Сафар ба пажўҳишгоҳи Гурҷистон

Имрўзҳо Маркази биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо марказҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ равобити судманд дорад. Марказ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ амал намуда, табодули роҳбарияту кормандони он хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар чорчўбаи ин ҳамкориҳо имконияти иҷрои корҳои илмиву тадҳиқотии натанҳо кормандони марказ, балки донишҷўёни ихтисоси биотехнологияи донишгоҳ пайдо гардид. Дар доираи лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиологияи бунёдӣ ва татбиқӣ»  корманди илмии Маркази биотехнология Ҷўраева М.М. ва донишҷўи соли  5-уми ихтисоси биотехнологияи факултети биология Рустамова М.Р. (роҳбари илмияш Бобоҷонова Х.И.)  аз 12 ноябр то 28 декабри соли 2018 дар Пажўҳишгоҳи бактериофаг,  микробиология ва вирусологияи ба номи Г. Элиаваи, ш. Тбилиси Ҷумҳурии Гурҷистон қарор доштанд. Дар ин муддат корҳои илмию тадқиқотиро бо роҳбарии мутахассиси пажўҳишгоҳи мазкур Е. Ҷаянӣ гузарониданд. Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкориҳо роҳбари Маркази биотехнологияи донишгоҳ Бобоҷонова Х.И. аз 16 то 24 декабри соли 2018 ба Пажўҳишгоҳи мазкур сафар намуда, зимни мулоқот бо роҳбарият ва масъулини пажўҳишгоҳ «Шартонома»-и дуҷониба миёни Маркази биотехнологияи ДМТ ва пажўҳишгоҳи мазкурро ба имзо расонид. Инчунин, дар ҷаласаи васеи Шўрои олимони пажўҳишгоҳ дар робита ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ, хусусан дар самти табодули кормандону донишҷўён ва натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии онҳо маърўза намуд. 
Ёдовар мешавем, ки Маркази биотехнология дар самти татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, маблаѓгузории лоиҳа дар ҳама самтҳо, хусусан дар самти сарфаи роҳ назаррас мебошад. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj