Равиндранатҳ Тҳакур ва масъалаҳои тарбияи кўдакон

Равиндранатҳ Тҳакур (1861- 1941) аз суханварони бузурги ҷаҳон аст , ки  бо қудрати асрорангези каломи бадеъ, чӣ дар рушду нумўи адабиёти Бангол ва чӣ дар равнақи адабиёту санъати ҷаҳон хидмати арзандае кардааст ва бидуни шак исми ў дар радифи бузургтарин суханварони ҳама асру замонҳо хоҳад монд.   Тҳакур на фақат чун шоир, нависанда, драматург, публитсист, файласуф, оҳангсоз, рассом ва арбоби ҷамъиятии Ҳиндустон маъруф, балки ў нобиғаи нотакрор  буд. 

Мегўянд, умри одами бохирад дароз аст , ҳатто баъди марг зиндагиаш идома дорад. Бино ба андешаи Тҳакур барои ба ин ҳадаф расидан дар зиндагӣ бояд заҳмати зиёд кашид. Заҳмат кашиданро аз тифлӣ ёд додан даркор. Барои ин корро ба субот расонидан дар хонавода шароити заруриро муҳайё кардан лозим аст. Пеш аз ҳама, худи волидон бояд бомаърифат бошанд, зеро майлу рағбати падару модар бешак ба тарбия, ба ташаккули фарзанд таъсири мусбату дилхоҳ дода метавонад. Ҳаёти кўдакӣ ва таҳсилашро ба ёд оварда, Р.Тҳакур навишта аст: «Ман дар муҳити меҳнатдўстӣ- заҳмату кўшиш намудан тарбият ёфтаам. Ин фаъолият ба  кушодани маънавиёт ва рўҳи инсонӣ  равона шуда буд. Дар оилаамон эҳсоси озодиро дар забони модарӣ ва адабиёт, маънавиётро дар ақоиди динӣ ва озодии тафаккурро дар муҳити иҷтимоиамон  дармеёфтем. Бо шарофати чунин фазову муҳит ман ба қувваи маориф имони комил пайдо кардам, ки танҳо илму маърифат метавонад ба мо муқаддасоти волотарини инсонӣ - озодии ҳақиқиро ҳадя кунад». 

Инсон зиндагии ҳақиқии худро ҳамон вақт эҳсос мекунад, ки агар бо илму маърифат мусаллаҳ бошад.   Равиндранатҳ Тҳакур дар суханҳои ҳакимонаи худ вобаста ба ин мавзўъ андеша дорад, ки барои инсон ду чизи муҳим заруранд: «Тафаккур ва тасаввурот». Ин ҳардуро ҳанўз дар синни кўдакӣ бояд инкишоф дод ,зеро бо гузашти вақт дер хоҳад шуд. Адиб дар мақолаи худ «Чӣ садди роҳи таҳсил аст ?» чунин ибрози ақида  мекунад: « Агар хоҳем , ки фарзандони мо солим ба воя расанд, пеш аз ҳама, ба инкишофи зеҳнии онҳо бояд эътибор дод. Дар баробари  инкишофи  хотира, ба инкишофи тафаккуру тасаввуроти онҳо таваҷҷуҳи хоса доданамон лозим аст. Ба мисли он ки  майдонҳои шолӣ ба намӣ ниёз доранд, агар борон наборад, аз ин майдон ҳосили хуб баромаданаш ба гумон аст… Бачагиву ҷавонӣ ҳам давраи гузарандаанд. Агар аз оби пурғизои  борони «адабиёт» бачаҳо баҳра нагиранд, пеш аз муҳлат  хазон шуда, аз синни бачагӣ намебароянд, ҳамеша ба калонсолон вобаста монда азият мекашанд. Тасаввур кунед, ки аз қаъри замин аввалин навдачаи «ҷони одамӣ» баромад. Бо чӣ қадар кунҷковию ҳайронӣ ў ба дунёи нав нигоҳ мекунад. Агар дилу ақли  вайро  нурҳои гарми муҳаббат, меҳрубониву хурсандӣ фаро гиранд, он « навда » хеле тез ва мустаҳкам қад мекашад. Вале агар ба ҷойи хоки ҳосилхезу нарм регу қуми гарм ба танаи вай резанд, ҳатма, пажмурдаву билохира хазон хоҳад шуд». 

 Дигар нуктае, ки Тҳакур дар тарбияи кўдакон талқин мекунад,  ҳамоҳанг сохтани таълим бо ҳаёти воқеӣ мебошад. Таълими дурусту саривақтӣ қадами устувор гузоштан дар ҷомеаи пуртазод аст. 

     Адиб Равиндранатҳ Тҳакур ба забони модарии хеш–банголӣ таваҷҷўҳи махсус медод ва пайваста таъкид мекард, ки маҳз аз хурдӣ бачаро  бояд бо забони тозаву равони модарӣ таълиму тарбия дод. Аз ҳама муҳим , дар ниҳод, дар мафкураи кўдак бедор намудани шавқ ба хондан, аз худ намудани илму маърифат бо забони модарӣ аст. «Ин корро бояд тарзе иҷро кард , ки маводи пешниҳодшуда ба синну сол ва завқи кўдак мувофиқ шавад.  Мактаби ибтидоии ҳар як фарзанд аз оила маншаъ гирад ҳам, боз дар баробари он  саҳми муаллимон дар тарбияву таълим хеле муҳим аст. Муаллим, пеш аз ҳама, мураббӣ, тарбиятгар аст , на пулису назоратчӣ».

   Дигар масъалае , ки Р. Тҳакур  дар асарҳои бадеӣ , дар мақолаҳои худ роҷеъ ба таълим эътиборт ҷиддӣ додааст, парвариши хислатҳои инсонӣ дар кўдакон аст. Чунончи дар мақолаи «Масоили таълим» адиб  дар боби тарбия намудани писарбачаҳо таъкид мекунад, ки  «тафриқаандозӣ миёни бачаҳо  дар бобати «кӣ бою кӣ камбағал аст», бадтарин зуҳурот дар ҷомеа ба ҳисоб меёбад. Падару модар муваззаф ҳастанд, ки дар ботини фарзандашон, пеш аз ҳама, бародарӣ, меҳрубонӣ, раҳму шафқат, хайрхоҳӣ барин хислатҳои инсониро парваранд. Бо мурури замон дар ҷараёни инкишоф  худи писарбача дарк мекунад, ки ба кадом тоифаву табақаи  ҷомеа мансуб аст. Агар баръакс шавад, дар ин ҳолат бойбача аз бисёр лаҳзаҳои хурсандибахши ҳаёт маҳрум хоҳад шуд». 

     Нуктаи дигаре , ки дар тарбияи атфол бояд эътибори ҷиддӣ диҳем , ин дар кўдак бедор ва парвариш намудани ғурури миллӣ ва меҳанпарастӣ аст. Барои ин кўшиш бояд намуд, ки фарзанд дар фазои миллии худ тарбия ёфта, бо хусусиятҳои миллӣ, бо фарҳангу маънавияти миллии худ ошноӣ пайдо намояд, то ба арзишҳои кишвару халқи худ меҳри ҷовидонӣ бандад. Вобаста ба ин, Тҳакур дар мақолаи «Масоили маориф» чунин  мисолро пеш овардааст: «Бачаеро , ки дар фарҳанги аврупоӣ тарбия медиҳанд, хоҳу нохоҳ бо мурури замон ба анъанаҳо, фарҳанги худ нафрат пайдо мекунад. Оилаеро медонам, ки дар рўҳияи фарҳанги аврупоӣ ҳаёт ба сар мебурд, анъанаҳои аҷдодони худро бегона медонист. Боре ба хонаи онҳо аз деҳа хешовандонашон, ки дар тан либоси миллӣ доштанд, ба меҳмонӣ меоянд. Писари он оила онҳоро дида, якбора ба забони англисӣ дод мезанад : «Мами , мами … бинед, чӣ қадар қишлоқиҳо ба хонаи мо омада истодаанд!». Ин мисол таъкид бар он аст , ки ҳар қадар фарзанд аз фарҳанги худ дур шавад, ҳамон қадар метавонад аз хонавода, аз падару модари худ дур шуда ба ватани худ ҳам содиқ намонад. Агар хоҳем, ки фарзандони мо бегонапараст нашаванд, ба тарбияи фарҳангии онҳо ҷиддӣ ва хеле нозукона бояд муносибат кунем. Барои ҳисси миллӣ ва ғурури меҳанпарастиашонро баланд бардоштан , ба онҳо бештар аз адабиёт ва таърихи кишвари худ таълим додан даркор. 

Адиб аз он изҳои ташвиш мекунад, ки дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ба бачаҳо карда мешавад, на ба духтарон. «Ин даҳшат, ин хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо  ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад. Маълум аст, ки дар тарбияи оила нақши зан, масъулияти ў бештару назаррастар аст. Пас, чаро сади роҳи таълими духтарон мешавем? Бадбахтии ҷомеа аз бадбахтии занон аст. Охир модар на ба як оила, балки ба тамоми ҷаҳон тааллуқ дорад». Дар эссеи «Таҳсили занон» («Стришикша»)  муаллиф таъкид мекунад, ки маърифат ҳам ба зан ва ҳам ба мард баробар дода шавад: «Ҳар чизе , ки лоиқи омўхтанист, илм аст. Илм барои  ҳама бояд дастрас бошад. Хоҳиши донистан  қонуни табиати инсонист». 

Худи Тҳакур аввалин шуда барои таҳсили духтарон дар Бангола (Шантиникетан) мактаби шахсӣ кушод, ки баъдан ба донишгоҳ табдил ёфт ва дар ин даргоҳ машҳуртарин занони сиёсатмадор (аз ҷумла, аввалин сарвазирзани ҳинду Индира Гандҳӣ солҳои 1934-35 донишҷў буд), олимаҳо ва кайҳонавардзани Ҳиндустон (проф.Калпана Чавла) маърифат андўхтаанд.

  Равиндранатҳ Тҳакур боварии комил дошт, ки агар ҳама гуна масъалаҳои мураккабро осон карда, ба бачаҳо фаҳмонем, онҳо бо тамоми ақлу заковати кўдакиашон ҷавоби масъаларо меёбанд. Ғамхорӣ ба насли ҷавон ин ғамхорӣ ба ояндаи кишвари худ мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз ҷавонони соҳибмаърифат вобаста аст. Бино ба андешаи Р.Тҳакур « Тавассути андешаву неруи фарзандонамон, ки ғизои маънавӣ аз илму маърифат, аз таъриху анъанаҳои гузаштагонамон гирифтаанд, мо метавонем ба асрҳои минбаъда бе тарсу бим бо сари баланд  қадамҳои устувор гузорем».

 

Раҳматуллоева З.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj