Роҳнамои рўзгори босаодати мо

Замони муосир бо ҳама тазодҳояш дар сарнавишти инсоният нақши барозанда дорад. Ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви фаъоли ҷомеаи башарӣ дар баррасиву ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир саҳми арзанда мегузорад. Ва ин обруву эътибори байналхалқии Тоҷикистони азиз ба фаъолият, ибтикорот ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сиёсати дурандешона ва башардўстонаи Пешвои муаззами тоҷикон моро ба ҷаҳониён чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд муаррифӣ кард. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон торафт доман паҳн карда, аз сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Ва мо имрўз зери эҳсоси шодмонии дигар қарор дорем: Маҷмааи умумии СММ боз як иқдоми Тоҷикистонро дар иртибот ба об қабул кард. Яъне, ин чорумин ташаббуси Тоҷикистон дар мавзўи об аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он пуштибонӣ мекунад ва ин хабари хуш дар рўзе ба мо расид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони ҷомеа ироа мегардид.

Ҳаёти чорякасраи кишвари соҳибистиклоламон як давраи хоси таърихист. Тоҷикистони азиз дар ин масири кўтоҳ, вале пуршараф зина ба зина марҳилаҳои мураккабу печидаро устуворона тай намуд. Муҳимтарин дастоварди ин давраи таърихӣ барои халқи тоҷик таҳкими пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллист. Ин дастовард роҳнамои тамоми кору талошҳои халқи тоҷик дар давоми даҳсолаҳои дигар хоҳад буд. Басо мантиқист, ки оѓози матни Паёми навбатӣ низ дар партави таҳкими ин истиқлолу ваҳдат сурат гирифт. Ояндаи ҷомеа бо маорифу маърифат поягузорӣ мешавад. Ва дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доштани ин ҳақиқати бебаҳс ба таърихи миллати маърифатпарвари мо иртибот дорад. Зеро мо дар асл миллати маърифатӣ будему ҳастем. Дар навбати худ дар ҷаҳони муосир иқтидори кишвару миллатҳоро дигар на захираҳои иқтисодиву табиӣ ва зўри силоҳ муайян мекунад, балки мардуми огоҳу худшинос ва донишманд бозгўи иқтидор ва таъсири кишварҳо хоҳанд гашт. Дар ин замина ба масъалаҳои мактабу маориф ва ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир кардани Пешвои миллат мантиқӣ ва бархоста аз воқеияти ҷаҳони муосир аст. Аслан, дар тамоми Паёмҳои Сарвари кишвар мактабу маориф ҷойгоҳи хоса доранд, аммо дар Паёми навбатӣ ин масъала оҳанги дигар гирифт. Дар Паём таъкид шудани ин нукта, ки «дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёд гардида, беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.», худ гувоҳи таваҷҷуҳи беназири Давлату Ҳукумат ба ин соҳаи сарнавиштсоз аст. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлол бо вуҷуди мушкилоти маълум, роҳбарияти Давлат мактабу маорифро ҳамеша дар сиёсати худ самти афзалиятнок ҳисобидаанд. Чунончи дар Паём зикр шуд, дар ин давра беш аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир ва шароити замонавӣ таъмин гардиданд. 

Дигар аз нуктаи хурсандибахши Паём он буд, ки дар замони истиқлолият миқдори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 3 баробар (аз 13 ба 39) ва шумораи донишҷўён 2,5 баробар (аз 70 ҳазор ба 170 ҳазор нафар) афзудааст. Гузашта аз ин, «зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд». Агар аз рўйи инсоф муқоиса кунем, дармеёбем, ки то истиқлолият ҳамагӣ чанд сад нафар ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар таҳсил кардаву соҳибмаълумот (таҳсилоти олӣ) гардида буданд. Аммо имрўз ҳазорон ҷавонони тоҷик дар пешрафтатарин кишварҳои олам, дар бонуфузтарин донишгоҳҳо илму дониш меомўзанд. Яъне, ҷавононе, ки имрўз дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, бо донишҳои муосир мусаллаҳ мешаванд ва дар оянда барои пешрафти Ватани азизамон хизмат хоҳанд кард. Хушбахтона, ин раванд бо дастгирии Пешвои миллат пайваста густариш меёбад.

Ҳамчунин, дар Паём дар робита ба боло бурдани иқтидори зеҳнии насли нав амалишавии чанд иқдом пешбинӣ гардидааст. «Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ» Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки «дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажўҳишӣ ҷалб карда шаванд.»

Ҳақиқат аст, ки дар сиёсати Пешвои миллат ҷавонон ҳамеша ҳамчун қишри созандаву ояндаи ҷомеа мавқеъ ва мақоми хос доштанду доранд. Пешвои миллат аз эътимоду боварии худ нисбат ба ҷавонон зикр намуданд, ки ин натиҷаи сиёсати оқилонаи Ҳукумат дар муносибат ба ҷавонон мебошад. Ҷавонон имрўз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ҳамчун як неруи бузург истифода мешаванд. Дар вазифаҳои муҳими роҳбарӣ ва дар муассисаҳои бонуфузи давлатӣ аз нерўи ҷавонон васеъ кор гирифта мешавад. Бо назардошти ҳамаи ин ва боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа дар Паём зикр гардид: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.». Ин нукта муждаи меҳварии Паём буда, омили такондиҳанда дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар мебошад. Зеро ҷалби неруи ҷавонон дар раванди бунёду таҳкими кишвари соҳибистиқлол дилгармиву ҳавасмандсозии ҷавонон ва дар роҳи садоқатмандӣ камол ёфтани онҳо мебошад.

Дар Паём ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар бо самимият истиқбол гардид. Метавон гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рохнамоест дар роҳи расидани мардуми Тоҷикистон ба зиндагии боз ҳам шоиставу арзанда. 

Сангин Гулов, 

дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, 

Бахтиёр Кутбиддинов, 

дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj