Рўйиши донистан

Сурудаи як шоир муътабартарин санадест, ки шахсият, ҳунару зеҳнияти шоирона ва ниҳоят арзишу ҷойгоҳи паёмашро барои мухотабон ва дар маҷмўъ ҷомеаи адабӣ, ба маърази тамошо мегузорад. Як қитъа шеъри нобу асил замони расидан ба чашми аҳли завқ, бо суҳулат гом ба ҳарими дил мегузорад ва барои ҳамеша ҷойгузини рўҳу равон мегардад. Вале набояд фаромўш намуд, ки осори адабӣ дар тўли замон ҳамеша ба нақди корсозу воқеиятнигар, меъёршинос, ниёзманд будааст. Бо чунин нақдест, ки шеъри як шоир дар заминаи шинохту маърифат, вусъату паҳноҳои тоза пайдо мекунад, ба шумори мухотабону алоқамандонаш афзуда мешавад.
Таърихи адабиёти куҳансоли мо шавоҳиди зиёде дар ихтиёр дорад, ки гувоҳ бар нақши бузургу таҳаввулгари дидгоҳҳои ноқидонанд. Мутаассифона, нақди адабии мо дар арзёбии осори манзуму мансури адибони муосири тоҷик, ошноӣ бо раванду тамоюлҳои тозае, ки дар бистари адабиёт дар имтидоди даҳ-бист соли охир ба вуқуъ пайвастаанд, саҳми чашмрасу корсозе надоштааст, баръакс ҳамеша таслими як навъ фазои дилмурдагиву пажмурдарўҳӣ будааст. Ин муҳити саршор аз бетаваҷҷуҳиву белутфӣ, каноранишинӣ, сабабу омилҳои шинохташудае дорад, ки пардохтан ба ҳамаи онҳо аз имкони ин мақола берун аст, аммо ишорат ба бархе аз иллатҳо  номуносиб нахоҳад буд.
Ба гумони мо яке аз сабабҳои равшани истоӣ ва сукути сангини нақди адабӣ пасмондагии он аз ҷараёни пешрафту такомули нақду адабиёти ҷаҳон аст. Имрўз, адабиётшиносии ҷаҳон дар заминаи меъёрҳои шинохти шеър, таҳлилу арзёбии он ба шеваву равишҳои навине даст ёфтааст. Дар сохтору сохтмони шеър сабкҳои нав, тарҳҳои навпардозона ба зуҳур расидаву мавқеияти зистиву вуҷудии худро собит сохтаанд. Аммо ҷойи дареғ аст, ки на танҳо нақди мо, балки ағлаби шоирон бо он ки дигаргуниҳои шигарфе дар адаби дунё, амри таҳлилу арзёбии шеър падид омадааст, боз ҳам шефтаву побанди банду занҷирҳои суннатианд. Ҳатто дар бисёр мавридҳо дар конуни ҳамон суннат низ ҳеҷ гуна тағйиру дигаргуниро намепазиранд. Дар ин миён мавзўе, ки беш аз ҳама мавриди номеҳрубониву нодўстдорӣ қарор гирифта, масъалаи шеъри сапед аст, ки барҷастатарин намояндааш дар муҳити адабии мо Шоири Халқии Тоҷикистон устод Доро Наҷот ба шумор меравад. Пеш аз он ки ба сапедсурудаҳои шоир назар афканем, зарур мешуморем нуктае чандро перомуни масири зиндагӣ ва зуҳуру боландагии адиб дар майдони адабиёт арз намоем.
Зиндагии эҷодии Доро дар домани рўзномаи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ оғоз гардид ва баъдан дар рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва  «Ҷумҳурият» идома пайдо намуд. Ин замоне буд, ки шеъри муосири тоҷик бо баракати ҳузури шоироне мисли Муъмин  Қаноат, Бозор Собир, Қутби Киром, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Ғоиб Сафарзода ба таври рўзафзун умқу густураи тоза пайдо менамуд. Бар асари ошноӣ ва маърифати шеъри ҷаҳон ҷанбаҳои равоншинохтӣ, дунёнигарӣ, ҷамолшиносӣ ва сатҳи андешаву рўҳи фалсафӣ-иҷтимоии он нерўманд мегардид.
Шеъри муосир батадриҷ аз васфу ситоиши мавзўоти забонзаду такрории гулу булбул, шамъу парвона ва ғайра дурӣ мегирифт ва шоир вориди ҷаҳони дарунӣ- ботинии инсон мегардид, то дар ҳаллу фасли мушкилоти башарӣ саҳим бошад. Доро солҳои тўлонӣ ба таври пайгир машғули омўзишу ҷустуҷў буд ва гоҳ-гоҳе намунаи ашъорашро дар рўзномаҳо ба нашр мерасонид.
Соли 1976 нахустин маҷмўаи Доро бо номи «Соҳиби кўҳсор» мунташир гардид. Нигариш ба сурудаҳои ин дафтар гувоҳ бар ин аст, ки шоире бо диду андешаи тоза, бинише дурнигарона дар ҳоли рушду камол аст. Сояҳои сабзи вуҷуди бархе аз шоиронро бар офаридаҳои вай наметавон мункир шуд, вале бо вуҷуди ин шуълае дар конуни шеъраш дигаргуна медурахшид. Доро бо шеъри суннатӣ вориди майдони адабиёт шуд. Дарунмояҳои ашъори дафтари нахустинаш баргирифта аз зиндагии рустоиён, саҳнаҳои мунаққаши кўҳистон, зуҳури ишқу муҳаббати нахустин ва дар  зимн руҷуи тоза ба мазомини ҷовидонии адабиёт, ватандориву меҳандўстӣ, такриму ситоиши инсон, замину зояндагии он дўстиву муҳаббат миёни инсонҳо мебошанд. Мутолиоти пайгир дар адабиёти пешину муосир, маърифати рўзафзуни шеъри ҷаҳон батадриҷ зеҳни халлоқи шоирро аз домани масоили рустойӣ ба сўйи масоили бузурги башарӣ раҳнамун месозад.
Дар пешрафту боландагии зеҳнияти шоирона ва дунёшинохтии Доро бахусус нақши шеъри муосири Эрон ниҳоят корсоз аст. Дастёбӣ бо шеъри муосири Эрон имконоти бештареро барои ин шоири тозаҷў фароҳам намуд. Ў тавассути адабиёти Эрон бо адабиёти ҷаҳон ошно гардид ва нахустин гомҳои муассир ва аввалин шеърҳоро дар сабку шеваи нимоӣ маҳз бо таъсирпазирӣ аз шеъри Эрон бардошт. Доро Наҷот аз ҳамон оғоз бар ин андеша такявар буд, ки шеъри навпардозонаи ў бояд холӣ аз ҳама намунаҳо ва сурату сирати фарангиён бошад. Гузашта аз ин кохи бузургро бояд бо нақшҳои худӣ, нуру анвори донишу хиради ниёкон музайян созем. Нав гуфтан, навпардозӣ набояд моро муқаллиди бегонагон созад. Мо кохи бузурге аз ҳунару хиради бузургон дар заминаи шеър, ирфону фарҳанг дорем, ки баргашти ҷустуҷўгаронаву пўё бар он, чашмандозҳои тозаеро пеши назари мо ҷилвагар месозад. Яке аз вижагиҳои чашмгири шеъри Доро дар он аст, ки дар масири эҷодии худ талош намуда, то руҳу муҳити худӣ, зеҳнияти миллӣ, мазоҳири зиндагии тоҷиконаро ҳифз намояд. Ба имконоту зарфиятҳои он биафзояд. То ба имрўз аз шоир беш аз даҳ маҷмўаи ашъор ба нашр расида ва ағлаби онҳо ашъори сапеданд. Вале ба гумони ғолиб миёни дафтарҳои шеър маҳз «Дар он сўйи хобҳо» буд, ки шоирро ҳамчун адиби соҳибсабк дар шеваи сапедасароӣ машҳур гардонид.
Равшан аст, ки барои шеъри сапед, аз қабл наметавон қолаби муайянеро тарҳрезӣ намуд. Қолаб ё сурати шеъри сапед замоне ба зуҳур мерасад, ки шоир паёмашро тавассути иттиҳоди вожагон иброз дорад. Паёми шоири сапедасаро имкон дорад, дар як ё якчанд банд ҷойгузин гардад. Дар пайкари як шеър рехти калимаҳо ниҳоят корсоз аст. Чун истеҳкому инсиҷом ва расонандагии паёми мавриди назар вобастаи ҳамин ҳамнишинӣ ё гузиниши вожагон аст.
Дар сурудаҳои Доро вижагии умда забони сурудаҳост. Шоир ба забону шигифтиҳои он тасаллути комил дорад ва маҳз ҳамин умқу густураи шинохт аст, ки ба зеҳни шоиронаи ў зарфияту қобилияти рашкангези зояндагӣ додааст. Масири андешаи ў гоҳо аз воқеият хориҷ мешавад ва ба марзҳои фаровоқеӣ мерасад ва талош меварзад, дарку шинохти моро аз дунёи перомун дигаргун созад. Дар ин масир аст, ки таъбироту таркиботи тоза, ҷаззобу кашанда, гоҳо номаънус халқ мешаванд. Дар шеъри «Дар он сўйи хобҳо» чунин омада:
        Дар он сўйи хоби аспҳо
        гулдўзии хаёли алафҳост…
        бо шабнами арақи таковароне,
ки нафасзанон
аз субҳ меоянд…   
    Зимнан бояд таъкид намуд, ки дар ашъори шоир талмеҳоту ишорот ба қиссаву ривоёт, устураҳои мухталифи адаби форсӣ пуршумор аст, ки масъалаи дигарест. Шеъри мазкур низ аз чунин ҷанбае бебаҳра нест, вале барои мо муҳим ҷанбаҳои забонии шеър аст. Масалан, мисраи дуюм «гулдўзии хаёли алафҳост» нуктаи нав, чиниши тозаи вожагонест, ки то Доро шояд ҳеҷ касе ба ин шева калимотро наёварда бошад.
Нуктаи дигари қобили зикр бозтоби мазоҳири зиндагии ғайриинсонӣ дар пардаи зеҳни инсонист:
        Дашти тахаюлам
аспрези каҳкашонист
            аз озарахши ёлҳо.
«Дар он сўйи хобҳо» иборат аз панҷ банд аст ва ҳар банде саршор аз тасвирҳои нодиру тааммулбарангез. Назораву мушоҳидаи шоиронаи мавҷудоти ҷаҳони перомун дар ҳар банде пеши назари шоир дунёҳои тамошоиро ҷилвагар месозад. Дар банди сеюм аз пушти хоби шонасаракҳо ў муроқиби «ҳуронест занҷабилкокул, ки дар обшори шигифт обтанӣ мекунанд, зулфи об мебофанд». Ин муроқибату назорагарӣ шоирро амиқтару сареътар дар гирдоби ҳайрату тааҷҷуб минишонад ва ба маърифату шинохти аносири хилқату Холиқ роғибтараш месозад.
Сиришту хосияти ҳар шеър аст, ки дар бистари он ҳама аҷзо наметавонанд баробару ҳамсанг бошанд, ё таъсиру неруи яксон дошта бошанд. Танҳо дар нуқтаи муайяне аз пайкараи умумии як қитъа шеър тифли шеър зода мешавад ва аз ҳастии хеш мужда медиҳад. Тамоми аҷзои дигар гўё танҳо ба хотири ҳамон лаҳзаи офариниш гирд омадаанд ва шароитро фароҳам сохтаанд. Аммо дар шеъри сапеди Доро мо шоҳиди зояндагии ноистову пайвастаем. Қудрати тафаккуру ҳисси шоиронаи Доро ба гунае саршору пур аз неуи зояндагист, ки гоҳо дар ҳар мисрае мо бо тифли зебову навзоди шеъри нобу хостанӣ рў ба рў мегардем. Масалан, дар ҳамон шеъри ёдшуда дар ҳар мисраъ пайванду ҳамҷавории вожагон муҷиби зуҳури шеър мешаванд: обтанӣ дар обшори шигифт, ҳайрати муаттар, иштиёқи гулобӣ ва ниҳоят таровиши обандомӣ.
Замоне, ки сухан аз шеъру сохтмони ҳазорпечи он дар миён аст, тибқи шеваҳои марсуму маъмули нақду арзёбӣ аз нақши сувару асбоб, ороишҳои адабӣ ва дигар аносиру абзори шеърсоз ёд мекунанд. Дар сурудаҳои Доро ин ҷанбаҳои шинохташуда чеҳраи ошно доранд ва ағлаб тозаву нодиранд, ки дар фурсати лозим ба бархе аз онҳо ишорат хоҳад шуд. Вале дар ин маврид муносиб аст, аз як вижагии дигари шеваи ҳунарии Доро ёд шавад, ки он ҳам ба ҳунари забонофаринии шоир гиреҳ мехўрад. Доро дар лаҳзаи офариниши сурудаҳо аксар огоҳона ё ин ки нохудогоҳ ба умури ашёи зеҳнӣ айният мебахшад, ё ба қавли дигар, шуниданиҳоро диданӣ мекунад. Ин амр бештар зимни ҳамнишину ҳамдидор гаштани вожагоне, ки вуҷуди айниву зеҳнӣ доранд, сурат мегирад. Масалан: обтанӣ дар обшори  шигифт, иштиёқи гулобӣ. Вожагони «шигифту иштиёқ» аз хонаводаи зеҳнанд, ки канори калимоти айнӣ нишаста, хонаводаи тозае бунён ниҳодаанд. Чунин таркибот, ки иборат аз тасвирҳои нодиру маҷзубкунандаанд, дар девони шоир фаровонанд ва тааммул атрофи онҳо зеҳну ҳуши моро ба сарзаминҳои ногушода мекашонад.
Бояд арз дошт, ки вожагони «шигифт ва ҳайрат» аз пурбасомадтарин калимоти девони шоиранд, ба андозае, ки ба вижагии хоси забони шоир табдил шудаанд. Шигифтзадагӣ, ҳайрату тааҷҷуб ҳолати зотиву ҳамешагии равонии инсон аст, ки ангезааш ҳиссу орзуи шинохту маърифати падидаву мазоҳири ҳазорранги дунёи шигифтзост.
Доро шоирест, ки дар синааш дарёе хурўшон аз эҳсосу авотифи зебову наҷиб ҷорист. Дарку ҳисси ҷаҳоне пўёву пуртаҳаррук, неруе фарогир ўро бо ҳайрату шигифтӣ ҳамдаму ҳамроз месозад. Фазое пурсишзо пешорўяш ҳувайдо мешавад ва «ҳайрате муаттар» дар вуҷудаш по мегирад.
Гуфтем, гоҳо дар шеъри Доро муҳити фаровоқеӣ ё сюреалистӣ ба чашм мерасад, ки иллати аслиаш як навъ биниши орифонаи ўст, ки ҳамеша дар ҳоли лағжишу ҷаҳишу раҳоист ва ҳаргиз ба маънии комилу ниҳоӣ ва равшан сари созгорӣ надорад. Вале дар поёни ҳар ҳайрату шигифтӣ як навъ паймоиши масири камолу боландагист. Ниҳояти ҳар хобе дар коргоҳи зеҳну ҳуш, офаринандагии Доро як навъ бедорӣ аст. Бедорие, ки пас аз сўхтану пухта шудан фаро мерасад ва намунааш банди поёнии шеъри баланди «Дар он сўйи хобҳо» -ст.
Дар он сўйи хобҳо
Мане 
ба дидори ман расид, ки шугуфаи сиришкам
 дар чамани маърифат буд
Исор кардамаш ҳастии мазоҳирро,
исорам кард
    мазоҳири ҳастиро.
Атри худиро нисораш кардам,
нисорам кард
    атри Худоро.
    Ноқидони шеър, пажўҳандагони адабиёт ва аксар назарияпардозони каломи мавзун башумор дар фасоҳату салосат, содагиву қобили дарк будани шеър таъкид варзидаанд. Аз дидгоҳи онҳо сурудаи ҳар адибе бояд ҷанбаи неруманди маъноӣ, ҷаззобияту кашандагӣ, зебоӣ, баёни зеҳнрасу осонёб дошта бошад. Паёми шоир, забони шоиронаи ў дар расонандагии мазомин барои мухотабон ибҳому норавшанӣ, душворӣ эҷод накунад. Зеро вуҷуди ибҳомот, печидабаёнӣ дар нахустин бархўрд мухотабро дилшикаста месозад ва ўро ба гурезу канорагирӣ вомедорад.
    Ин мавзўъ воқеияти бараҳнаест, ки худ адибону ҳунармандон вуҷуди пойдори онро эҳсос мекунанд, вале масъала ин аст, ки оё қонунҳои ҳоким бар ҷаҳони ҳунару офариниши он қодиранд тамоми аҳкому назми мавҷудро дар ҷиҳати осонсозии дарку фаҳми мухотаб фаро бигиранд. Гузашта аз ин магар мешавад, шеваҳои ноби истиории баёни шоиронаро бо калимоту таркиботи содаву қобили фаҳми мухотаб ҷойгузинсозӣ намуд. Барои содасозиву дастёбӣ ба фазои шоирона аз кадом роҳу усуле бояд кор гирифт? Чунин пурсишҳое зимни бархурд, мусоҳибату хилват бо осори арзишманди шоирони зиёде ба зеҳн мерасанд, ки мисоли равшанаш сурудаҳои Доро Наҷот аст.
Ворид шудан ба қаламрави шеъри Доро Наҷот ба осонӣ ва барои ҳар кас муяссар нест. Вуруд ба хуршедгоҳи калому лафзи Доро омодагӣ, зеҳнияти саршор, анбоне пур аз донишҳои ҷаҳоншинохтӣ, адабиётшиносӣ, иқтизо дорад. Бояд оинаҳое рангмолидашуда бо шинохтаҳои пешиниёну имрўзиён бо худ дошт, то чашми зеҳни мо дар қиболи ин ҳама дурахшандагӣ, ки гоҳо дар синаи як таркиб, як иборат, як вожаи сурудаи шоир фаввора мезанад, сарафкандаву таслими бастагӣ нагардад.
Доро дар шеъри хеш ҳастиро ҳаст месозад, бо содатарин рукни калом феъл фалсафаи вуҷудро бо гўшаҳои хурду бузургаш таҷриба мекунад.
Дар фанни фалсафа яке аз мақулаҳои бунёдин шинохт, маърифати ҷаҳону падидаҳои бепоёни он аст. Шинохт равандест ҳамешагӣ ва дар пайи камолу боландагӣ, вале камоле, ки поёнаш нест. Барои инсон равшан аст, ки талоши ў дар маърифату донистани олам интиҳо надорад, вале хоҳиши наҷиби донистан, расидан ба марзи матлуб зеҳну ҳуши ўро ором намегузорад. Мавзўи бекаронагии шинохти ҳастӣ аз дарунмояҳои зиёди ашъори шоир аст, ки нишонашиносиву нишонахонии онҳо чеҳраи шеъри Дороро пурнуртару кашандатар месозад. Дар ин замина шеъри «Дар нимароҳи бовар» мисоли муносибест. Дар шеъри мазкур се вожа, ки онро аркони бунёдини раванди шинохти ҳастӣ метавон шумурд, нақши калидӣ доранд: дидан-ҳайрат ва донистан.
Дидан дар раванди маърифати олам ҳисси пўёву ҷўёи башариро ба марзи ҳайрат раҳнамун месозад ва нахуст фазоҳое пурсишзову торикравшан эҷод менамояд ва бо гузашти замон ба мағзу огоҳии инсон ангезаи ҷустуҷўгарӣ, ковишу пажўҳишро ба хотири донистан, даст бурдан ба розҳо медиҳад:
Дар нимароҳи бовар,
Хушкидаи ҳайратро
Кулчавор тар кардам
    дар чашмаи яқин,
ки гушнаи дидане будам дар донистан
ва донистане дар дидан.
Дар оғоз зистан бо «ҳайрат», ки шабеҳи бунбастест, бидуни умеди бурунрафт, барои ровӣ ранҷзост. Зеро ҳеҷ такону нишоне аз зиндагӣ дар ин вожаи маҳсус дида намешавад. Бо пайванди он бо сифати хушкида мавҷуде малмус ё айнӣ зода мешавад. Ровӣ пешрафту дастёбии хешро дар шинохт вобастаи ҷўшиши ҳайрат медонад.
Гузор аз сади бузурги ҳайрат, ба бовари ровӣ оғози зиндагии тоза, қарор гирифтан дар масири ҷадиди ҳастист, ки ўро ба сарманзили мақсуд наздик мекунад. Бубинем, ки ин садд чи зебо аз ҷониби ровӣ фатҳ мешавад.
Хоҳиши бузурги дидану донистан агар дар банди аввал ровиро маҷбур карда буд то «хушкидаи ҳайратро кулчавор дар чашмаи яқин тар кунад», дар банди баъдӣ «ҳайратро ноштоӣ мекунад» ва бо ин амр таҳаввуле жарф дар рўзгораш ба зуҳур мерасад. Раҳоӣ аз зиндони ҳайрат ба ў бузургӣ мебахшад, зеҳнашро чароғонӣ месозад:
Дар нимароҳи бовар,
ноштоӣ кардам 
ҳайратро
Ҳаҷмам ситора шуд
бовари хоколудам
 шарора шуд.
нафасам дидан шуд
ва тафаккурам 
гулбоғи чашмҳо.
Зеҳни халлоқи шоир бо шеваҳои гуногуни адабӣ ҳанҷоршиканӣ, ошноизудоии забон ё бегонасозии занҷираи рехти вожагон, ҳисомезӣ,  тасвирҳои нодиру дилнишин меофаринад. Вожаи дидан, ки аз хонаводаи умури зеҳнист ва ҳамон гуна, ки зикр шуд, хестангоҳи ошноиву дастрасӣ ба падидаҳои мармузи ҷаҳон аст, дар шеъри Доро айнияти том пайдо мекунад ва зуҳури густурдаи маърифатро, дастрасӣ ба донишро сабабгор мешавад. Дидор бо ҳузури айниятёфтаи дидан ба шигифтсухани Доро донистанро «мерўёнад»:
Дар нимароҳи бовар,
диданро дидам,
ки донистанро мебўйид
ва донистан аз бўйи дидор мерўйид.
Дар ҳошияи ин гуфтмон шояд бемаврид набошад, чанд калимае дар атрофи ноқидони шеъру шеваи шоирии Доро гуфта шавад. Донишмандону фозилоне, ки сурурдаҳои шоирро, роҳи сабзашро дар масири сапедасароӣ нақду баррасӣ намудаанд зиёданд ва дидгоҳи ҳар яке аз эшон дархури таваҷҷуҳу қобили пазириш аст.
Ва дар ин миён нақдҳое ҳам мавҷуданд, ки дур аз воқеияту номунсифонаанд. Моҳи феврали ҳамин сол буд, ки нақди бепояву берешае аз ҷониби устодони донишгоҳӣ дар перомуни шеъри Доро мунташир гардид. [Адабиёт ва санъат. №6 (1821) 2016].
Эшон бо дар миён ниҳодани абзору аҳкоми шеърсози шеъри суннатӣ шеъри сапед ва дар маҷмўъ шеъри Дороро ҳеҷу ношеър эълон карданд. Пас аз посухи қотеъи Доро бар он нақди сабуку номуҳаққиқона шояд ҷо надорад, аз он сухан дар миён гузошт, вале бо назардошти ду нукта муносиб донистем перомунаш изҳори матлаб менамоем.
Нуктаи аввал иқтибосест, ки эшон бо манзур сохтани он аз девони шоир ба беҳудагиву ҳеҷии шеъри сапед исрор варзиданд. Иқтибоси пешниҳодӣ аз шеъри баланди «Рўдакӣ ва Туғрал» гирифта шуда:
Вақте,
    тафти мил
        ба чашмони Рўдакӣ хазид,
дидан бисўхт,
ду гавҳар
    бигдохту фирўзасанг шуд
Кўрии осмон омад
        мотам гушуд
        дар кабудпўшаҳои ёла
Нола
    сина кўбид
        бо резбори жола    
 Тундар 
    нилидурахшу
        меғ шуд
            нилифишон
бар сахраҳои соҳили Зарафшон
    Бо нақли мисраъҳои болоӣ устодони камлутф чи номунсифона, ки аз адами шинохти эшон дар заминаи шеъри мудерну навпардозона, гувоҳӣ медиҳад, чунин менависанд: «ин навиштаро на фақат шеър гуфтан нашояд, балки назм ҳам номидан хатост».
Мо ба шеваи талаққӣ ва дарки устодон кор надорем. Аммо ҷойи дареғ аст, ки дар мисоли болоӣ эшон шеъри асил, шеъри нобро надиданд. Хуршедро канори хеш надидан ниҳояти ҷаҳлу кўрист, дар ҳоле ки дар шеъри мазкур дар мисраи дувум шеър чашму рух боз карда.
Шоири муосир М. А. Солис зимни арзёбии дидгоҳҳои назарии Нимо андешаи ҷолиберо изҳор медорад: «Нимо мехоҳад бигўяд: нагўем «ғам», балки мисли Чехов нишон бидиҳем ғамро. Барои бурузи он шакл пайдо кунем, мегўяд: - ин аст кори шеъру ҳунар».
Доро низ дар шеъри баланди «Рўдакӣ ва Туғрал» барои нишон додани фоҷеаи бузурги як миллат, як фарҳанг кўр кардани басирати як сарзамин аз нақлу ривояти доманадору камранг сарфи назар мекунад ва чи шоирона бо хуну пўсти шеър, садои вожагон, абъоду андозаи он фоҷиаи дарунсўзу рўҳхарошро дар сафҳаи як таркиб, тасвир мекунад, ба дигар сухан шуниданиро диданӣ месозад.
Дидан бисўхт- шеър аст, шеъре, ки бо ҳамин содагӣ ба зеҳну дили мухотаб бештар сироят мекунад. Шояд неруи он аз даҳҳо хирвор оҳу нолаву андўҳу дареғ зиёдтар бошад.
Нуктаи дувуме, ки дар пайванд бо нақди устодони донишгоҳӣ қобили зикр аст, бетарафӣ, адами масъулият, вазифаношиносист. Аслан, дар шинохти падидаҳои тозаи адабӣ дар радифи ноқидону адабиётшиносон бояд масъулияти бештар ба дўши устодони забону адабиёт бошад. Зеро онҳо бо мутахассисини оянда сару кор доранд.
Онҳо бояд худ умқу кунҳи ҳар таҳаввулу таҷаддуди корсозро дар заминаи адабиёт биёмўзанду дидаҳову чидаҳои зеҳни хешро ба шогирдон биёмўзонанд.
Зебоиро бояд диду ба дигарон тақсим кард, на ин ки бо ғубори таассубу зулмат пардапўшаш сохт…
Бозгардем ба сўйи шеър, шеъри Доро. Ба гумони ман адабиёти муосири тоҷик чи нодор буд, агар шеъри Дороро намедошт. Сурудаҳои ў шабеҳи як дафтари наққошиест, ки бо баргардони ҳар сафҳае нигоҳи моро чун гирдоб мебарад, фурў мекашонад, дар ҳар саҳифае ҷилои рангҳо бештар мешаванд.
Мо дар ҳар наққошие набзи зиндагиро бо тамоми аҷзояш эҳсос мекунем. Дар домани наққошиҳо ҳама мавҷудот ҳузур доранд. Ҳеҷ мавҷуде болотару бартар аз дигарон нест. Доро дар шеъраш ба ҳамаи мавҷудот, чи хурду бузург, ба ашёи маъмулӣ ҳаққи зист қоил аст. Шояд яке аз вижагиҳои барҷастатарини ашъори ў дар ҳамин нукта нуҳуфта бошад. Доро бо табиат ва мазоҳири он пайванди ногусастанӣ дорад. Аслан, ҳар ҳунарманде дар имтидоди рўзгори эҷодии худ шефтаву мафтуни саҳнаҳои ҳайратангези табиат, таассуру дарки хешро ба гунае дар осораш бозгў мекунад. Аксар навиштаҳо ҷанбаи васфӣ- таҷассумӣ доранд.
Бар хилофи бисёре аз шоирон бархўрди Доро ба табиату аносири он дигаргуна аст. Доро ғарқи тамошои дунёи ғариби муҳити перомун орзу дорад, то пайванди бештару жарфтаре миёни инсонҳову табиат барқарор шавад. Вуҷудаш омезае бошад, аз аносири табиат. Назораи конуни зисти махлуқоту мавҷудоти перомун рўҳашро ба шўру шааф меорад. Мехоҳад эҳсосу авотифаш тикае аз ҳисси борон дошта бошад.
Зеҳнаш мисли тобишу дурахшиши бобунаҳо чароғонӣ шавад:
Кирдигоро!
Тобиши бобунаҳоро ба зеҳнам пош,
Ҳисси борон бичакон ба эҳсосам.
Оташи дарахтонро ба рўҳам рез
Навозиши маҳтобро ба завқам афшон
Дарки мўрчаҳоро
        Битакон ба ҳавосам.
Ин намуна аз шеъри баланди «Шатҳиёт»-и шоир аст ва метавон гуфт, як навъи нави муноҷоти муосир аст. Ҷойи дареғ аст, ки нақди мо дар шинохту арзёбии сурудаҳои Доро ақиб афтодааст. Ба банди дигари шеъри мазкур таваҷҷуҳ кунем:
Кирдигоро!
Шеърам деҳ.
Аз сатри ташнагии реша
Аз атри маҳтобии беша.
Аз қумқумаи гулўи як кафтар
Аз лаззати хаёли як духтар
Аз маънии чашмакии шабнам
Аз ғазалрези нигоҳи ғизол
Аз шоҳбайти бурути занбўр
Аз зораи чўҷаи бепар ба мор
Аз сактаи дили модаронаи гунҷишк.
Шиблии Нуъмонӣ дар баҳси ҳақиқати шеър андешаи арзишманде дорад. Ў мегўяд, ки агар «як мавзўъро тавре баён кунанд, ки сурати аслии он ҷилвагар шавад, сидқи шеър бар он хоҳад намуд». 
Мисоли мазкур гувоҳи ростини андешаи Шиблии Нуъмонист. Манзуру мақсуди шоир доштани шеърест, ки ҳастӣ бо тамоми доманаву вусъаташ дар марзи он ҷараён дошта бошад, бехабар аз он ки ў бо гоми нахустин домани чунин шеъреро ба чанг овардааст. Ҳар сатре аз банди болоӣ тасвирест гирову дурахшон, ки  реша дар табиат дорад ва хонанда қабл аз он ки ба паёми шоир мутаваҷҷеҳ шавад, саҳнаҳои ростини табиатро ба тамошо менишинад.
Ҳарчанд ҳар мисрае аз банди болоӣ дар зоти худ боғистонест,  танҳо нигоҳе ба як мисраи он «ғазалрези нигоҳи ғизол» меафканем.
«Ғазалрези нигоҳи ғизол»-хосият, сириштест, ки шоир мехоҳад сурудааш онро дошта бошад. Вале дида мешавад, ки масири андешаи шоир нохудогоҳ ўро ба домани шеъри шўрангез мебарад. Аслан, ҳар вожае аз забон ҷаҳоне хос, мафҳуму маъное дорад. Вале вожагоне ҳастанд, ки ҳангоми ба зеҳн расидан, дар ниҳоди инсон эҳсосу авотифи нишотангез, зебоиофаринро бедор месозанд. Ё ин ки саҳнаҳои марсуму ошноро дар пардаи зеҳн таҷдид мекунанд. Гузашта аз ин замоне, ки чунин вожагоне ҳамнишину ҳамрадифи якдигар мешаванд,  ба қавли Суҳроби Сипеҳрӣ «рўйи зебо ду баробар» мешавад. Ғизол-ин мавҷуди хушгилу зебоандом (махсусан чашмони ҷаззобаш) ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи ҳунармандону адибон будааст. Беҳуда нест, ки дар шеъри классику муосир сурату симои он зиёд тавсифу бозтоб ёфтааст.
Ғазал низ аз пирсолтарин навъҳои шеъри форсист. Жанре, ки дар марзу бумаш наҷибтарин, дилангезтарин эҳсосу омоли инсон ҷойгузин шуда. Аз ин рўст, ки ҳамсоягӣ ё ба ҳам омадани ин ду вожа дар зеҳну огоҳии мо саҳнаҳои айниятёфтаеро ба зуҳур мерасонанд ва ҳамгом бо онҳо вуҷуди мо аз эҳсоси шодизову равонангез лабрез мешавад.
Ин аст неруву қудрати шеър, шеъре, ки дар он аҷзо қобили дидан шуда.
Яке аз шохисҳои ҳунари шоирии Доро бозтоби воқеиятҳо ва аҳкоми озмудашудаи гўшаҳое аз дониши башарӣ дар либоси шеър аст. Шинохти падидаҳо ошноӣ бо ҷанбаҳои гуногуни донишу фазли инсонӣ, барои ҳар адибе сарчашмаву ангезаи илҳом мегардад. Ин мавзўъро мо дар шеъри Доро неруманд мебинем, ки намунааш сурудаҳои «Мо, замин ва сипеҳр», «Модда…», «Буду набуд» ва ғ. мебошанд. Девони Доро Наҷот шабеҳи дастархонест, ки дар синааш ҳазор гуна зеҳндидаҳову зеҳнпухтаҳо, ки ҳамагӣ диданиву чашиданиву гуфтанӣ ва бўйиданианд, қарор доранд. Мо бо зикри як мавзўи муҳим бар онем, ки ин матлабро ба поён бирасонем. Чанд замонест, ки ситоишу такрими фарҳанги ориёӣ, мардуми ориёнтабор дар шеъри муосир ба қавле мўд шуда. Албатта, мубрамияту ҷойгоҳи баланди ин мавзўъро ҳеҷ касе наметавонад инкор кунад. Вале ба гумони мо домани он набояд парвозгоҳе барои нозимону шеърбофоне беҳунар, ки бархе ба маънии вожаи ориёӣ пай намебаранд, бошад.
Аз ин вожаи муқаддас, ки мазҳари таъриху фарҳангу пешинаи дурахшони миллати тоҷик аст, набояд барои баёни садоқату хидматгузориҳои тазоҳуриву забониву дурўғин истифода шавад. Шоистагиро бархўрду баёни шоиста, бо зеҳну ҳунари шоиста мебояд, ки намунаи равшанаш  сурудаи «Ориёно»-и Дорост. Шеъре, ки танҳо дар марзи як бандаш метавон таърихи пуршукўҳу ибратомўзи мардуми ориёиро зеҳнан паймуд ва лаззатҳо бардошт. Аз ҳарф-ҳарфаш муҳаббату дўстдорӣ, мардумдориву меҳанпарастӣ ва дар маҷмўъ, шеваи зистану буданро омўхт:
Ориёно!
Ай тановар дарахт,
дар гузори тафбоди аждаҳои мақдунӣ,
девбоди ғули муғул,
самуми уштулуми Темури чағатоӣ,
ва ҳазору як шабехуну турктозу фареш!
Дуруд 
мар ин пойиш
        ва рўйишро,
ки аз сабррешаҳо парвардаи
            сабзбешаҳо
ва шукуфаҳои варҷовандиву ориёнофарӣ
ва озодманиширо.
Умар Сафар,
профессори ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj