Сабабҳо ва нишонаҳои физиологии пиршавӣ

Чаро инсон пир мешавад? Барои дарёфти ин суол кўшиш кардем, то такя ба асосҳои илмӣ ҷавоб гуфта бошем. Физиологи машҳури рус  И.П.Павлов  дар  натиҷаи  тадққиқотҳои чандинсолаи  худ  исбот намуд, ки яке аз сабабҳои пиршавӣ ин таъсири муҳити зист аст. Масалан, ба ҳолатҳои  ногувор гирифтор шудан ба фаъолияти системаи марказии асаб таъсир мерасонад. Дар ин маврид ҷисм хароб гашта, ба пирӣ меорад.  Аммо пиршавӣ,  пеш аз ҳама, ба шароити оила, меҳнату истироҳат, оромӣ дар ҳолати мондашавӣ, муноқишаҳои беасос ва бадрафторию бадкинагӣ, бадрашкӣ  ва амсоли онҳо вобастагии калон дорад. Бинобар ин академик И.П.Павлов бо ҳамроҳии шогирдонаш ба хулоса омаданд, ки барои ҷавон мондан ҳифзи асаб  зарурӣ мебошад.    И.П. Павлов ҳамеша  таъкид мекард, ки одамон бояд, пеш аз ҳама,  ба варзиш машѓул шаванд, инчунин, истироҳати хуби беҳдоштӣ, сайругашт ба ҳавои тоза ва ѓайра ба фаъолияти системаи асаб фоидаовар аст. Ба андешаи ў раванди муътадили ҳаёти инсон ба сад сол мерасад ва ин бошад , аз худи ҳар як шахс вобастагии калон дорад. Бинобар ин  ў гуфта буд: «худи мо аз бепарҳезӣ, бераҳмӣ ба ҷисми худ ин муҳлати муътадилро ниҳоят кўтоҳ мекунем». 

А.А.Богомоле бошад, таъкид намудааст, ки «пиршавӣ раванди  мураккаби  биологӣ  мебошад».  Ў  мутмаин аст,  ки  «суст гардидани  мубодилаи моддаҳо  ва қобилияти ҷисмӣ (яъне метаболизм) ба худэҳёкунӣ  халал ворид  месозад,  дар натиҷа  ҳуҷайра пир, фарсуда ва  суст  мегардад».  

Табиби машҳури олмонӣ  Х. Гуфеланд  мегўяд,  ки «Ҳисси ноилоҷӣ, тарсу ҳарос, ҳаёти навмедона, тарсончакӣ, маъюсӣ, ѓаму андўҳ, бахилӣ, кинаю  адоват ва хасисӣ  шахсро  тез пир мекунад». Ҳамин тавр маълум шуд, ки ба умри инсон  ва  ба саломатии он, пеш аз ҳама, омилҳои психологию  иҷтимоӣ, экологию биологӣ, физикию химиявӣ  бештар таъсир мерасонад.  

Табиби  машҳури юнони қадим  Гиппократ гуфтааст: «Пурхўрӣ , гуруснагӣ, серхобӣ нишонаҳои бад   мебошад. Вуҷуди  ифлосро   ҳар   қадар бонӣ  кунӣ, ҳамон қадар  ба худ зарар мерасонӣ…».  Воқеан, дуруст аст, ки пурхўрӣ  ба инсон зарари  калон дорад. Бедорхобию  серхобӣ  ҳам  аз  ҳолатҳои осебрасони  инсонӣ ба ҳисоб рафта,   ба системаи асаб  таъсири  ногувор мерасонанд. 

Серхобӣ узви бадан, ҳаракату фаъолияти  мушакҳо ва рагҳои хунгардро  суст менамояд. 

Инсон Вақте талаботи беҳдошти (тозагӣ)-ро риоя намекунад, ба ҳар гуна беморӣ гирифтор шуданаш мумкин аст. Шаробнўшию  тамокукашӣ низ  инсонро  зуд пир мекунад.  Олимон исбот намудаанд, ки  шароб  инсонро ба касалиҳои  шушу ҷигар, рўда, системаи  асаб гирифтор мекунад.  Тамоку  низ бо доштани никотин  ба  ҷисми  инсон зарар дорад. Тамоку ҳатто рўй ва пусти инсонро зарду лоѓар мегардонад. Олимони  олмонӣ муайян намудаанд, ки  шахсе агар як дона сигор кашад, 15 дақиқаи умрашро кўтоҳ мекунад. Пиршавӣ ба пуст низ таъсири худро мерасонад. Баъди 20-солагӣ ранг ва хусусияти ёзандагии пуст паст шуда, миқдори коллаген дар он кам мешавад.  Дар умум суръати раванди пиршавии пуст бо бисёр омилҳо муайян карда мешавад, аз он ҷумла ирсият, тарзи ҳаётгузаронӣ ва таъсири омилҳои беруна.     Одамоне, ки  дар ҷавонӣ бештар вақти худро дар зери офтоб гузаронидаанд, пусташон ба зудӣ дурушт шуда, хавфи гирифторшавӣ ба бемории саратони пуст зиёд мешавад. Тунукшавии қабатҳои берунии пуст ба он оварда мерасонад, ки дар синни 50-солагӣ дар пуст ожангҳо пайдо мешавад. 

Таъсири раванди пиршавӣ ба таѓйироте, ки дар мўйҳо пайдо мешаванд, мушоҳида кардан мумкин аст. Ѓадудҳои равѓанӣ дар пуст бо дараҷаи пиршавии мо ба хушкшавӣ шурўъ мекунанд, ки он ба борикшавӣ ва афтидани мўйҳо оварда мерасонад. Яке аз аломатҳои ошкорои пиршавӣ ин мўйи сафед мебошад, ки он дар ҳуҷайраи мўй ҳангоми мунтазам қатъгардии ҳосилшавии пигмент ба вуҷуд меояд. Синну сол низ ба маѓзи сар таъсир мерасонад. Тадқиқотчиён муайён намудаанд, ки андозаи маѓзи сар то охири умр 6% ба ҳисоби миёна хурд мешавад, ки ин боиси гумшавии қобилияти донишазбаркунии шуур, ба монанди қобилияти ҳифзкунӣ, қабулкунии қарор ва азхудкунии ахбори нав мегардад. Фаромўшхотирӣ бегуфтугў яке аз мушкилоти маъмулӣ мебошад, ки бештар аз он одамони пиронсол «шикоят»  мекунанд, агарчанде ин, пеш аз ҳама, ҳангоми кам воридшавии оксиген ба маѓзи сар ё нокифоя истифода бурдани фаъолнокии маѓз ба амал меояд. Тадқиқотчиён муайян намудаанд, ки одамони солхўрдае, ки  ҳалкунии муамморо дўст медоранд ё бисёр мехонанд ва ё мунтазам ба намудҳои гуногуни фаъолияти фикрӣ машѓуланд, нисбат ба нафароне, ки ба  коре машѓул нестанд, хотираи пурқувват доранд.  

Хушкшавии чашм мушкилоти муқаррарии пиронсолон мебошад, ки он дар натиҷаи камшавии миқдори ҳуҷайраҳои ашкҳосилкунанда пайдо мешавад. Дар онҳо пайдошавии ожангҳо ва камшавии эластикии мушакҳои пилки чашм ба амал меояд. Ѓайр аз ин, дар натиҷаи камшавии миқдори равѓан дар пусти атрофи чашм ѓўзаи чашм ба косахонаи чашм чуқуртар фурў рафта, майдони биноии чашмро кам мекунад.

Умуман, мо бояд шиорҳои «Саҳар варзиш, рўз корҳои пурарзиш»,  «Аз каси пиёда умри зиёда», «Камхўр - ҳамеша солим», «Кай наравӣ ба варзиш як рўз монӣ аз сабзиш»-ро дошта бошем.

Беҳзод Устоев, аспиранти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj