Посдори сулҳем

Бо заҳмати шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеи худро дар байни дигар давлатҳо пайдо намуду соҳиби сулҳу салоҳи комил гардид. Имрўз мо насли ҷавон дар фазои сулҳу осоиш таҳсил ва зиндагонӣ карда истодаем. Маҳз талошҳои Президенти сулҳхоҳ буд, ки имсол мо 20-солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Мо бояд шукрона аз неъматҳои сулҳу ваҳдат ва ободии кишвар кунем. Ҳар як порчаи хоки Ватанро азизу муқаддас донем. Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанберо мисли гаҳвараки чашм ҳифз намоем.

Мо-ҷавонон баҳри обу хоку гулу гиёҳи кишвари маҳбубамон мубориза бурда, аз он меболем, ки мо низ як узви ин сарзамини меҳрпарвару афсонавием. Тоҷикему бо Тоҷикистони азизамон ифтихор дорем. Дар қалби хеш меҳру муҳаббат, покдилию самимият ва ору номуси бузургӣ  миллати хешро мепарварем. Дар маҷмуъ посдори сулҳем!

Муаззама Бозорова, 

донишҷўӣ курси 1, ихтисоси кори иҷтимоӣ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj