Раванди забономўзӣ ва тафаккури ҷавонон

Ҷавононбояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омўзанд, аз сиёсати имрўз огоҳбошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд вааз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
ЭмомалӣРАҲМОН
   Мавҷудияти ҳар як халқу миллат ба насли ҷавони он алоқамандии ногусастанӣ дошта, дар пешбурди ҷомеаи мутамаддину дунявӣ ва тараққиёти гуногунҷанбаи давлат нақши онҳо ниҳоят муҳим ва бориз мебошад. Ҳамин аст, ки имрўзҳо Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарию роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи асосиро ба таъмини шароити мусоид баҳри ҷавонон равона намудааст ва дар ин замина як қатор барномаву қарорҳои давлатӣ қабул шудаанд. Ҳамчунин, дар ин ҷода чорабиниҳои сатҳи дохиливу байналмилалӣ мавриди омўзишу татбиқ қарор дода шуда истодааст. Эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон низ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстию меҳанпарастии ҷавонон ва дарки масъулиятшиносии онҳо мебошад.
   Дар замони муосир, ки замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму тараққиёти техникаву технология пазируфта шудааст, бояд ҳар нафаре аз илмҳои замона бархўрдор бошад. Зеро пайдо шудани идеологияҳои гуногун ва ба вуҷуд омадани зуҳуроти мухталифе дар арсаи ҷаҳон ҳамагонро ба ҳушёриву зиракӣ даъват месозад, то фирефтаи ҳар гуна гурўҳҳои манфиатхоҳ ва ҷудоиандоз нагарданд. Ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои пешгирикунандаи гароиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ омўхтани забонҳои хориҷӣ мебошад. Зеро дар баробари аз худ намудани забони ѓайр шахс на танҳо донандаи забон мегардад, балки аз урфу одат, расму оин, тарзи зисту зиндагонӣ ва фикру ақоиди онҳо бохабар шуда метавонад. Албатта, ин раванд дар тафаккур ва зеҳни онҳо таъсири мусбии худро мерасонад. Маълум аст, ки инсоният баробари дарки пешрафт кўшиш мекунад хешро ба он ҳамоҳанг созад, яъне чун ҷавонон аз тафаккуру андешаи мардуми дигар огоҳ мешаванд, албатта, ҳаракат мекунанд, то ҳамқадами эшон бошанд.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат зимни ҳар як суханронӣ донистани ду-се забони хориҷиро ба ҳар як нафар, хусусан ҷавонон талқин менамоянд. Таҷрибаи давлатдорӣ аст, ки бе донистани забонҳои дигар қавму миллатҳо дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намешаванд.
С. ХУҶАМҚУЛОВ,
Т. НАЗАРОВ,
омўзгорони кафедраи умумидо­ниш­го­ҳии забонҳои олмонӣ ва фаронса­вӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj