Санаи истиқрори адолати таърихӣ

9-уми сентябри соли 2016  мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро 9 сентябри соли 1991 дар харитаи дунё давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон дубора ба вуҷуд омад ва аз ибтидои марҳалаи ҷадиди таърихи мардуми тоҷик башорат дод. Тоҷикон аз қадим аз зумраи бунёнгузорони таърихи тамаддуни башар буданд ва фарзандони фарзонаву донишманди тоҷик мисли нигини тобон тоҷи давлату дудмонҳои аҷнабиро шукўҳу зеб мебахшиданд, аммо ин миллат баъд аз фурўпошии дудмони бузурги Сомонӣ тўли ҳазор соли ахир аз давлату давлатронии худ маҳрум гардид. 

Мо, ки худ шоҳиди бевоситаи ин санаву ин таърих  ҳастем, ин ҳамаро аз рўи диди худ ҳадс мезанем. Ҳадс мезанем, ки кишвари мо дар давоми ин муддат тавонист ба пешрафтҳои зиёде муваффақ гардад. Тавре ки аз баррасиву таҳлили асноди хуқуқии расмӣ маълум гардид, андешаи истиқлолхоҳӣ солҳо дар ҳолати таҳаввулу такомули қавӣ қарор дошта, саранҷом то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи рушди ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрўзии мо гардид. 

Тўли бисту панҷ соли озодии иродаву ихтиёр фарзандони бономуси миллат рисолату асолати ин санаи сарнавиштсозро дарк намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини рушди тадриҷии иқтисодиёт, ҳадафҳои стратегии созандагӣ, рушди бомароми ватани азиз ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро аз муқаддастарин вазоифи хеш  медонанд. Бисту панҷ сол қабл  миллати тамаддунофари тоҷик ба дастоварди муқаддас ноил гардид. Комилан метавон гуфт, ки санаи 9 сентябри соли 1991 барои мо на танҳо санаи ба даст овардани истиқлолият, балки санаи «Барқароршавии адолати таърихист». Мо ин рўйдоди муборак ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихор ҷашн мегирем. 

Дар ростои ин гуфтаҳо ба ҳайси як зиёӣ ба пешрафту рушди соҳаи маориф ва дастовардҳое, ки дар ин соҳа давоми бисту панҷ соли истиқлолият ба амал омаданд, ишора месозам. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рў ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст. Дар шароити имрўзаи рушди иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи талабагону донишҷўён, хулоса – аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст. Бо шарофати истиқлолият ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат соҳаи илму маориф рушд мекунад. Сардори давлат пешрафти ин соҳаро ба рушди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста  медонад ва қайд мекунад, ки дар ин соҳа тадбирҳои муҳим андешида шаванд. Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омўзгорон нақши асил мебозанд. Ин нукта дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар хеле мушаххас баён гардид: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омўзгор ва хазинаи маънавию илмии ў ба шумор меравад».

Дар тўли бисту панҷ соли истиқлолият дар соҳаи маориф чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангӣ, ки дорои аҳамияти байналмилалианд, баргузор гардид. Ҳазораи «Шоҳномаи»-и  безаволи  Фирдавсӣ,  1000-солагии  Носири  Хисрав,   700-солагии  шоир  ва  орифи  шаҳир  Мирсаид  Алии  Ҳамадонӣ,  675-солагии классики  назми  форсу  тоҷик,  ѓазалсарои  бузурги  машриқзамин  Камоли Хуҷандӣ, рўзи забони тоҷикӣ, соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии  Ҷалолиддини  Румӣ,  1150-солагии  поягузори  адабиёти  форсу тоҷик  Одамушшуаро  Абуабдуллоҳи  Рўдакӣ,  100-солагии  зодрўзи академик  Б. Ѓафуров,  100-солагии Мирзо Турсунзода, 1310-солагии  Имоми  Аъзам  (Абуҳанифа)  ва ѓайра аз ҷумлаи онҳост.  

Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бо дастгирии  Ҳукумат зиёда аз 600 номгўи асарҳои классикон ва адибони муосир чоп гардида, таъминоти китобхонаҳои давлатӣ бо адабиёти тозанашр то андозае беҳтар гардид ва шумори маѓозаҳои давлатии фурўши китоб ба беш аз 100 адад расонида шуд. Таъсиси Китобхони миллии Тоҷикистон- 20 марти соли 2012, ки аз зумраи муассисаҳои давлатии фарҳангии Тоҷикистон аст,  далели комили ин гуфтаҳост. 

 Барои мо боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси  Пешвои миллат ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон-Наврўз мақоми байналмилалиро соҳиб гардид. Аз зумраи дастовардҳои дигари соҳа дар замони истиқлолият ин: бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид. 

Раванду ҷараёнҳое, ки солҳои ахир дар кишвари мо мегузаранд, беш аз пеш дар мадди аввал чунин самту соҳаҳоро пеш мегузоранд: тарбияи маданият ва маърифати шаҳрвандию ватанпарварӣ, тарбияи ахлоқию маънавии наврасон ва ҷавонон, таълим ва тарбияи таърихию кишваршиносӣ ва ватандўстӣ, тарбияи фарҳангию ватандўстӣ, ки ҳамаи ин дар навбати худ барои бою ѓанӣ гаштани моҳияту мўҳтавои арзишҳои ватандўстию ватанпарварӣ дар гурўҳҳои мухталифи наврасону ҷавонон мусоидат мекунад. 

Ҳамин тавр, маҷмўи чораю тадбирҳо дар робита ба ташаккул ва таҳаввули маданият ва маърифати ватандўстӣ – ин воситаи тавассути замонҳо санҷидаю таҷрибашудаи ба ҷавонону наврасон талқини нерўву эътиқод дар робита ба дарку фаҳми устувории Давлату Ватан мебошад. Пас ҷавонони шуҷои ватанро зарур аст, ки аз гаравиш ба гурўҳҳои тундрав, ки аҳдофи асосии онҳо ноором сохтани амнияти кишвари мост, парҳез намоянд ва ин гуфтаро: «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи ватан аз он воҷибтар»  барои худ шиор созанд.

 Ин сарзамин ва ин марзу бум, ки баъди 1100 сол, баъди аз миён рафтани бонуфузтарин давлати тоҷикон - Сомониён моро насиб шуд, онро ба душманону бадхоҳони миллат таслим насозем, зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи назар аз тамоми мушкилоти мавҷудааш имрўз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як кишвари озод дорои истиқлоли комил шинохта шудааст.   

Нигина Наҷотова

Устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj