Рӯзи парчами давлатӣ

Бамуносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х.Ғафуров аз номи ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. аҳли нишастро ба муносибати рӯзи  Парчами давлатӣ  шодбош гуфта, таманниёти сулҳу осоиштагӣ дар кишварро кард. Баъдан устоди факултети муносибатҳои байналмилалӣ Р.Нуриддинов ва устоди факултети ҳуқуқшиносӣ А.Диноршоев доир ба ҷанбаҳои ҳуқуқию сиёсии Парчами миллӣ суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар замони муосир соҳиби рамзҳои миллӣ будан яке аз шартҳои асосии мавҷудияти давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни нишаст ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи худро манзури аҳли нишаст намуд.
БАин муносибат дар факултети филология чунин чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни курсҳои 5-уми факултет бо барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи худ фаъолона ширкат варзиданд. Дар қисми дуюми чорабинӣ филми мустанаде оид ба Парчами миллӣ бо унвони "Ҳикмати рамзҳои Парчами  Тоҷикистон" дар 54 дақиқа, ки  аз ҷониби устоди факултети  филология Ҳафиз Раҳмон бо мақсади тарбияи ватандӯстии ҷавонон таҳия гардида буд,  ба намоиш гузошта шуд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки ба ин муносибат бо дастгирии садорати факултет миёни донишҷӯёни факултет барои дарёфти «Ҷоми декани факултети филология» мусобиқаи варзишии футбол гузаронида шуд. Ғолибони дастаҳои мусобиқавӣ дар чорабинӣ бо ҷом ва туҳфаҳои хотиравие, ки аз ҷониби садорати факултет таъсис гардида буд, супорида шуд.
Бо ибтикори мудири кафедраи таърихи забон ва типология Ж.Гулназарова ба ин муносибат дар кафедраи мазкур семинари илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар семинар устодону донишҷӯён иштирок намуда, оид ба гиромидошти Парчами давлатӣ маърузаҳои ҷолиб ироа намуданд.
 ҲАМЗАМОН,ба ин муносибат дар факултети молиявию иқтисодӣ  чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти Ҳокимияти Давлатии н.Шоҳмансур Саъдулло Ҳайдаров, судяи Суди н.Шоҳмансур Ҳилолиддин Баҳриддинзода, муовини сардори ШВКД н. Шоҳмансур, подполковник Ҷамолиддин Файзализода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Кафедраи ҳарбии ДМТ, полковник Ҷӯрабек Исмоилов иштирок намуданд.
Нишаст бо суханронии муовини декани факултет оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ М.Р.Тағоев ифтитоҳ ёфт. Мавсуф зимни суханронии худ афзуд, ки «Ҳар фарде бо дидани Парчам ва Нишони миллӣ хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду маром, рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами давлатии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад». 
Дар ҷараёни чорабинӣ меҳмонон роҷеъ ба масъалаҳои ҳуқуқию ҷанбаҳои таърихии Парчам ва ҳифзу нигаҳдошти он аз ҷониби ҷавонон андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Дар бахши мулоҳизаронӣ донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ироа доштанд.
ИНЧУНИН, дар факултети кимиё бо ташабусси созмони ҷавонони факултет чунин чорабинӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханронӣ ва табрикоти декани факултет С.С. Саидов ҳусни оғоз ёфт.   Дар ҷараёни нишаст чанде аз устодони факултет оид ба гиромидошти Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, дар зимн донишҷӯён шеъру таронаҳо ироа ва оид ба Парчам ва корнамоиҳои Пешвои миллат наворҳои ведиоӣ намоиш доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин бора ба мо раиси созмони ҷавонони факултет Саидшоҳи  С. иттилоъ дод.
 
Нигора ХУДОЙДОДОВА 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj