Пешвои миллат- ифтихори миллат

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рўбарў омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Мардуми тоҷик дар шахси намояндагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандўст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамин рўзҳои охири тирамоҳи соли 1992 бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буд, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Вай дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳӣ зўрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».

Барқарор гаштани сулҳ дар мамлакат нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро сухан бо амал тавъам аст. Зеро ҳамватанон  дар хотир доранд, ки ў дар нахустин муроҷиатномааш ба мардуми мамлакат, аз ҷумла, гуфта буд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муққадас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд ва ба Ҳукумати мамлакат имконият пеш омад, то ҳамкориҳои  бештару густурдатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун бунёдгузор ва роҳбари сиёсати хориҷию дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани муносибатҳои умдаи стратегӣ бо Федератсияи Россия ва муносибатҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо густаришу тавсеаи равобит бо дигар давлатҳои ҷаҳон аҳамият дода, барои ҳамаи кишварҳое, ки моил ҳастанд, бо давлати мо муносибатҳои судманду хайрхоҳона дошта бошанд, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон намуд.

Имрўз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, тақрибан бо 130 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрўз шахсияти муҳташами Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, ливои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард. Ба шарофати ҳамин пайванд аст, ки имрўз ҳамкориҳои пайванд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса пайдо намуда, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии  ҷумҳурӣ гардид.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи  давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил шуд ва имрўз ба сўйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба намояндагӣ аз он ниҳоду созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шахси Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори адолатпарвару ҳақиқатхоҳ, соҳибназару дурбини сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускор ва роҳбари некбину созандаро шинохта, аз рўзҳои нахустини фаъолият дар бунёди ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистон дасти ёрӣ ва мусоидат ба ў дароз намуданд.

Баробари шинохти сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониёнро баромадҳои пурмуҳтаво ва пурифтихор аз миллату давлати хеш ба ҳайрат мегузорад. Маҳз кору фаъолияти заҳматовари ў буд, ки тоҷику тоҷикистониёнро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи тоҷик шинохт ва эътироф намуданд.

Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза алайҳи хатари паҳншавии экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ авлавият пайдо кардааст. Ширкат дар конфронси сиёсии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири имзои конвенсияи СММ алайҳи ҷинояткориҳои муташаккили байналмилалӣ, ки моҳи декабри соли 2000 дар Италия баргузор гардид, аз мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии он дар роҳи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зўровариву қонуншиканӣ ва амалҳои зидди ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодат медиҳад.

Дар як вақт дар шаҳри Душанбе пазироӣ намудани иштирокчиёни ҳамоишҳои сарони давлатҳои узви се созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СААД дар таърихи 5-6 октябри соли 2007, баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва мулоқоти чаҳорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия дар таърихи 30 июли соли 2009, симпозиуми байналмилалии «Таълимоти Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» дар санаи 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлосияи 37-умин Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар таърихи 18-20 майи соли 2010, конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10-солаи Амалиёти ҷаҳонии «Об барои ҳаёт» ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дувумии он дар таърихи 8-9 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 кишвари дунё,  65 созмони минтақавии байналмилалӣ ва ҳамчунин, ҳамасола баргузории конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар далели барҷастаи иртифоъи мақому эътибори Тоҷикистон таҳти раҳбарии ҳакимонаи Сарвари соҳибтадбиру ташаббускори он дар доираҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳони муосир мебошад.

Яке аз муҳимтарин таҳавуллоти фарҳангию сиёсии замони муосир руҷуъ ба маънавият ва инсонгароӣ дар умури давлатдорӣ аст, ки дар ҷараёни рушди худ дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии инсоният, дар танзими одилонаи таносуби қавму миллатҳо ва эътиқодоту мафкураи онҳо нақши бузурге хоҳад гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷумлаи ин сиёсатмадорони фарҳангсолор дар ҷаҳони муосир эътироф шудааст, дарёфти ин ҳадафи олиро камоли матлуби рисолати хеш шинохта, бузургдошти инсон, одамият ва маънавиятро меҳвари аслии давлатдории худ қарор додааст.   

Ҳалқу миллати тоҷикро Худованд назари нек кардааст, зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд, воқеан, ниёзманди хамин гуна Сарвару Пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамоӣ созад. Ва имрўз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллати худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кўҳистони моро  ба Боми ҷаҳон мубаддал, ба тоҷикон - ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ, муҳаббат ба арзу буми бобоиро ато намуд. Зиҳӣ, Пешвои миллат, зиҳӣ- фарзанди сазовори миллати тоҷик!

Раҳмонзода Азимҷон, аспирант

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj