Раҳовард

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ як гурўҳи корӣ иборат аз 18 нафар ҷавонони фаъол, бо намояндагӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио ва гурўҳи “Пешоҳанг” (Авангард) (Миралиев Эмомалӣ ва Хушвахтов Аслиддин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), бо мақсади гузаронидани суҳбатҳои озоду мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Русия кору фаъолият ва таҳсил менамоянд, сафар намудем. Дар доираи сафар гурўҳи корӣ бо ҷавонони тоҷик ва намояндагони созмонҳову диаспораҳои тоҷик дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Русия, аз қабили Москва, Твер, Краснодар ва Сочи, ки дар он ҷо шумори зиёди ҳамватанон ба кору таҳсил машғуланд, мулоқот доир намудем.

Мақсади асосии сафар  суҳбату мулоқоти озод бо ҳамватанон доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, субот ва оромии Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат, ватандўстию ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ба шумор мерафт...

Донишҷуёни тоҷик, ки дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсия Русия таҳсил мекунанд, аз дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, махсусан, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки баъди таҳсил баргашта барои боз ҳам баланд бардоштани шарафи ин миллату давлат тамоми кўшишҳои худро ба харҷ медиҳанд. Барои боз ҳам равобити қавитар пайдо намудан бо донишҷўёни дохили кишвар намояндагии худро дар “Маҳфили донишҷўёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”  интихоб намуданд.

Ҳангоми суҳбатҳо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Русия кору фаъолият ва таҳсил менамоянд, бо як рўҳияи шод аз сиёсати пешгирифтаи Президети мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори намуда, ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли равон ба миён омадаро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки дигар ягон қувва ва ягон нохалафе суботу оромии Ватани азизи моро вайрон карда наметавонад.

Хулоса, мо ҷавонон, пеш аз ҳама, ба хотири ободии Ватан, дастгирии давлатии сиёсати ҷавонон ва дастгирии пайвастаи Хукумати кишвар нисбат ба ҷавонон бори дигар изҳори сипоси худро ба Пешвои ҷавонони Ватан, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон мерасонем. Ҳамчунин, сипоси худро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазони Ҳамро ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба хотири пайвастан дар канори ҷавонон,  дастгириву тарбияи насли ҷавон мерасонем ва ҳамчунин баҳри ободи ва суботу оромии кишвар ҳамеша дар канорашон ҳастем.

Миралиев Эмомалӣ, донишҷў

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj