Рустам НАЗАРОВ: СОҲИБИСТИҚЛОЛИРО МИСЛИ ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ МЕБОЯД НАМУД...

- Устоди гиромӣ, қаблан дар мавриди дастовардҳои факултет дар соли 2016-2017 чанд сухан мегуфтед?

- Соли таҳсили 2016-2017 барои факултети фалсафа соли бобарор шуд. Дар ин сол садорат баҳри беҳбудии сифати таълиму тарбия кўшиши зиёде ба харҷ дод. Тамоми нақшаю барномаҳо, саволномаҳои корҳои мусатқилонаи донишҷўён, корҳои курсӣ ва хатму дипломӣ, силлабусҳо, саволномаҳои тестӣ дар ҳамаи кафедраҳо аз нав дида баромада шуданд. Маводҳои зиёди таълимӣ аз қабили китобҳои дарсии ихтисоси кори иҷтимоӣ, сотсиология, психология, фалсафа ва сиёсатшиносӣ таҳия ва нашр гардиданд. Ҳамин минвол дастурҳои зиёди методӣ низ рўи чопро диданд ва ба донишҷўёну устодон дастрас гардиданд.

Бадастдарории сифати таълим аз дониш, малака ва маҳорати педагогии устод вобаста аст. Ин аст, ки имсол аксари устодони факултетро ба курсҳои такмили ихтисос дар донишгоҳ фаро гирифтем. Иловатан бар ин дар охири соли таҳсил 24 нафар устодони ҷавони факултет аз ҷониби Донишгоҳи байналмиллалии Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Фонди Оѓохон аз семинари махсус оид ба роҳҳои татбиқи усулҳои фаъоли таълими навини байналмиллалӣ гузаштанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имсол тибқи нақшаи нави таълимии пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳатмии фанҳои диншиносӣ, этика ва эстетика дар ҳамаи макотиби олии мамлакат ҷорӣ карда шуд. Бо ин мақсад олимони факултети фалсафа нақша, барнома ва ҳатто китобҳои дарсии ин фанҳоро таҳия намуда, баҳри нашр ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намуданд.

Самти дигари бурдбориҳои факултет ин соҳаи илм мебошад. Ногуфта намонад, ки дар факултети фалсафа ду узви вобастаи Академияи илмҳо, 12 доктори илм ва 31 номзади илм  фаъолият менамоянд. Имсол 1 нафар (Маҳмадова Т.) рисолаи докторӣ ва 6 нафар устодон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, тасдиқи КАД Федератсияи Руссияро гирифтанд. Даҳҳо монографияҳо ва садҳо мақолаҳо дар нашрияи илмии ватанӣ ва хориҷӣ аз ҷониби устодони факултет ба табъ расиданд. Дар сомонаи ХИРШ саҳми устодони мо назаррас аст. Вале қайд намудан ҷоиз аст, ки на ҳамаи устодони факултет ҳоло дар ҷодаи илм фаъоланд. Ин гуна устодон пайваста мавриди муҳокимаи сахтгиронаи  кафедраҳо ва садорати факултет мегарданд. Имсол дотсенти ҷавони кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ соҳиби Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гардид, ки мо аз ин қадрдонии Пешвои миллат хеле ҳам хурсанду фараҳмандем.

-Иштироки донишҷўён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар чи сатҳ қарор дорад? Садорат ва мудирияти кафедраҳои факултет барои беҳбуд бахшидани ин самт чӣ чораҳо андешидааст?

- Дар факултет маҳфилҳои илмии кафедраҳо ва маҳфили «Зеҳн»-и факултет фаъоланд. Қариб ҳар рўзи чоршанбе соати 1300 дар толори фарҳангию илмии факултет,  маҳфили «Зеҳн» бо иштироки олимони машҳури мамлакат вохўриҳо ва маърўзахониҳои илмӣ баргузор менамоянд. Инчунин, устодон дар соли таҳсили 2016-2017 дар дастаҳои олимпӣ фаъолияти сермаҳсуле карданд. Дар соли таҳсили 2016-2017 ду нафар донишҷўи факултет дар озмуни Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ѓолиб баромада, сазовори ҷои аввал ва Ҷоми Академия гардиданд. Инҳо – Айдаралиев Аким аз фанни фалсафа ва Саидова Фазилатмоҳ аз фанни сиёсатшиносӣ мебошанд. Айдаралиев Аким инчунин ѓолиби Олимпиадаи донишҷўёни макотиби олии мамлакат аз фанни фалсафа гардид. Ў ягона иштирокчие буд, ки баҳои аз ҳама балантарин -100 балро дар ин Олимпиада сазовор гардид.

Азбаски факултети фалсафа муассисаи сиёсӣ ва фарҳангию ахлоқи аст, қариб тамоми устодону донишҷўёни мо дар мавзўъҳои гуногун дар байни омма баромадҳо намуда дар ВАО мунтазам меҳмон мешаванд. Дар ин ҷода дар соли таҳсили 2016-2017 ҳамаи кафедраҳои факултет: равоншиносӣ, равандҳои сиёсии Тоҷикистон, фалсафа, кори иҷтимоӣ ва ҷомеашиносӣ хеле ҳам фаъол буданд. Аксари устодони мо барандаҳои барномаҳои муҳимми сиёсӣ ва фарҳангию равоншиносии телевизион ва радио гардидаанд. 

- Оё хатмкунандагони ин даргоҳ ба ҷойи кори муносиб аз рўйи ихтисосҳои интихобнамудаашон таъмин мегарданд?

- Як падидаи хеле ҳам хубро қайд намудан ҷоиз аст, ки баъди хатм зиёда аз 90% хатмкунандагони мо дар панҷ соли охир соҳиби ҷои кор гардидаанд, ки ин дар шароити мушкили бозори меҳнати олами иқтисолиёти бозаргонӣ падидаи хеле ҳам назаррас аст. Хатмкунандагони мо харидори худро дар бозори меҳнати мамлакат пайдо намудаанд ва доираю нуфузи онҳо васеъ гардида истодааст. Масалан, дар панҷ соли охир факултетро бо шаш ихтисос зиёда аз 700 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 47 нафар ба таҳсили аспирантура ва кори илмӣ фаро гирифта шуданд, зиёда аз 80 нафари онҳо дар созмонҳову ташкилотҳои байналҳалқӣ, зиёда аз 70 нафар дар мақомотҳои қудратӣ, 46 нафар дар макотиби олии мамлакат ба ҳайси устод ва боқимонда дар мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият намуда истодаанд. Имрўз нуфуз ва манзалати ҳар як ихтисосро харидории хатмкунанда дар бозори мамлакат  муайян менамояд. Ин аст, ки мо дар панҷ соли охир дар факултет ду ихтисоси нав –кори иҷтимоӣ ва менеҷменти сиёсиро ҷорӣ намудем. Ният дорем вобаста ба талаботи бозори меҳнат ихтисосҳои навинро аз қабили психологияи амалӣ, психологияи клиникӣ, психологияи ҳарбӣ ва суди тафтишотӣ, кори иҷтимоӣ бо маъюбон ва дармондагонро дар соли оянда дар факултет ҷорӣ намоем. Бо ин мақсад санадҳои лозимии таълимӣ ва методӣ ва базаи кадрии ихтисосҳои навро омода карда истодаем. 

- Барои беҳтар гардидани самтҳои фаъолияти факултет садорати факултет дар соли 2017-2018 чӣ нақша-чорабиниҳоеро рўи кор гирифтааст?

- Дар факултет мо пурра ба низоми аврупоии таълим гузашта истодаем. Ин раванди мушкилест, ки ҳамарўза омўзиш, омўзиш ва боз ҳам бозомўзии устодонро тақозо менамояд. Ин аст, ки соли равон мо мақом ва манзалати шўроҳои илмӣ-методии кафедра ва факултетро ҷоннок гардонидем, ҳарчанд ҳоло масъалаҳои ҳалношуда дар ин ҷода зиёданд. Масалан, гузариш ба низоми фосилавии таълим тарзи нави корбарӣ ва усулҳои нави алоқамандиро бо донишҷўён тақозо менамояд, ки на ҳар як устод ба ин гуна намуди фаъолият омода аст. Аз ин рў, зарурати бозомўзии нави устодон имрўз дар факултет ба миён омадааст. Ҳамин гуна масъалаҳо дар амалисозии низоми нави аврупоии таълим ҳоло ҳам зиёданд. Вале, чи тавре дар урфият мегўянд: «Мушкиле нест, ки осон нашавад» ва мо аз ин мушкилиҳо намеҳаросем, кўшиш менамоем, ки онҳоро ҳал намоем.

- Имсол дар ҷумҳурӣ 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Дар робита ба ин ҷашни муҳимми давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлоли кишвар чанд сухан мегуфтед.

- Бале, мардуми азияткашидаи тоҷик имсол 26 –умин солгарди истиқлолияти давлатдории хешро ид намуд. Бахшида ба ин ҷашн устодон ва донишҷўёни факултети мо дар ВАО ва байни мардум даҳҳо баромадҳо намуда, мақолаҳои зиёдеро дар маҷаллаҳои даврӣ ва илмӣ нашр карданд. 

Ба ростӣ, оид ба ин ҷашни муҳимми сиёсӣ басёр гуфтаему гуфтаанд, навиштаему навиштаанд, вале мухтасаран ҳаминро гуфтаниам, ки танҳо соҳибистиқлолӣ ба мардуми тоҷик озодии ҳақиқӣ, зиндагии тинҷу осуда, хушбахтии инсонӣ, файзу баракат, рушди расму оину анъанаҳои миллӣ, рукнҳои миллатсозӣ (забон, ҳудуд, фарҳанги миллӣ, иқтисоди миллӣ ва менталитети миллӣ)-ро дода метавонаду халос. Барои ҳамин ҳам мо бояд соҳибистиқлолии хешро  мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, сарзаминамонро дўст дорем ва  мамлакатамонро ба як сарзамини орому осуда, бофайзу баракат ва пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил диҳем.

- Соли ҷорӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, дар ин замина факултет чӣ иқдомоте пеш гирифтааст?

-Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2017 ҳамчун Соли ҷавононро мо устодону донишҷўёни факултети фалсафа хеле ҳам хуш қабул кардем. Ин иқдоми саривақтӣ барои мо устодони собиқадор ва ҷавонон уҳдадориҳои зиёдеро вогузор намуд. Мо бояд сифати таълиму тарбияи ҷавононро ончунон баланд бардорем, ки шахсияти ба асри ХХI мувофиқ- шахсияти соҳибкасби салоҳиятнок, шахсияти дорои ахлоқи умумиинсонидошта, шахсияти ҷаҳонбинии илмидошта ва шахсияти хислати созанда, на сўзандадоштаро ба воя расонем. Ин амали хайр, заҳмати зиёд ва кўшишу амали даҳчандро аз мо устодон ва худи донишҷўён талаб менамояд. Ин масъулиятро дарк намуда, мо баҳри амалисозии мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо кўшиш ба харҷ дода истодаем.

-Таманниёти Шумо ба хонандагон (ҷавонон) дар Соли ҷавонон.

-Дар Соли ҷавонон мо ба ҷавонони мамлакат орзу менамем, ки бештар омўзанд, шахсиятҳои созандаи мамлакат бошанд, таъриху фарҳанги хешро донанду ҳифз намоянд ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳиду якдил гашта, баҳри рушди мамлакат ва хушбахтии мардумони он саъю кўшиш намоянд. Имрўзу оянда аз ҷавонон аст!

 

Шиносномаи факултети фалсафа:

Соли таъсис: 2005;

Декани факултет: профессор Рустам Назаров;

Шумораи устодон: 2 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 12 доктори илм – профессор, 31 номзади илм;

Шумораи деканҳои факултет аз соли таъсис то имрўз: 4 нафар;

Шумораи кафедраҳо: 7;

Шумораи ихтисосҳо: 6;

Шумораи хатмкунандагон аз соли таъсис то имрўз: 1500;

Шумораи таҳсилкунандагони кунунӣ: 864 нафар донишҷў (рўзона ва ѓоибона), 62 нафар магистр, 22 нафар аспирант, 2 нафар докторант, 6 нафар доктор Ph.D, 8 нафар унвонҷў.

Обуна ба нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»: 385

 

Мусоҳиб 

Абумуҳаммад Тўраев

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj