирифта наметавонад. Дар баробари ин, мо чун мулки сароб имкониятҳои фаровоне дорем, ки ояндаи наздик манбаъҳои оби софамонро чун моли асосии бозоргир ба маҳсулоти содиротӣ табдил диҳем. «Арзиши об аз нафту газ, ангишт ва дигар анвои сўзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест»- гуфтани Президенти мамлакат ба ҳамин маъност. Дигар сабаби ба муҳокимаи оламиён гузоштани масъалаи об аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон аз оби тоза маҳруманд. «Вақте, ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нўшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истифодаи оби олуда ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема, алалхусус, бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем» - иброз намудааст Эмомалӣ Раҳмон. 

Дар радифи ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ гардем. Роҷеъ ба истифодаи об танҳо дар зарфи 50 соли охир ҷаҳони башарӣ шоҳиди 37 ҳодисаю муноқишаҳо гардидааст. Ҷанги байни Покистону Ҳиндустон барои азхудкунии дарёи Ганг ва низоъҳои дохилии байнидавлатии Ветнаму Камбоҷа, Исроилу Судону Миср, Судону Ҳабашистон ва ғайраҳо аз ҳамин ҷумлаанд. Зарурият ва моҳияти ҳалли ин масъалаҳо характери глобалӣ дошта, дар мадди аввали сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва сарвари он қарор гирифтааст. 

Аз рўи баъзе маълумотҳо ҳануз тақрибан 750 млн. нафар одамон дар ҷаҳон ба оби тозаи нўшокӣ ва 2,5 млрд. нафар ба шароити кофии беҳдошти дастрасӣ надорад ва тақрибан 1млрд. 300 млн. одамон ба неруи барқ таъмин нестанд. Офатҳои табии марбута ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 млрд. доллари амрикоӣ хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагии зиёда аз 1 млрду 200 млн. одам дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 млрд. нафарро ташкил дода, ба афзудани истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда, аллакай, зиёда аз 50% и аҳолии сайёра ба мушкилии норасоии об рў ба рў мегардад. Чунин вазъи муташанниҷи экологиро ба назар гирифта, Пешвои миллати Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об ба ҷомеаи ҷаҳони ташаббуси нави Тоҷикистонро дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон намуданд. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад. Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Конвенсияи СММ «Дар бораи тағйирёбии иқлим» соли 1998 ҳамроҳ шуда, оид ба ин масъала 5 маротиба аз минбарҳои СММ оид ба пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим пешниҳодҳои хирадмандонае кардаанд, аз ҷумла, 30 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия оид ба тағйирёбии иқлим баромад намуда, чунин иброз намудаанд, ки  ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир баҳисоб меравад. Имрўз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлимрў ба рў гардидаанд. Кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кўҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад. Обшавии босуръати пиряхҳо барасари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхи хурду калони Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.

Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд. 

Ҳолати кунунии вазъи муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рўзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад.

Бо вуҷуди он, ки тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ соли 2010 Тоҷикистон дар робита ба партови гази дуоксиди карбон (СО2) дар ҷойи 135-ум қарор дошт, кишвари мо зимни рушди иқтисоди худ ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ки коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро дар назар доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пилотӣ дар самти тағйирёбии иқлим бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва Фонди сармоягузории иқлим (CIF) дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ҳамкориҳои муфид анҷом медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ рушди минбаъдаи соҳаи энергияи таҷдидшавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад. Ба ҳамин тартиб, кишвари мо ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус, гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рў, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар ин замина, Тоҷикистон ба муваффақияти Фонди Иқлими Сабз барои кумак дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, Фонди мутобиқшавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт манфиатдор аст.

Барои кишвари мо татбиқи чораҳои амалӣ дар робита ба ҳифзи экосистемаи кўҳӣ, аз ҷумла, дар самти пешгирӣ аз таназзули захираҳои обӣ (дарёҳо, кўлҳо, захираи барф ва пиряхҳо) ва табиӣ ниҳоят муҳим мебошад. Боздоштани таназзули минбаъдаи муҳити зист дар ҳавзаи Баҳри Арал, аз ҷумла, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва заминҳои кишт, таъмини устувории муҳити зист амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд. Ҳамин тавр, коршиносони соҳаи экология ва ҳифзи табиат Сарвари давлати Тоҷикистонро дар асоси саҳм ва нақшашон дар соҳаи экология ва ташаббусҳои хирадмандонаашон дар ҳалли мушкилоти экологӣ  и табиат меноманд.

Дар охир ҳаминро гуфтанием, ки суханони зерини Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бояд шиори зиндагии мову шумо бошад: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рўи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кўҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надорад. Пас, месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем».
Каримов А.И., декани факултети биология
Саидов М.К., устоди факултети биология

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj