Сафар ба Ҷумҳурии Эстония ва баррасии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»

Дар доираи амалашавии барномаи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» гурўҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини Вазорати маориф ва илми ҶТ С.Давлатзода аз 21-ум то  26-уми январи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Эстония қарор доштанд. Дар ин сафар дар баробари дигар намояндагони илму таълими ҷумҳурӣ, муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Т.Хоҷаев ва ҳамоҳангсози зерқисмати лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ҳамзамон, устоди ДМТ Ҳ. Саидов иштирок доштанд. Дар рафти сафар мулоқоти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати таълими Ҷумҳурии Эстония доир гардид, ки дар он вобаста ба сифати таҳсилот, гузаштан аз аккредатсияи байналмилалӣ, шароит, имконият ва талаботи муосир  дар самти мазкур дар доираи  барномаи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»  мубодилаи афкор сурат гирифт. 
Дар доираи ин ҳамкорӣ санаи 28-уми январ намояндагони Оҷонсии мазкур - Ҳиллар Бауман, Майки Удам ва Тину Майдла таҳти роҳбарии директори Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати таълими Ҷумҳурии Эстония Ҳелли Матисен ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, давоми рўзҳои 29-30-юми январ дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба сифати таҳсилот ва гузаштан аз аккредатсияи байналмилалӣ семинари омўзишӣ ташкил намуданд. Дар ҷараёни семинар намояндагони сохторҳои гуногуни илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз семинар меҳмонон бо ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. мулоқот намуда, роҷеъ ба мустаҳкам намудани робитаҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Дар мулоқот гуфта шуд, ки  Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати таълими Ҷумҳурии Эстония яке аз ташкилотҳое мебошад, ки ба масъалаи аккредатсия ва назорати сифати таълим таваҷҷуҳ намуда, бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дорад.
Т.Иҳромов

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj