Пудина

Пудина (Menta asiatica). Пудина аз моҳи апрел то сентябр ҳосил медиҳад, вале баргҳои хушк ва равғанашро дар давоми сол дар дорухонаҳо пайдо намуда метавонед. Баргҳои пудина аз моддаи ментол бой мебошанд, бинобар ин онҳоро ҳамчун воситаи маҳаллии бедардгардонӣ истифода менамоянд. Дар натиҷаи ба пуст молидан он баданро сард месозад ва ба торҳои асаб,  рагҳои дар қисми болоии пуст ҷойгир танг шуда, рагҳои узвҳои дарунӣ васеъ мегарданд. Барои ҳамин хусусияташ аз пудина бо мақсади бартараф намудани рагкашӣ ва стенокардия истифода бурдан мумкин аст. 

Абўалӣ ибни Сино дар бораи пудина

Агар шохчаҳои пуди¬наро ба шир партоянд шир ғафс намешавад. 

Шираи онро ба сирко илова намуда нўшанд, хунравиро аз дарун бозмедорад. Пудинаро бо ҷав омехта бар зидди дарди cap ба пешонӣ гузошта мебанданд. Онро ба забони шахшулшуда 

шаканд, шахшулияш рафъ мешавад. Шираи пудинаро бо оби асал омехта ба гўши дардманд мечакконанд. Пудина хунравиро бозмедорад,  меъдаро   мустаҳкам менамояд онро метафсонад, ҳиккакро боздошта, барои ҳазмшавии хурок ёрӣ мерасонад, хунпартоиро манъ сохта, вақти бемории зарпарвин нафъ мебахшад. Он хусусан агар бо анҷир хўрда шавад, барои хориҷ намудани хилтҳои часпаки ғафси  қафаси сина даво мебахшад. Барои рафъи дардҳои қабурғаҳо ҳам муфид аст. Чунин таъсир дар пудинаи кўҳӣ бештар аст. Пудинаи кўҳӣ бар зидди захмҳои даҳон нафеъ мерасонад ва пасмондаҳоро аз сўрохиҳои бинӣ бартараф мекунад.

Омодасозӣ ва истифодабарӣ. Пудина вақти халал ёфтани кори меъда манфиат мерасонад, барои пешгирӣ намудани илтиҳоби меъда (гастрит) ва рафъи дилбеҳузурӣ кўмак мерасонад, ба қабати луобии меъда таъсир расонида, ҳазми хўрок ва иштиҳоро хуб менамояд. Бо ин мақсад ба 2 қошуқча барги хушки пудина 1 истакон оби ҷўшида рехта, пас аз 30 дақиқа аз дока гузаронед. Ҷўшобаро 15-20 дақиқа пеш аз хўрок 1/3- истакон рўзе 2 мароти¬ба нўшед.

-Пудина монеъи илтиҳоб шуда, замони гирифтори бемориҳои бронхит, ангина, зуком, фарингит гардидан дармон мешавад. Барои аз шамолкашӣ шифо ёфтан чойи пудинаги (ба 1 қошуқ барги пудина 1 истакон оби ҷўшида рехта, пас аз 10 дақиқа таҳшин намоед) нўшед. Барои аз сулфаи шадид ва бардавом раҳоӣ ёфтан бо равғани пудина буғшифо (ингаляция) намоед.

Ҷўшобаи пудина ҳолати ногувори давраи қатъи гулдоманӣ (климаксро) манъ месозад. Ба 2 қошуқча баргҳои хушкаш 1,2 л оби гарм рехта, баробари ҷўшиданаш аз рўи оташ бигиред.

Барои табобати рихинак, дерматит, ба меъёр баргардондани пусти равғанӣ ва сурохакҳояш калон бо ҷўшобаи пуди¬на рўятонро тоза намоед. Бо ин мақсад 1 қошуқча барги хушки пудинаро ба 1 истакон об илова созед.

Кароматулло Бобохонов, донишҷўи курси 4,
факултети тиббӣ,
ихтисоси кори ташхиси тиббӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj