Радиои Тоҷикистон дар масири таърих

Воситаҳои ахбори омма аз қабили радио, матбуот ва телевизион ба фаъолияти ҳамарўзаи худ бо роҳи таҳлилу масъалагузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба Ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонанд. Яке аз ин гуна воситаҳои муассир радио аст. 

Масъалаи ташкили радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми январи соли 1928 мавриди баррасӣ қарор гирифта, 19-уми октябри соли 1928 лоиҳаи нақшаи бо радио таъмин намудани ҷумҳурӣ тасдиқ шуд. Соли 1930 нахустин истгоҳи пахши барномаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ ба фаъолият шурўъ намуд, ки дар мавҷи мутавассит кор мекард. 

Ҳамин тавр дар фазои Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1930 садои радиоро шуниданд. Имсол аз ин сана  86 сол пур шуд. Аҳли эҷоди радио дар муддати фаъолияти хеш таърихи миллат, фарҳанг, зиндагиву корномаҳои фарзандони барумандро дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт тавассути барномаҳои худ инъикос намуда, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват менамоянд. 

Бояд гуфт, ки низоми радиошунавонӣ дар кишварамон марҳилаҳои гуногунро то кунун тай кардааст. Ин ҷиҳат барои ҳар як давраи инкишофи радиои тоҷик хос аст. Ҷараёни ташаккул ва инкишофи радиои тоҷик ба ду давраи мустақил ҷудо намудан мумкин аст:

 -Давраи аввал ба солҳои ҳукмронии Давлати шўроӣ рост меояд; 

- Давраи дуюмро метавон ба солҳои Истиқлолият нисбат дод.

Радиои марҳилаи аввал  нисбатан қолабӣ буда, манфиати кулли Иттиҳоди Шўравӣ ва РСС Тоҷикистонро бозгў  ва баррасӣ намудааст. 

Хусусияти радиои  замони Шўравиро бо якмаромӣ, воҳидӣ ва аз ҷиҳати ғоявӣ метавон фарқ кард. Ҳамчунин, дар марҳилаи мавриди назар ҷонибдории ҳизбӣ  нисбатан бартарият дошт. Бо вуҷуди ин, аз нимаҳои солҳои 80 - уми асри гузашта сар карда, дар радиои давраи мазкур талошҳои ҳақиқатҷўиву озодандешӣ ба назар мерасид. 

Давраи дуюми инкишофи радио тоҷик ба замони Истиқлоли кишвар мувофиқ меояд. Дар радиои замони истиқлол ҳарчанд анъанаҳои фаъолияти касбӣ идома ёфтанд, аммо он аз чанд ҷиҳат аз марҳилаҳои қаблӣ фарқ  мекунад. Ин фарқро, пеш аз ҳама, ба дигаргун шудани низоми радио ва рангоранг гардидани мақом ва дараҷаи мазмуну муҳтавои радиои тоҷик метавон нисбат дод. 

Ба шарофати истиқлол ва демократисозии ҷомеа низоми радиои тоҷик низ дигаргун шуд. Ҳоло, дар низоми имрўзаи радиоҳои муосири ҷаҳон: формати расмӣ-ҳукуматӣ, омехта, хусусӣ-тиҷоратӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва амсоли ин ташкил медиҳанд.  Вале дар нисбат ба  Радиои Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки то имрўз аз рўйи тавлид чунин заминаҳоро пушти сар кардааст:

а) шуъбаи шаҳрӣ, шуъбаи хориҷӣ, ки қаблан фаъолият доштанд ва бо рўҳияи талаби замон тағийри ном карданд. Ба мисоли "Барномаи дуюм", "Барномаи «Фурўғи Ориёно» ва ғайра; 

б) Радиоҳое, ки сирф зодаи истиқлолиятанд: шабакаҳои "Фарҳанг", «Садои Душанбе», «Овози тоҷик»;

Радиои Тоҷикистон ба сифати як расонаи муқтадири умумимиллӣ тавассути чаҳор шабака дар як шабонарўз  бо 8 забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш мекунад. Шабакаи «Тоҷикистон», ки бо номи радиои Тоҷикистон ёд мешавад, формати умумӣ дорад. Барномаҳо ба тамоми қишрҳои ҷомеа – кўдакону наврасон, ҷавонон, занон, аҳли илму адаб, коргару деҳқон нигаронида шудаанд. 

Радиои Тоҷикистон аз идораи барномаҳои иттилоотӣ (ҳамарўза 13 нашри барномаи иттилоотии «Ахбор»), идораи барномаҳои таҳлилӣ (ҳар ҳафта 25 – 26 барнома), идораи барномаҳои «Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» (ҳар ҳафта 35-36 барнома), идораи барномаҳои мусиқӣ (ҳар ҳафта 27-28 барнома) ва идораи барномаҳои «Субҳ» (ҳар субҳ 4 соат) иборат мебошад.

Аз 14-уми августи соли 1998 кори шабонарўзии Радиои Тоҷикистон шурўъ гашт. 18-уми январи соли 1999 дар Радиои Тоҷикистон шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» арзи ҳастӣ кард, ки он ҳамарўза барномаҳои иттилоотию омўзишӣ, сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мусиқӣ пахш мекунад. Ҳадафи асосии он инъикоси ҳамаҷонибаи ҳаёту рўзгори мардуми пойтахт бошад ҳам, доираи мавзўъ ва  муҳтавояш гўшаҳои дигари ҷумҳуриро низ фаро мегирад. Ҳамарўза кормандони шабака аз соати 800 то 2000 мустақиман ба мавҷ баромада, бо забонҳои тоҷикӣ (10 соат) ва русӣ (2 соат) барномаҳо пешкаши шунавандагон мегардонанд, ки аз соати 2000 то 0800 такроран пахш мешаванд. Ҳамин тариқ, Радиои Тоҷикистон ба як сохтори воҳиду муташаккил табдил ёфта, соли 1990 ҳаҷми пахши барномаҳо дар як шабонарўз аз 34 ба 62 соат расид.

Шабакаҳои зертобеи Радиои Тоҷикистон низ як падидаи даврони истиқлолият буда, барои расонидани иттилоот, инкишофи фарҳанги миллӣ ва дар инъикоси намунаҳои олии тамаддуни ҷаҳонӣ барои миллати тоҷик саҳми арзанда дорад. Ба ин маънӣ агар назар андозем, ба осонӣ эҳсос менамоем, ки ин радиоҳо на танҳо ҳамеша ҳамқадами айём, балки пешқадамтар аз давру замон низ барномаҳо таҳия мекунанд. Зеро дар барномаҳои он натанҳо воқеиёти дирўзу имрўз бозгўву баррасӣ мешаванд, балки оқибатҳои  ҳолатҳои иҷтимоӣ низ мавриди инъикос қарор гирифта, дурнамои онҳо нишон дода мешавад.    

Метавон гуфт, ки Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он дар пур кардани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад. Ва дар бозгў ва таҳлилу баррасии ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ ва  барои баланд бардоштани дараҷаи огоҳии иттилоотӣ ва маърифати мардум нақши созгор дорад. Гарчи тарзу пешниҳоди гуфторҳои ин радиоҳо гуногун бошад ҳам, манфиат умумист. Хеле хушоянд аст, ки сарфи назар аз гуногунандешӣ журналистони радиоии мо дар масъалаҳои усулӣ: эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаммоҳои худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа мавқеи созанда доранд. Бинобар ин, гуфторҳои радиоӣ ба яке аз воситаҳои дастраси ахбори фаврӣ, таблиғу ташвиқи оммавии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маърифатноккунӣ табдил ёфтааст.

Обидҷон  Матхолов, муовини аввали директори радиои Тоҷикистон

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj