Раҳнамои зиндагӣ

Китоб сарчашмаи асосии беҳдошти заковати инсоният маҳсуб меёбад.  Он муъҷизаест гаронбаҳо, ки инсониятро дар роҳи мурод водор месозад, то каме ба дунёи андеша сафарбар шавад. Ҳошияи адабиёти миллати тоҷик бо шоирону нависандагони маҳбуб ташкил ёфтааст, ки асолати инсонии онҳо танҳо мондани эъҷози хеш, тавассути китоб чун мерос арзёбӣ мегардад. Китоб манбаи донишомӯзӣ ва фурӯзонии неруи созандаи ақлонии мо буда, шоҳроҳи абадиятро  ба мо нишон медиҳад. Бузургтарин ва кучактарин таҷрибаи зиндагӣ роҳи ҳалли худро дорад, ки он маҳз дар китоб дарҷ гардидааст. 

Китоб ҳадяи бузургу бебаҳоест, ки ҳеҷ арзишмандияшро аз даст намедиҳаду то абад ҳамчун ганҷинаи ҳаёт нуфузи хешро нигоҳ медорад. Қисмати инсонӣ ҳамчун падидаи матлуб ва дилнишини ҳаёт танҳо арзишмандии худро дар  он вақт гум намекунад, ки ҳар фард бо китоб муомила дошта бошад. Ҳарчанд аср асри техникаву техналогияи пешқадам бошад ҳам, вале маконату ҷойгоҳи китоб мисли пеш собиту баланд аст. Муносибат бо китоб дар ин аср як чаҳише дар неруи заковати мо хохад гузошт, ки самараашро бо мурури замон дар ҳаёту фаъолият баъдан мушоҳида хоҳем намуд. Барои ин фақат мебояд бо китобу китобхонӣ машғул шавему аз он хуб истифода барем.  Китоб роҳнамо ва калиди хушбахтии ҳаёти инсоният буда,  инсониятро ба қуллаҳои авҷи аълои зиндагӣ ҳидояту раҳнамо месозад. 

Зебоиҳову зеботаринҳои олами андеша танҳо дар гуфтор ошкор мешаванд, ки ин гуфтор бо китоб будану бо китоб зистанро тақозо мекунад.   Воқеан,  инсони комил онест, ки ҳамеша дар ҳама ҳолат бо китоб дар иртибот буда, меъёрҳои зиндагиву инсонии хешро дар он дармеёбад.  

Шоимбек МУРОДОВ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj