Роҳҳои тақвият бахшидани содирот

Барои тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир ба ҳукми анъана даромадааст, то тиҷорати хориҷии худро, ки ҳамчун яке аз шаклҳои алоқаи анъанавии байнидавлатӣ баромад менамояд, тақвият бахшанд. Дар ин самт мамлакати мо низ ба рушди ин шакли алоқаи берунӣ ҳавасмандии зиёд дорад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар шароите ба бунёди давлатдории хеш, аз ҷумла, самти сиёсати хориҷии он пардохт, ки низоми сиёсии ҷаҳон рў ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин кунад ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Хушбахтона, дар ин гуна марҳилаи тақдирсоз, бо ҳидояти роҳбарияти кишвар, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва то имрўз 151 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохта, бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Тайи солҳои охир бўҳронҳои молиявию иқтисодие, ки иқтисоди ҷаҳони муосирро фаро гирифта истодаанд, ба иқтисоди миллии Тоҷикистон низ оқибатҳои манфии худро бевосита мерасонанд.
Таври ба ҳама маълум, дар доираи давлатҳои узви ИДМ шарики асосии стратегии Тоҷикистон Федератсияи Русия ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки пас аз эълони таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Русия ба вазъи савдои хориҷии мамлакати мо таъсири манфӣ бештар расид. Таъсири манфии таҳримоти алайҳи Русияро, пеш аз ҳама, дар фаъолияти соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, бинобар кам гардидани талабот ва пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти онҳо, мушоҳида кардан мумкин аст. Боиси нигаронӣ аст, ки таъсири буҳрониро ба низоми молиявӣ ва бонкӣ дар тавозуни пардохт ва номутавозинии тиҷорати иқтисодиёти мамлакат бештар ҳис кардан мумкин аст.
Инкишофи тиҷорати хориҷӣ, пеш аз ҳама, ба васеъ гардидани истеҳсолот, ташкил ва беҳтар гардонидани роҳҳои дарёфти иттилоот ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам байни мамлакатҳо, инчунин, ба гирифтани фоидаи бавуҷудомада мусоидат менамояд. Ҳамин буд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ва дар  ҳуҷҷати Стратегияи милли рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба масъалаи рушд бахшидани истеҳсолоти ватанӣ ва минбаъд ба давлати саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. 
Қабули Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлатирушдиҶумҳурииТоҷикистонбароисолҳои2016-2020 заминае баҳрибаландбардоштанисатҳусифатизиндагиимардумтавассутитаъминирушдиустуворииқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафтибахшҳоивоқеиииқтисодиёт, диверсификатсияиистеҳсолот, инчунин, таҳкимиимкониятисодиротиимамлакат, беҳтарсохтанифазоисармоягузоӣ, дастгириисоҳибкорӣ, ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, инкишофибозоримеҳнатватаҳкиминерўиинсонӣ мебошад.
Яке аз масъалаҳоимуҳимме, кидар  ҳуҷҷатиСтратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст,  ин  саноатикунонии мамлакат мебошад. Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Самаранокӣ, гуногуншаклӣ варақобатпазириибахшивоқеиииқтисодиёт, азҷумлавоситаҳоиасосиикорхонавумуассисаҳо, сарватҳоитабиӣ, бамонандиоб, заминвамаъданҳоизеризаминӣ, инфрасохториэнергетикӣ, нақлиётӣ ваиттилоотивукоммуникатсиониро то сатҳусифатебоядбаландбардошт, ки истеҳсолотиватанӣ бамаротибрушдёфта,дороисифатибаландварақобатпазирбошад. Барои ин ҷорӣ намуданитехнологияҳоимуосирдарҳамаиинсамтҳомуҳиммебошад. Ин самтҳоиафзалиятнок, дарайнизамон, барои афзун гардонидани содироти маҳсулотиватанӣ низомилиасосӣ баҳисобмераванд. Зеро барои ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодӣ, зиёднамуданиистеҳсолимаҳсулотирақобатпазириватанӣ, афзоишисодиротвакоҳишдоданиворидоттанҳогуногуншаклиисодирот кифоя набуда, бояд самаранокӣ вагуногуншаклиитамомииқтидорузахираҳоимавҷудадарҳамбастагӣ баландбардошташаванд.
Дар 15 соли оянда саҳмисоҳаисаноатродармаҷмуимаҳсулотидохилӣ батавриназаррасзиёдкарда, Тоҷикистонроазкишвариаграрӣ - индустриалӣ баиндустриалӣ - аграрӣ табдилдоданзарураствасохтори содиротро аз содироти ашёи хом бештар ба содироти молу маҳсулотитайёртабдил додан ҳатмист. Зеро содироти ашёи хом на он қадарфоидаовараствамамлакате, кисодироткунандаииннамуди молҳобаҳисобмеравад,бурднамекунад. Тавретаҳлилгарон мегўянд, мамлакате, ки ба маблағияквоҳидашёихомё маҳсулоти нимтайёр содирмекунад, одатан баривазионбамаблағи10 воҳидмаҳсулотитайёрисаноатӣ воридмекунад.
Баҳрирасидан ба ҳадафҳоизикршудаватақвиятисодиротимамлакатистифодаитаҷрибаимамлакатҳоидигарзарурмебошад. Яке аз чунин роҳҳое,кимамлакатҳоидигартавассутиистифоданамуданионсодиротихудротақвиятдодаанд,индуруствасамаранокистифодабурдани сармояи хориҷӣ мебошад. Аз ин рў, моро зарур аст, ки сармояҳои ба мамлакат воридшавандаро самаранок истифода намуда, онро дар бунёди объекҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва махсусан бахши воқеии иқтисодиёт равона созем.
Дастгирии соҳибкориихурду миёна самти дигари фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мебошад, ки асоси онро бунёди корхонаҳоихурдумиёнаташкил медиҳад ва ин роҳи дигаре баҳри афзунгардонии содироти мамлакат ба ҳисоб меравад, ки истифода аз он дар мамлакати мо зарур аст. Аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта бармеояд, ки дар тавозуни савдои хориҷии онҳо ҳиссаиин корхонаҳозиёдааз15%-итамомимолҳоисодиротироташкилмедиҳад. Дастгирии ин намуди фаъолият заминае баҳриташкиликорхонаҳоибузурги саноатӣ мегардад. Ғайр аз ин вобаста ба нишондодҳои ҳуҷҷати Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ворид кардани технологияи пешрафта ба боло бурдани сифтаи маҳсулот ва минбаъд афзунгардонии рақобатнокии молҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад. Ҷиҳати афзунгардонии содироти мамлакат татбиқи усулҳои ҳавасмандгардонии андозӣ низ шарти муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.   
              Маҳадмумин Тағоев,
Ҷунайдулло Разоқов 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj