Пешвои миллат - падидаи хоси давлати миллӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат эълон намуда, дар саҳифаи таърихи сиёсии тоҷикон воқеаи бузургеро сабт намуд. Воқеан, ин иқдоми вакилони халқ заминаи воқеии таърихӣ дошта, Пешвои миллат  пазируфтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои софдилона ва фидокоронаи  ў бармеояд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлати тоҷикон аз рўзи ба сари қудрат омадан баҳри ваҳдати миллӣ ва як порчагии Тоҷикистони азиз  талош намуд ва мардуми парокандаи тоҷикро дар сари як дастархон ба сулҳу ваҳдат ҷамъ овард. Ин таҷрибаи хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди истиқрори сулҳу ваҳдат ҳамчун таҷрибаи баланди сиёсӣ дар тамоми ҷаҳон хосатан аз ҷониби сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ мавриди эътибор қарор дода шуд.

Имрўз аз Истиқлолияти Тоҷикистон 25-сол сипарӣ мешавад ва дар ҳар як рўзи ин воқеаи сиёсӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон талош бар он намудааст, ки кишвари азизамонро обод ва мардуми шарифи тоҷик дар осмони софу беғубори сулҳу ваҳдат зиндагӣ намоянд.

Дар тамоми гўшаву канори кишвар ҳамоишҳои махсус баҳри дастгирии Пешвои миллат гузашта, бар он шаҳодат медиҳад, ки то имрўз тамоми мардум сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмонро пазиро буда, дар навбати худ ҳамчун Пешвои миллат ўро якдилона дастгирӣ менамоянд.

Пешвои миллат дар кишварҳои дигари ҷаҳон падидаи тоза набуда, балки ҳар сарваре, ки баҳри эҳёи давлати миллӣ ва пешрафту шукуфони кишвараш мекўшад, ба ин унвони олӣ сазовор дониста мешавад. Ҳамин гуна кўшишҳо дар таърихи миллати тоҷик метавонист борҳо ба амал ояд, аз сабаби давлати мустақили миллӣ надоштани тоҷикон барои ба вуҷуд омадани Пешвои миллат низ имкон пайдо нагардид. Қаҳрамонони Тоҷикистон, ки дар таърихи эҳёи миллати тоҷик хизматҳои беназир кардаанд, метавонистанд дар замони худ  Пешвои миллати тоҷик пазируфта шаванд, вале  сиёсати яккахоҳонаи Давлати Шўравӣ ягон миллати тобеи худро баҳри нумуи арзишҳои миллӣ имкон намедод. Аз ин сабаб буд, ки устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барин абармардони илму фарҳанг муддатҳои зиёд дар саҳафоти фаромўшӣ монда буданд. Маҳз дар замони Истиқлолият ва бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон номи ин фарзандони абадзиндаи миллат, чун устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода аз нав зинда гардонда шуда, ба онҳо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор гардонида шуданд.

Пешвои миллат ин яке аз падидаҳои давлати миллӣ буда, ба ягон оини давлатдорӣ ва демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандӣ мухолиф намебошад. Баръакс шахсиятҳое, ки ба ин унвони олӣ мушарраф гардидаанд, инсониятро аз вартаи нобудиву қашшоқии фарҳангию иҷтимоӣ  наҷот бахшидаанд. Халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ нахуст Сталинро ҳамчун доҳӣ ва падари халқҳои аҳди Шўравӣ  шинохта, дар зери ғояҳои Ҳизбу коммунистӣ аз болои Олмони ҷангхоҳ ғалаба намуд. Имрўз Тоҷикистон ба пешво  ниёз дорад, то ў дар бунёди Давлати миллӣ эҳёи  миллати созандаи тоҷик раҳнамӣ намояд.  Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ҳар гуна кори бузургро танҳо бо сарварии шахсиятҳои бузург ба амал баровардан мумкин аст.

Набояд фаромўш кард, ки сарварии ҷомеаи онрўзаи тоҷиконро дар он рўзҳои мудҳиши ҷанги бародаркўш пазируфтани Эмомалӣ Раҳмон аз  ҷасорати баланди ватандўстии ў гувоҳӣ дода, бо ин иқдом дар он рўзҳо дар дили мардуми ҷангзада ва фалокатдидаи тоҷик дари умеду хушбахтиро боз намуд. Ў бо кўшишу талошҳои худ барои ба ватан баргардонидани то охирин гурезаи тоҷик мубориза бурда, тамоми имконоти дар ихтиёр доштаи худро истифода намуд. Имрўз ҳар як тоҷик бо ифтихор аз он шукргузорӣ менамояд, ки Сарвари Давлат Тоҷикистонро барои ҳар як тоҷик Ватан ва такягоҳи асосӣ гардонидааст.   

Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ чун Забон ва Ватан аввалин иқдомҳои устувору ҷасоратмандро гузошта, дар минбарҳои баландтарини дунё ба забони тоҷикӣ суханронӣ намуд. Ин ташаббуси Сарвари Давлат барои онҳое, ки забони тоҷикиро аз забонҳои нотавони дунё ҳисобида, мавқеи таъсироти онро ҳатто то сарҳади давлатӣ намедонистанд, зарбаи ҷонкоҳе буд. Маҳз ин ҷасорати ҷавонмардона ва ватандории Ҷаноби олӣ буд, ки миллат ва забони модарӣ мавариди шинохт ва эътирофи ҷаҳониён қарор гирифт.  

Сарвари Давлат манфиати шахсии худро дар партави манфиати халқ  мебинад ва ҳар ҷо бошад бо халқи азизи худ ифтихор менамояд  ва Тоҷикистонро хонаи умеди ҳар як тоҷик ва Тоҷикистонӣ меҳисобад. 

Ба назари мо Пешвои миллат ва заминаҳои ташаккули минбаъдаи он яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсӣ буда, таваҷҷуҳи махсус ба нуктаҳои зерин муҳим мебошад:

1. Пешвои миллат аз падидаҳои Давлати миллӣ буда, онро натиҷаи воқеии эҳтироми мардум ба шахсияти созанда ва бунёдкор шинохтан лозим аст;

2. Пешвои миллат кафили сулҳу оромӣ ва якпорчагии кишвари соҳибтамаддуни тоҷикон буда, ин нуктаро тариқи васоити ахбори омма тарғиб ва таъкид кардан ба мақсад мувофиқ мебошад;

3. Пешвои миллат аз оинҳои давлатдории миллати тоҷик шинохта, онро давоми муборизаҳои фарзандони баруманди тоҷик чун Деваштич,   Муқаннаъ, Темурмалик ва сулолаҳои сиёсии тоҷикон, ки баъди истилои араб хишти аввалини давлати тоҷиконро гузоштаанд, муаррифӣ намуд;

4. Пешвои миллат чун падидаи сиёсӣ шаҳодати ба вуҷуд омадани мактаби давлатдории тоҷикон дар асри XXI буда, онро яке аз василаҳои муҳимтарини таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ шинохт.

Мо аминем, ки мардуми сарбаланд ва давлатсозу давлатдорӣ тоҷик имрўз ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат - муттаҳид шуда, дар таҳкими Давлати миллӣ мубориза мебаранд.

Пас, месазад, ки бо ҳузури Пешвои ҳақиқии миллат дар арсаи ҷаҳонишавӣ бо ҳисси ифтихор аз кишвари обод ва миллати тамаддунофар роҳи  рўшану пайдо фардои миллати азизамонро мунаввар нигоҳ дорем.

Ниёз ОДИНАЕВ, 

мудири кафедраи терапия      

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj