Пешгирӣ аз бемории гипертония (бемории фишори баланди хун)

Бемории фишори баланди хун (ФБХ) - гипертония  яке аз бемориҳои васеъпаҳншуда дар шароити имрўза мебошад. Ин беморӣ дар натиҷаи вайрон гардидани  марказҳои рагҳои хунгард, вайрон гаштани тартиби гардиши хун, носолим кор кардани асаб, номўътадил гаштани кори  гурда,   баланд гаштани фишори хун дар раги шараён, вайроншавии ҳаракат  ва фаъолияти кории узвҳо (ба мисли кори дил) ва дар ҳолати ба бемориҳои  вазнин гирифтор шудан пайдо мешавад. Дар шахсоне, ки синнашон аз 20 то ба 23 расидаанд, 4% фишори баланди хун мушоҳида мешавад ва дар шахсони аз 50 то 70-сола ин беморӣ 50 %-ро ташкил медиҳад. 

Дар бадани шахсе, ки гирифтори бемории ФБХ аст, асосан се марҳилла ба мушоҳида мерасад: дар марҳилаи якум болоравии ФБХ ба назар мерасад, ки дар дохили узвҳои дохила бетағйир  мемонад. Дар марҳилаи дуюм болоравии ФБХ ва зиёд шудани фишор ба мушоҳида мерасад.  Дар марҳилаи сеюм бошад, то ба сактаи дил оварда мерасонад, ки дар натиҷа бемор фалаҷ мегардад, ки ин  натиҷаи вайрон гаштани кори мағзи сар ва хунгардии он мебошад. Дар ҳамаи ин марҳилаҳо ҷисми бемор метавонад гирифтори бемории фалаҷ  ва сактаи дил гардад. Аз ин рў, ба ҳамаи беморон риояи парҳез ва истеъмоли доруҳои фармудаи духтурон  ҳатмист.

     Бояд хотирнишон кард, ки пайдо шудани бемории ФБХ, пеш аз ҳама, болоравии фишори хун мебошад. Сабабҳои ба ин беморӣ гирифтор шудани одамонро мутахассисон ба тариқи зайл муайян кардаанд:  аз меъёр зиёд истифода бурдани хўроки сернамак ва нўшокиҳои спиртӣ;  фаъолияти зиёди ҷисмонӣ; ба эҳсосоти зиёд дода шудан.

     Ҳамаи инро ба назар гирифта дар бораи табобати бемории ФБХ мутахассисон роҳҳои зеринро маслиҳат медиҳанд: муҳайё сохтани шароити хуб дар ҷои кор, дар оила ва таъмини истироҳат дар давраи аввали беморӣ; барои табобати самараноки ин беморӣ риоя намудани истеъмоли хўроки мусоид шарти асосист, ки дар он маҳсулоташ қувваи баланди зиёд намудани  фишори хун надошта бошад; истифода аз муолиҷаи санаторӣ ва марказҳои табобатӣ боиси табобати хуб ва  фоидаовар мегардад. 

Беморон метавонанд дар ин марказҳо пас аз кор табобат гиранд,  ба шарте ки барои бемор шароити хуби истироҳат  чун табобати физиотерапевтӣ, истифодаи хўроки дуруст ва хоби бароҳат фароҳам оварда шуда бошад. Инчунин, барои табобати бемории ФБХ шумораи зиёди доруворӣ, ки хосияти паст ё  муътадил кардани  фишори хунро доранд, истифода мешаванд. Номгўи ин доруҳо индералӣ, анаприлин, обзидан ва ғайра мебошанд, ки ба кори  асаб,  дил ва рагҳои хунгард таъсири мусбат мерасонанд. 

Аз хусуси табобати ин беморӣ метавон гуфт, ки чи қадаре, ки фишори хун баланд шавад, ҳамон қадар кори дил, ки вазифааш муътадилгардонии гардиши хун аст, душвор ва вазнин мегардад.  Бинобар ин, агар бемории ФБХ табобат нашавад, дар давраи аввал деворҳои дил васеъ мешавад, ки дар ин ҳолат кори дил номуътадил мешавад ва пасонтар деворҳои дил  борику тунук мешаванд, ки боиси вайрон гардидани хунтаъминкунӣ,  бад кор кардани кори дил мегардад.

     ФБХ  раванди дарди рагҳои шараёнро метезонад, чарбии деворҳои раги шараён зиёд мегардад, ки ҳам ба васеъшавӣ ва ҳам ба хурдшавии рагҳои хунгард сабаб мешавад.  Агар раги шараён муътадил ва муназзам кор кунаду  дилро аз хун таъмин кунад, ба фоидаи бемор аст, дар акси ҳол ихтилоҷи рагҳои дил то ба қафаси сина вусъат меёбад. Дар ҳолати муътадил фаъолият накардани  яке аз рагҳои шараён як қисми мушакҳои дил аз хун таъмин намегарданд ва сактаи дил ба вуҷуд меояд.  

     Дар урфият мегўянд, ки «табиби ҳар кас худаш аст». Аз ин рў, бамаврид аст бигўем, ки ин зарбулмасалро бигзор ҳар кас мақбул шуморад, худро эҳтиёт намояд, то он ки гирифтори ин бемории  вазнин нагардад. Пеш аз ҳама, истеъмоли хўрокро бояд риоя намуд ва пасон ба эҳсосот набояд дода шуд, то ки ин беморӣ меҳмони тани мо нагардад.  

  

Иноятзода Дилшоди Нусратулло,

донишҷўи курси 2, 

ихтисоси кори табобатӣ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj