Раисони созмони ҷавонон ва соли ҷавонон

Раҷабалӣ Икромов - раиси Созмони ҷавонони ДМТ:
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳар баромаду суханрониҳои худ барои рушду нумуи насли наврасу ҷавони кишвар дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо аз ҳар як сокини кишвар масъулияти бештарро тақозо мекунад.
Дар заминаи ин сиёсат, бо дастгирӣ ва роҳнамриҳои бевоситаи  ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. имрўз дар донишгоҳ барои ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бахши Созмони ҷавонони донишгоҳ аз ҷумлаи сохтори таркибии донишгоҳ аст, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон (донишҷўён)  фаъолият мекунад.  Созмон бо дастури роҳбарияти донишгоҳ, хусусан бахши тарбия, якҷо бо созмонҳои факултетҳо дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани онҳо чораҳои заруриро рўйи кор гирифтааст.
Бояд қайд намуд, ки имсол Пешвои миллат дар Паёми  солонаи хеш нақши ҷавононро дар рушди давлати демократӣ муҳим арзёбӣ намуда, бо ин мақсад,  соли 2017-ро дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон намуданд.
Мо- ҷавонон бояд бо мақсади пешрафти кишварамон ва беҳтар намудани савияи дониши худ ҳамарўза кўшиш ба харҷ диҳем, ба дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат пайравӣ намоем ва бо масъулияти баланди ватандорӣ пайи иҷроиши уҳдадориҳои худ бошем.
Ҳасанҷон Файзуллоев-раиси созмони ҷавонони факултети ҳуқуқшиносӣ:
-Воқеан, неруи созандаи  ин Ватан ҷавонон маҳсуб меёбанд,  ки  ҳанўз аз  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  то  ба  имрўз талошу заҳмат ва ташаббусҳои наҷибу ватандўстонаи худро баҳри ободию гулгулшукуфоӣ ва пешравии он дареғ надоштаанд  Аз  ин ҷост,  ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  дар  баромадҳои  худ  таъкид мекунанд, ки “ман  ба  ҷавонон такя  дорам, чунки ҷавонон ояндасози миллатанд”. Ин  суханони Пешвои миллат мо-ҷавононро водор  месозад, ки баҳри созандагию ободкориҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳамеша талош варзем ва заррае ҳам бошад, саҳми арзандаи хешро  дар  рушду нумуи  ин  давлату миллати соҳибтамаддун гузорем. 
Аҳмадшо Тавакалов – раиси Созмони ҷавонони факултети журналистика:
-Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон ба ҳаряки мо роҳу равиши тозаю неруи  тавоно бахшида, моро  ба сулҳу субот ва навсозиҳо  раҳнамун  месозад.  Имрўз фаъолияти созмони ҷавонони факултети журналистика бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултет дар сатҳи хеле хуб қарор дорад. Бо ташаббуси садорат донишҷўёни  факултет дар чорабиниҳои гуногунсатҳ ва корҳои ҷамъиятӣфаъолона иштирок намуда, барои рушди факултет ва дар умум барои ободии донишгоҳу ватани азизамон- Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Бо ибтикори созмони ҷавонон дар факултет якчанд ҳамоиш гузаронида шуд, ки умед дорем чунин нишастҳо барои баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастиву ватандўстии донишҷўён таъсири худро мерасонад. Ҳамчун як ҷавони ин сарзамини биҳиштосо  таманнои онро дорам, ки ҳамсолону ҳамсабақонам ба қадри ин ҳама дастгириву ғамхориҳо расанду пайваста аз пайи илмомўзиву ободкории кишвари азизу маҳбубамон - Тоҷикистон бошанд.
Комрон Раҷабов – раиси Созмони ҷавонони факултети филологияи тоҷик:
-Имрўз ҷавонони кишвар ҳамчун пешсафони ободиву осоиштагӣ ва созандагони ҷомеаи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Чун ҷавони зодаи истиқолият фахр  аз  он  дорам,  ки  дар  ибтидои соҳибистиқлолии кишвар, худро ҳамсафу ҳамқадами ободкориву созандагии Ватани азизам мебинам.
Мо, ҷавонон–донишҷўёни факултет кўшиш менамоем, ки пайравони Пешвои миллат бошем. Тавре Пешвои миллат гуфтаанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». 
Хуршед Исанов – раиси Созмони ҷавонони факултети филологияи рус:
- Боиси хушнудист, ки бо  дастгирии  бевоситаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати  маориф ва  илм  ҳамкориҳои  донишгоҳу донишкадаҳои  кишвар  бо  дигар муассисаҳои  таълимии бонуфузи  ҷаҳон вусъат ёфта, сафи донишҷўёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда ва ё иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмию таълимии байналмилалӣ  хеле зиёд шудааст. Имрўз ҷавонон - донишҷўёни мо дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, савияи дониш ва маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд. Чанде пеш банда дар яке аз чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Русия миёни ҷавонон баргузор гардид, иштирок доштам ва аз таассуроти гирифтаи худ ба донишҷўёни факултет, ки дар ҳар гурўҳ як нафар масъули созмони ҷавонон интихоб гардидаанд, иттилоъ манзур намудам.
Ҷомӣ Қодиров – раиси Созмони ҷавонони факултети таърих:
- Имрўз дар сиёсати давлатии Ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеиҷавонон ҷойгоҳи махсусро касб намудааст. Чунончи ҷавонони мо метавонанд дар ҳама гуна чорабиниҳои илмию фарҳангӣ иштироку суханронӣ намоянд. Тибқи нақша-чорабиниҳои созмони ҷавонони факуклтет якчанд чорабиниҳои илмию фарҳангӣ гузаронида шуд, ки нақши ҷавонон-донишҷўён дар гузаронидани ин ҳамоишҳо назаррас аст. Масалан, бахшида ба рўзи Артиши миллӣ - 23-юми феврал, Рўзи модарон – 8-уми март, Соли ҷавонон ва ғ. нишастҳои илмӣ-амалӣ гузаронида шуд, ки дар кори нишастҳо донишҷўёни фаъол вобаста ба мавзўъҳои гуногун маърузаҳо намуданд. Имрўз саҳми ҷавонон дар чорабиниҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ назаррас аст. Созмон тасмим гирифтааст, ки минбаъд чорабиниҳои илмиро бештар намояд, зеро имрўз ҷавонон бештар ба тадқиқоти илмӣ шавқ доранд.
Фирўз Ҳусайнов – раиси Созмони ҷавонони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо:
-Мо ҷавонони хушиқболем, зеро имрўз дар ҷумҳурӣ барои мо тамоми шароит барои андўхтани дониш, аз ҷумла барои омўзиши забонҳои хориҷӣ муҳайё шудааст. Имрўз ҷавонон–донишҷўёни факултети мо дорои маҳорати хуби забондонӣ мебошанд. Ба андешаи мо донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз вазъи ҷаҳони имрўза огоҳ шаваду ба ҷаҳониён фарҳангу оини худро муаррифӣ созад. Хушбахтона, имрўз донишҷўёни мо дар баробари таҳсил, ҳамзамон, дар чандин чорабиниҳои факултетиву донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ  ба ҳайси мутарҷим иштирок намуда, бо маҳорати баланд суханронӣ менамоянд.
Саидшоҳи Сафархон – раиси Созмони ҷавонони факултети кимиё:
-Имрўз бо роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултети кимиё донишҷўён-ҷавонони факултетро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Ҷавонони факултет кўшиш доранд, ки дар самти рушди факултет ва донишгоҳ саҳми арзанда гузоранд. Мушоҳида мешавад, ки рўз то рўз таваҷҷуҳи онҳо ба тадқиқи илми кимиё зиёд шудааст ва Созмони ҷавонони факултет дар ин роҳ ба онҳо кумак расонида, бештар маҳфилҳои илмиро бо иштироки олимони шинохтаи соҳа ба роҳ мондааст.
Абдураҳимзода Салмон – раиси Созмони ҷавонони факултети биология:
-Иштироки ҷавонон дар ҳамоишҳои илмию назариявӣ ва фарҳангию фароғатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои ҷонии донишҷўён-ҷавонони факултети биология мебошад. Созмони ҷавонони факултет тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии садорати факултет миёни ҷавонон ҳамоишҳои ҷамъиятӣ ва илмию амалиро бештар намояд. Баргузории нишастҳои Ҷамъияти илмии донишҷўён, ки бо иштироки устодони пуртаҷрибаи факултет гузаронида мешавад, гувоҳи гуфтаҳои болост.
Додарҷон Партоев – раиси Созмони ҷавонони факултети фарматсевтӣ:
-Фаъолияти созмони ҷавонони факултет дуруст ба роҳ монда шудааст ва ҳайати ҷавонон-донишҷўёни факултет дар ҳама ҳамоишҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз шавқи ҷавонон ба соҳаи илмҳои фарматсевтию тиббӣ бештар гаштааст.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ояндаи дурахшони ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, ба солимии ҷисмию рўҳии ҷавонон пайваст мебошад. Аз ин рў, дар сиёсати иҷтимоии ҳар як ҷамъият соҳаи тандурустӣ мавқеи муҳимро соҳиб мебошад. Донишҷўён- ҷавонони факултети фарматсевтӣ кўшиш доранд, ки дар оянда мутахассиси хуби соҳа шуда, ба халқу ватани азиз – Тоҷикистон содиқона хизмат намоянд.
Камолиддин Ҷобиров – раиси Созмони ҷавононои факултети иқтисод ва идора:
-Боиси хушнудист, ик имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон барои ояндаи хуби онҳо нигаронида шудааст. Мо- насли ҷавон хушбахт аз онем, ки масъалаи ҷавонон дар ҷумҳурӣ мавқеи махсусро касб кардааст. Хушбахтона, имрўз барои ҳалли масъалаҳои донишазхудкунӣ, ҷаҳонбинӣ ва сайқал додани маҳорати касбии ҷавонон-донишҷўён дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ,  хусусан дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бахши созмони ҷавонон аз ҷумлаи сохторҳои факултет мебошад, ки манфиатҳои ҷавонон-донишҷўёнро ҳимоя намуда, дар тамоми самт ҷавононро дастгирӣ мекунад.
Шодибег Ғолибов – раиси Созмони ҷавононои факултети тиббӣ:
-Имрўз бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултет ҷавонон-донишҷўёни факултети тиббӣ дар соҳаҳои гуногуни илми тиб таҳсил ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ доранд. Ҷавонон-донишҷўёни факултет хуб дарк кардаанд, ки солимии ҷомеа ба солимии ҳар як фарди он вобаста аст. Аз ин рў, кўшиш менамоянд, ки мутахассисони хуби соҳа гардида, дар марказҳои тиббӣ ва дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо масъулияти баланд фаъолият кунанд. Бахши созмони ҷавонони факултет  кўшиш менамояд, ки ҷавононро дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар руҳияи ватандўстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳоро мақсади олии созмон қарор диҳад. 
Хайём Мирзоаминов – раиси Созмони ҷавононои факултети баҳисобгирию иқтисодӣ:
-Имрўз  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои рушди ояндаи ҷомеаи ҷавон тамоми шароит фароҳам оварда  шудааст. Натиҷаи ҳама дастгириҳо ва ободкориҳо буд, ки ҷавонон-донишҷўёни тоҷик имрўз бо ибтикороту  ихтирооти худ номи миллат  ва  давлатро дар арсаи  ҷаҳон боло  бардоштаанд.
Хушбахтона, имрўз ҷавонон-донишҷўёни факултети баҳисобгирию иқтисодӣ фаъолияти хуб нишон дода, дар корҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ бо масъулияти баланд иштирок менамоянд. Созмони ҷавонони факултет ҳамчун сохтори масъул дар самти забономўзии ҷавонон ва хуб аз бар намудани ихтисосҳои интихобшудаи онҳо кумак мерасонад. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj