Садо аз тобут

Замони муосир бо вуҷуди пешравиҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба буҳрони иқтисодиву маънавӣ дучор гардидааст, ки ба сабабҳои объективию субъективӣ иртибот мегирад. Сабаби объективиро метавон ба аз байн рафтани низоми дуқутба ба ташаккули шакли нави идораи башарӣ мансуб донист. Омили субъективӣ он аст, ки дар ин чаҳони пуртазод, мураккаб ва печ дар печ ҳар як кишвар талош ба он меварзад, ки мақому мавқеи худро нигоҳ дошта, фарҳанг ва оинҳояшро ҳифз кунад ва дар заминаи он ҷомеаи худро пеш барад.

Ба ин минвол ихтилофоти сиёсӣ, ғоявӣ, гурўҳӣ ва ҳамчунин мазҳабӣ амри воқеист. Дар ин ҳошия як навъ баёнияи ҲНИТ-ро ба созмонҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳҳои байналмилалӣ наметавон муносибати маъмулӣ арзёбӣ намуд (набояд фаромўш кард, ки фаъолияти ин ҳизб бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ шудааст). Зеро ҳамин гурўҳ буд, ки бо сиёсикунонии дини Ислом, бо пиёда сохтани аҳдоф ва супориши душманони давлатдории тоҷикон мехостанд, ҷомеаи осоиштаи моро ноором созанд, ваҳдати моро шикананд. Ва имрўз даъвояшон аз болои мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳарзае беш нест. 

Дар Тоҷикистон, ки бунёди ҷомеаи демократиро маслаки худ қарор додааст, ҳама гуна мубоҳисаву муроҷиат чун падидаи демократӣ қабул аст. Аммо ҳар гуна мубоҳиса, муроҷиат, даъво, арз, шикоят, норизоӣ бояд асос дошта бошад ва бо далоили муътамад собит гашта бошад. 

Мутаассифона, «баёния»-е, ки ба ном Шўрои сиёсии ҳизби фаъолияташ мамнуъшудаи наҳзатии исломии Тоҷикистон бо дархост аз ҷомеаи чаҳонӣ, бахусус ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳҳои байналмилалӣ дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон ирсол намудааст, саропо бўҳтон, беасос ва бепоя аст. Дар бораи сиёсати созандае, ки ҷомеаи моро ба субот ва ваҳдат расондааст, шикоят кардан аслан кори онҳоест, ки аслан бо ҳадафҳои нопоки худ ба Давлат ва Миллати Тоҷик душманӣ доранд. Аслан ин даъвоҳои пучу бебунёд бори аввал нестанд ва мардуми тоҷик ба ингуна иғвову дасисаҳо дигар дода намешаванд. Ҷаҳони пуртазоди муосир гувоҳи он аст, ки гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ бо ҳар гуна усулу шева ба амнияти кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунанд. Пўшида нест, ки ҳизби мамнуъшудаи наҳзатии исломии Тоҷикистон ҳалқае аз ҷумлаи чунин гурўҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эътироф шудааст. 

Зимнан сомонаи «Кимиёи саодат», ки баёния дар он ҷо бознашр щудааст, аз тарафи шахсияти дар нафси худ ғаразнок Сайидюнуси Истарашанӣ сомон ёфтааст. Ин сомона пайваста афкори бепояи худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад. Ин дафъа ин сомона ба пуштибонии ҳизби террористӣ ва фаъолияташ маъншудаи наҳзатии исломии Тоҷикистон ва раиси фирории он баромадааст.

Дар изҳорот омадааст, ки Шўрои сиёсии ҲНИТ бо дархост аз ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва додгоҳи байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкори воқеаҳои сентябрии соли 2015 медонад. Гўё барои воқеаҳои сентябрӣ, ки ҷавонони зиёд кушта шуданд, чандин фарзанд бе падар ва чандин модар бефарзанд шуд, бояд мақомот чорае намеандешид ва гунаҳкорон ҷазо намегирифтанд. Аммо нигорандагони матлаб лаҳзае андеша накарданд, ки сабабгори сар задани воқеаҳои сентябрӣ киҳо буданд, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳо мансуб буданд. Тафтишот исбот намуд, ки дар ин қазия ҲНИТ бевосита даст дорад ва ҳанўз ҳам тафтишоти ин амали террористӣ дар ҷараён аст. Чанд моҳ қабл тарки ватан кардани раиси он – Муҳиддин Кабирӣ, далели мақсаднок ва нақшавӣ будани ин ошўб ба ҳисоб меравад. 

Ҷойи шакку шубҳа нест, ки ҳодисаи моҳи сентябрӣ кўшиши табаддулоти давлати конститутсионӣ ва бевосита амали ғайриқонунӣ буд ва саркардагони он мебоист дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Ин талаботи ҳамагуна ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Қонун ҳамагуна шахсро новобаста аз ақидаву мазҳаб, мақому мартаба барои аъмоли ҷинояткорона ба масъулият мекашад. Зеро ҳама кас дар назди қонун баробаранд. Аммо даъвои ин матлаб, ки ба зиндон кашидани тамоми фаъолони ҲНИТ ва пайвандони онҳо таъйид медорад, бидуни асоси воқеист. Тафтиши ин қазияи нангин давом дорад ва ҳаёҳу дар атрофи ин як навъ фишороварӣ ба рафти тафтишот аст. 

Бояд иқрор шуд, ки дар асл ин матлаб арзиши музокираро надорад, зеро муаллифони он ҳеҷ хизмате ба ҷомеаи Тоҷикистон накардаанд ва нияту қудрати некӣ кардан ҳам надоранд. Аммо онҳо ободӣ ва пешрафти Тоҷикистонро дида наметавонанд ва ҳар гуна ҳарзаҳо мебофанд. Аслан ин «баёния» садо аз тобутро мемонад. 

Кар бояд буд то садои дили мардуми тоҷикро дар роҳи шукргузорӣ аз ин рўзгори орому осоишта нашунид, кўр бояд буд то ин ҳама музаффариятҳои миллати тоҷикро надид.

Ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон имрўз сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Мо як бор дучори гирдоби душманони миллат ва давлатдории тоҷикон гашта будем. Сабақи он барои мо сабақи абадист. Имрўз сулҳу субот, пешрафти кишвар, ваҳдати миллӣ ва осоиши рўзгори мардум болотар аз ҳама ғаразҳои гурўҳиву сиёсист. Ва дар ин роҳ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувор мебардоранд. Ва ин қадамҳо, албатта, ҷомеаи моро ба рўзҳои боз ҳам неку саодатмандтар мерасонанд. 

 

Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj