Пешво ва роҳбари ислоҳоти иқтисодӣ

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

В-он чӣ худ дошт зи бегона таманно мекард.

Шояд Хоҷаи Шероз ин байтҳоро дар мавриди дигар сурудааст, вале ҳоло он шарҳи ҳоли мо миллати ҳазор сол аз пешвою роҳбалад ва асли худ дур гашта мебошад, ки ҳумои бахти мо дар сурати абармарди бузурги миллат, Пешвои асливу расмии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зуҳур кардааст. 

Дар баробари дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти баланди сарварию роҳбарии ислоҳоти амиқи иқтисодиёти миллиро низ ба дўш доранд. Ислоҳоти иқтисодӣ ва шаклгирии модели иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, ки асосгузорашро мо пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам, Эмомали Раҳмон медонем, дар шароити нооромиҳои сиёсиву маҳрумияти шадиди энержӣ ва дар бунбасту инзивои  коммуникатсионӣ қарор доштани кишвар ташаккул ёфт, ки ҳадди ақал тақозо менамуд тиҷорати байниминтақавӣ, ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамҷавор, дастгирии соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ, ислоҳоти низоми пуливу бонкӣ ва амсоли он  тақвият бахшида шавад. Ташхиси ин воқеият ва баҳогузории оқилонаи он имкон дод, ки дар як муддати кўтоҳ бандҳои муҳимтарини стратегияи иқтисодии давлат, ки  сиёсати дарҳои боз ва инчунин модели иқтисоди хурди кушод ном гирифт, коркард ва тавассути барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат дар арсаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ пиёда карда шавад. Қобили қайд аст, ки шаклгирии модели рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон агарчи дар ҳолати хосе сурат мегирад, вале он то андозае синтези назарияи Кейнс (дар мавриди дастгирии соҳибкории хурду миёна), неоклассизм (дар мавриди сиёсати зиддиинҳисорӣ), неинститутсионализм (дар мавриди қабули қонуну барномаҳо ва консепсияҳои рушди соҳаҳои алоҳида) ва то ҳадде неокейнсианстваро дар худ таҷассум кардааст, ки нукоти афзалиятноки назарияҳои зикршударо бо таваҷҷуҳ ба принсипҳои асосии консепсияи рушди босубот ва бо дар назар гирифтани шароити Тоҷикистон дар  амал татбиқ менамояд. 

Дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти ѓизоӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд. 

Ҳоло ин се ҳадафи стратегии давлат дар ҳоли татбиқ шудан аст ва вобаста ба он барномаҳои мушаххаси соҳавӣ қабул гардида, иҷрои он ба таври қатъӣ назорат мешавад ва каме поинтар ба рақамҳои мушаххас дараҷаи дар амал татбиқ шудани онро қайд хохем кард. Аммо ин ҷо месазад қайд намоем, ки мо -тоҷикистониён хушбахт хастем, ки Худованд ба мо чунин Пешвое ато кардааст, ки ин барномаҳои стратегиро, ки хушбахтии мо ва наслҳои ояндаи тоҷик дар гарави онҳо аст, дар фазои ороми сиёсӣ ва ҳамдиливу ваҳдати миллӣ татбиқ менамоем. Таҷриба нишон медиҳад ва онро имрўз илми менеҷменти муосир низ таъйид мекунад, ки танҳо пешвои тавонову хештаншинос, ки тавонад ҳамаи потенсиал ва захираҳои мавҷударо ҷиҳати расидан ба аҳдофу ормонҳои умумӣ муттаҳид намояд, қодир аст ҷаҳиши бузургро дар самти инкишову рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ намояд. Чунин мисолҳоро метавон аз зиндагиномаи бисёре аз шахсиятҳои таърихӣ  мутолиа намуд, ки дар замони худ барои миллату ватани худ нақши калидӣ доштанд.

Дар самти амнияти ѓизоӣ, стратегияи Ҳукумати ҶТ ба рушди истеҳсолоти ватанӣ тариқи диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, яъне аз модели махсусгардонии яклухт ба модели истеҳсоли анвои мухталифи маҳсулоти озуқаворӣ, минҷумла рушду инкишофи боѓу токдорӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва амсоли он нигаронда шудааст, ки ба ниёзҳои мардум ва ҳадафҳои стратегияи амнияти ѓизоӣ мувофиқ мебошад. Зеро модели махсусгардонии яклухт, ки дар замони Шўравӣ ривоҷ гирфта буд, кишвари моро ба манбаи ашёи хом табдил дода, амалан омили асосии ба мушкилоти озуқаворӣ дучор гардидани кишвар дар солҳои Истиқлолият гардид. 

Ҳоло танҳо дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боѓу токзор тақрибан 20%, сабзавот 30%, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 % зиёд гардида, дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боѓу токзорҳо 54 ҳаз. га боѓҳои нав бунёд карда шудаанд. Теъдоди умумии ҳоҷагиҳои деҳқонӣ  бошад, ба 200 ҳаз. наздик шуда, умуман, дар кишвар оид ба рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ 150 барнома, консепсияҳо ва нақшаю чорабиниҳо қабул гардидаанд, ки бевосита бо дастуру супоришҳои сарвари давлат ва ҷалби васеи мутахассисони соҳа тарҳрезӣ шуда, дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Иқдоми дигаре, ки ҳамзамон бо ин дар амал татбиқ мешавад, ин ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромадҳои худ зиёд рўи он таъкид менамоянд ва дар ин замина барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул гардида, иҷрои он таъмин карда мешавад, ки ин дар амал яке аз бандҳои муҳимми аз модели аграрӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ гузаштани кишвар мебошад. Аз ҷумла, то имрўз  дар кишвар 52 корхонаи коркарди гўшту шир сохта, ба истифода дода шудааст ва раванди бунёди чунин корхонаву коргоҳҳо бомаром идома дорад. Натиҷаи ин сиёсат, имрўз бо таваҷҷуҳ ба он, ки кишвари мо аз соли 2013 инҷониб узви комилҳуқуқи СУС мебошад, имкон медиҳад, ки бозорҳои дохилии кишвар моломол аз маҳсулоти истеъмолии мардум гарданд ва ширкатҳои ватанӣ то андозае ба рақобати шадиди ширкатҳои хориҷӣ тоб оварда тавонад. Воридшавӣ ба СУС, ки худ як муваффақияти бузурги дипломатияи тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат мебошад, амалан таҳдиди амнияти озуқавориро ба дараҷаи сифр наздик кард. Пайомадҳои мусбии он чун ҷалби сармояҳои хориҷӣ,  боло рафтани сатҳи рақобатпазирии субъектҳои хоҷагидор, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидани маҳсулоти бозор ва дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир равшан мушоҳида мешавад.

Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Тоҷикистон  бо сарварии Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба чандин комёбиҳо ноил гардидааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо консепсияи рушди босубот ва авлавияти арзишҳои экологӣ бунёду баҳрабардории НБО хурду бузургро ҳадаф қарор медиҳад. Танҳо дар муддати солҳои 2007-2015 сохтмони неругоҳҳо ба иқтидори 1020 МВт ба анҷом расонида шудааст, ки ин ба 24% -и иқтидори замони Шўравӣ баробар аст. Бояд гуфт, ки новобаста аз монеаву мушкилоти зиёд Ҳукумати ҶТ бо сарварии Роҳбари хирадманди он Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гардиданд, ки лоиҳаи сохтмони НБО «Роѓун»  ва арзёбии таъсири зистмуҳитии он аз тарафи созмони бонуфузи ҷаҳонӣ – яъне Бонки ҷаҳонӣ мусбӣ арзёбӣ гардад ва ҳоло сохтмону корҳои барқарорсозии ин иншооти бузург бомаром идома дорад. Яке аз омилҳои муҳимми мусбӣ арзёбӣ гардидани ин иншооти бузурги тақдирсоз ва бархўрди воқеъбинонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он нуфузи рўзафзуни Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аст, ки тавонистанд тавассути баргузории чорабиниҳои мухталиф, конференсияҳо, симпозиумҳо, баромадҳои худ дар минбари созмонҳои мухталиф, минҷумла СММ,  вохўриву сафарҳои худ ба кишварҳои дигар зарурату аҳамияти ин неругоҳро барои ҷаҳониён собит намоянд. Ин муваффақияти бузургест, ки дипломатияи тоҷик бо роҳбарии Сарвари кишвар ба он ноил гардиданд.  Ба андешаи мо, тадбирҳое, ки Пешвои миллат ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафи бузург андешиданд, бояд мавриди омўзишу тадқиқи алоҳида қарор бигиранд. 

Ҳамзамон, корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва омодагӣ ба 6 неругоҳи дигар, яъне «Шўроб», «Нуробод 1», «Нуробод 2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод» ва «Себзор» идома дорад. Соли 2014 ҳар ду агрегати навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 ба кор дароварда шуд ва то оѓози соли 2017 пурра анҷом ёфта, иқтидори он ба 400 МГВ расонида хоҳад шуд. Дар баробари ин тармиму азнавсозии НБО Норак, Сарбанд ва Қайроқум низ идома дорад. 

Бунёду баҳрабардории иншоотҳои зикршуда имкон медиҳад, ки кишвари мо бо неруи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин гардида, ба яке аз содиркунандагони он дар минтақа табдил ёбад, ки ҷавобгў ба қисматҳои асосии консепсияи рушди босубот мебошад.

Чунончи қаблан ишора кардем, Тоҷикистон дар шароите ба истиқлолият дастёб гардид, ки дар бунбасту инзивои  коммуникатсионӣ қарор дошт ва роҳҳои мустақим на танҳо бо кишварҳои ҳамсоя, балки дар дохили манотиқи кишвар низ аксаран мавсимӣ буданд. Алоқаи доимӣ тавассути роҳи заминӣ бо шимолу шарқи кишвар вуҷуд надошт ва ин вазъ яке аз монеаҳои ҷиддӣ ҷиҳати тақвияти ҳамгироии байниминтақавӣ гардида буда буд. Миллати тоҷик то абад аз ин фарзанди баруманди худ фахр мекунад, ки тавонист ин кишвари чандпорчаро ба як кишвари воҳид, дорои низоми алоқаву коммуникатсияи доимӣ дар чор фасли сол табдил диҳад, ки ин худ асоси ваҳдати миллӣ ва эҷоди сармояи иҷтимоии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Роҳҳо ҷавҳари миллии моро ба ҳам пайванд дод, кишварро муттаҳид ва робитаҳову ҳамгироии иқтисодии кишвари моро таъмин намуданд. 

Ҳоло ҳадафи стратегии кишвар дар ин самт баромадан ба бандарҳои обӣ ва дастрасӣ ба  бозорҳои минтақавӣ мебошад. Дар ин ҷода айни ҳол 24 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблаѓи умумии 1159,0 млн. долл. ИМА амалӣ карда шуда истодаанд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 2200 км роҳҳои автомобилгард бунёду таҷдид гардида, 250 адад пул, аз ҷумла, 6 адад пули аҳамияти байналмилалӣ дошта аз болои дарёи Панҷ ба Афѓонистон, 31 км нақб, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, 132 км роҳи оҳан, 7 адад терминали хизматрасонии автомобилии байнамилалӣ, як адад терминали  замонавӣ дар фурудгоҳи байнамилалӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Бо анҷоми сохтмони лулаи гази «Туркманистон-Тоҷикистон-Хитой»  бо маблаѓи тахминан 3 млрд. долл. ИМА ва таъсиси ҷойи нави корӣ ва сохтмони иншооти CASA-1000 Тоҷикистон метавонад ба яке аз танзимгарони муҳимми бозори энергетики минтақа табдил ёбад. 

Чунончи гуфтем, ҳамаи ин дастовардҳо дар асоси модели хоси иқтисодие тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор мегиранд, ки асоси  онро принсипҳои дарҳои кушод ва модели типи иқтисоди хурди кушод ташкил медихад, ки асосҳои бунёдии онро Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва китобҳои худ мукаррар қайд кардаанд. Бо такя ба ин ва бар мабнои хиради волои пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз кишвари мо бо ҳамаи созмонхои бонуфузи арсаи байналмиллӣ ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ робитаҳои хубу ҳасана баркарор намудааст, ки бидуни латма задан ба манофеи тарафҳои сеюм ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин менамояд, ки чунин ҳолат дар таҷрибаи робитахои иқтисодӣ кишварҳои дигар хеле кам ба назар мерасад. Аксаран, кишварҳо барои бо яке аз қутбҳои чаҳонӣ наздик шудан, манофеи худро дар дигар самт курбон менамоянд, вале Тоҷикистон  тавонистааст, ки бо ҳама қутбҳои ҷаҳонӣ дар тавозуни муайян манофеи миллии худро бидуни латма задан ба манофеи ѓайр дар ҳамаи арсаҳо пайгирӣ намояд. Дар ин ҷода ва ҷиҳати дастрасӣ ба ин мавқеъгирии стратегӣ нуфузи байналмилаллии пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дорад. 

Мо медонем, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти худ ҳадди ақал ба се буҳрони амиқи иқтисодӣ дучор гардидааст, ки ҳар се характери объективӣ дошта аз авомили муҳити берун сарчашма мегирифтаанд. Ин буҳрони иқтисодии солҳои 1991-98, буҳрони молиявии солҳои 2007-2009, ва инчунин, буҳрони иқтисодӣ баргирифта аз пастшавии нархи сузишворӣ, минҷумла сўзишвории нафтии солҳои охир мебошад, ки аз тариқи кишварҳои содиркунандаи нафт ба Точикистон низ бетаъсир намондааст. Вокуниши Тоҷикистон барои муқовимат ба ин буҳронҳо вокуниши  прогматикӣ, вокуниши мутобиқ шудан ба шароити нав дар асоси хирад ва стратегияии дарозмуддат мебошад, ки дар мавқеи худ шарҳу тафсил ва арзёбии амиқи худро тақозо мекунад. Муҳим ин аст, ки мо бо имону боварӣ ва бо садоқат ба пешвои миллати худ қодирем ба ҳама буҳронхо ѓалаба кунем ва Тоҷикистони азизи худро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Ҳодиев Д.А.,  н.и.и.,
Мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj