Сафар Сайфулло Саъдуллозода: МО МАВҚЕИ ХУДРО АЗ РЎИ ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶӣ ҲИФЗ ХОҲЕМ КАРД...

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷанбаҳои зиндагии рўзмарраи кишвар ва масоили мубрами дохиливу хориҷиро дар бар мегирад. Дар партави суханҳои Пешвои миллат дар робита ба масоили хориҷӣ ҳамкори нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” Ҳомидӣ Борбад мусоҳибае бо муовини директори Маркази таҳқиқоти стратегӣ Сафар  Сайфулло Саъдуллозода анҷом додааст, ки онро барои хонандагони азиз манзур медорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишораҳо карданд ва афзуданд, ки сиёсати “дарҳои кушод” меҳвари ташаккули онро ташкил медиҳад.  Оё «сиёсати дарҳои кушод» дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои Тоҷикистон судмандаст?
-Аввалан, ки “сиёсати дарҳои кушод” ва “сиёсати бисёрсамта” аз тарафи баъзе аз коршиносон нодуруст шарҳ дода мешавад. Дар асл ин “сиёсат” барои Тоҷикистоне, ки дар маркази тамоми зиддиятҳои геополитикӣ мебошад, хеле сиёсатӣ муфид будааст. Беҳуда нест, ки Президенти кишварамон маҳз ҳамин гуна як сиёсатро пеш гирифтаанд ва онро дар амал татбиқ карда истодаанд.
         Давлати Тоҷикистон ҳамчун як давлати миллӣ, ҳамчун як давлати ҷавон хеле корҳоро анҷом додааст, то ин ки ин “сиёсат” як обуранги тоза, як шакли қобили қабул дошта бошад. Албатта, баъзеҳо “сиёсати дарҳои боз”-ро ва ё “сиёсати дарҳои кушод”-ро ба ун сиёсатҳое, ки дар аввали асри 20 дар Чин аз тарафи кишварҳои абарқудрат пиёда мешуд, монанд мекунанд. Лекин баъди сад сол бо боварии том гуфта метавонем, ки ин “сиёсати дарҳои боз”-и мо аз он “сиёсати дарҳои боз”-и он давраи таърихӣ фарқи хеле калон дорад. Дар ин ҷо мо кўшиш кардем, ки “сиёсати дарҳои боз”-и мо мазмуну мундариҷаи ба манфиатҳои миллии мо мувофиқ дошта бошад, ба шароити таърихии гузариши мо аз як низоми сиёсӣ ба низоми дигари сиёсӣ мувофиқат кунад. Ва аз ҳама муҳим, шароити хубе барои ҳалли масъалаҳои дохилии Тоҷикистон муҳаё намояд, онро дастгирӣ кунад. Ба ѓайр аз ин “сиёсати дарҳои боз” натиҷаҳои бисёр хубе ҳам барои мо додааст.  Ин на танҳо суханони мо аст, балки ман худам шахсан бо коршиносони сатҳи баланди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ суҳбатҳо доштам ва ҳамаи онҳо ҳамин хулосаро гуфтанд, ки Тоҷикистон тавонист маҳз бо “сиёсати дарҳои боз”-и худ муваффақиятҳои зиёде ба даст орад ва қисми зиёди масъалаҳоеро, ки ҳалли онҳо қариб  ногузир буд,  ҳал намояд.
-Агар ба ҷои “сиёсати дарҳои боз” “сиёсати бетарафӣ”-ро интихоб менамуданд, ба андешаи шумо чи натиҷа медод ?
-Албатта, мо аз таърих огоҳ ҳастем ва медонем, ки сиёсати бетарафӣ ҳам яке аз сиёсатҳои хуб аст. Лекин, аслан, таъсири сиёсати бетарафӣ ба сиёсати давлати мо мувофиқат намекард. Чаро? Барои он ки Афѓонистон ҳам дар гузашта қариб 30 - 40 сол ҳамин хел бетарафӣ дошт, аз солҳои сиюм то охири солҳои 60-ум. Лекин натиҷааш чӣ шуд? Боз ҳам муборизаҳои геополитикӣ намемонанд, ки ягон давлат бетараф бошад.  Дар Аврупо ҳастанд давлатҳое чун Финландия, Шветссария, Австрия, ки “сиёсати бетарафӣ”-ро интихоб кардаанд. Аммо агар амиқтар нигоҳ кунем, онҳо ҳам он қадар бетараф нестанд. Ҳатто ин “сиёсати бетарафӣ”-е, ки дар Осиёи Миёна Туркманистон дорад,  аз нуқтаи назари бетарафии классикӣ он қадар бетараф нест. Зеро Туркманистон маҷбур аст бо ҳама давлатҳое, ки дар бисёри блокҳои ҳарбӣ ҳастанд, ҳамкорӣ кунад. Чун намешавад, ки худашро изолятсия кунад, ин як тарафи масъала аст.  Баъзе аз коршиносони рус ҳам даъво доранд, ки масалан ба Туркманистон хавфу хатарҳое таҳдид мекунад, ки нисбат ба  давлатҳое мисли Тоҷикистон,ки бетараф нестанд, хеле зиёдтар аст. Чунки Тоҷикистон, Қирѓизистон, Арманистон, Қазоқистон дар ҳар ҳолате набошад, онҳо имконият доранд, ки ба созишномаҳои СААД такя карда,  дар ҳолати зарурӣ аз онҳо кeмак пурсанд. Лекин дар ҳолати надоштани чунин шартномаҳо қабул кардани қарори махсуси сиёсӣ хеле кори дуру дароз хоҳад шуд ва мушкилотро ба вуҷуд хоҳад овард. Аз ин рў, фикр мекунам сиёсати ҳозираи мо, чи тавре дар боло таъкид кардам, коршиносони ҷаҳонӣ ҳам мегўянд, ки Тоҷикистон тавонист дар сиёсати хориҷии худ мувозинати тарафҳоро хеле хуб нигоҳ дорад. Ва ин ҳам аз санъати баланди дипломатияи роҳбарияти олии кишвари мо гувоҳӣ медиҳад.
-Дар Паёми Пешвои миллат ибораи “сиёсати хориҷии мутавозин” истифода шуд. Мақсуд аз таъбири сиёсати мутавозин чист?
-Мантиқан мо омадем ба ҳамон охирон сухане, ки дар ҷавоби саволи собиқ гуфта будам. Албатта, сиёсати мо ин сиёсати мутавозин аст, яъне дар он баланси муайяни тарафҳо нигоҳ дошта мешавад. Мо ҳам бо кишварҳои абарқудрат,ки  бо ҳам дар тазоданд, мисли Амрико ва Руссия ё мисли Амрико ва Эрон ҳамкориҳои хуб доштем ва дорем. Умуман, агар дар маҷмўъ гирем, “сиёсати хориҷии дарҳои боз”-и мо ва сиёсати бисёрсамта ва амалгарои мо худ дар маҷмўъ ҳамон сиёсати мутавозине, ки Президенти кишвар, ки ба сиёсати хориҷии мо баҳо додаанд ва ё номгузорӣ кардаанд, ҳамон натиҷаро медиҳад. Яъне, сиёсати хориҷии мо бисёр мутавозин аст. Бо ҳама кишварҳои бо ҳам рақиб ва ҳам кишварҳое, ки бо мо дўст ҳастанд ва шарикони стратегӣ ҳастанд якхел бар роҳ монда шудааст. Ба ѓайр аз ин мо бо Иттиҳоди Аврупо, ки ба муқобили Руссия санксияҳоро истифода кардааст, ҳамкориҳои хуб дорем.
-Тоҷикистон дар баробари духўрагии бархе кишварҳо чи тадбирҳое андешида истодааст?
         -Ҳамаи давлатҳои дунё принсипҳои сиёсати хориҷии худро доранд. Аз ҷумла мо ҳам. Ин давлатҳо принсипҳоеро доранд, ки манфиатҳои миллию давлатии моро ба ҳисоб намегиранд. Онҳо манфиатҳои миллию давлатӣ ва арзишҳои  худро ба назар мегиранд. Аз ин нуқтаи назар онҳо ҳам бештар ба онҳое такя мекунанд, ки  бештар хислати оппозитсионӣ ва ё озодандешӣ доранд ва ё онҳо ба сиёсати умумии мо мумкин розӣ набошанд. Лекин мо ҳам ба онҳо ҳеҷ коре надорем, чунки ин сиёсати онҳо аст ва чи коре мехоҳанд кунанд. Аммо аз 2 ё 3 ҳазор нафаре, ки ба Лаҳистон муроҷиат карда буд, барои паноҳандагии сиёсӣ дар чанд соли охир ҳамагӣ як нафараш соҳиби паноҳандагӣ гардидааст. Онҳо ҳам ѓалбер мекунанд ва фақат ба онҳое, ки воқеан асоси сиёсӣ доранд, паноҳандагии сиёсӣ медиҳанд. Аз тарафи дигар омбудсмени мо оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷаноби Ализода З. гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ҷиноятҳои мушаххас аст дар ин ҷо мо ҷинояткорони сиёсӣ надорем ва мо маҳбусони сиёсӣ надорем. Онҳое, ки дар Аврупо ҷинояткори сиёсӣ мегўянд, онҳо ё бо террористон ҳамкорӣ кардаанд, маблаѓгузорӣ намудаанд ва ё ин ки террористонро аз нуқтаи назари амалӣ дастгирӣ кардаанд.
-Яъне, Тоҷикистон бо он кишварҳое, ки сиёсати духўра доранд, бо ҳамон сиёсати духўра чавоб медиҳад ?
-Не. Тоҷикистон бо он кишварҳо, сарфи назар аз чигунагии сиёсатҳояшон, бо ҳамон сиёсати амалгаронёнаву дарҳои боз ва мутавозину бисёрсамтаи худ ҷавоб хоҳад дод. Яъне, мо андешаи онро надорем, ки бо кишварҳои дигар бозӣ кунем. Мо мавқеи худ, манфиати миллию давлатии худро аз рўи принсипҳои сиёсати хориҷии худ дар хориҷ ва дохили кишвар ҳифз хоҳем кард.
-Имрўз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ мешавад. Дар солҳои истиқлолият кадом ташаббусоти кишвари азизамон дар сатҳи байналмилалӣ қабул шудаанд?
-Пешвои миллати мо ташаббусҳои зиёде кардаанд ва ин ҷо имкон надорад, ки сари ҳар яки он ҳарф занем. Фақат ман мехоҳам охирини онро таъкид кунам. Ин чорумин ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар мебошад,ки соли 2016 пешниҳод карданд ва дар рўзи Паём  аз Питер Томсон Дабири СММ табрикнома гирифтанд  ва чанд рўз баъдтар Пан Ги Мун Муншии кулли СММ ҳам Президент ва ҳам халқи кишварро муборакбод намуд, ки ин барои бо иттифоқи оро қабул шудани пешниҳоди Тоҷикистон даҳсолаи байналмиллалии  амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” буд. Албатта, ин яке аз ҳадафҳо барои рушди ҳазорсола аст. Аз соли 2018 то соли 2028 дар  тамоми кишварҳои дунё, бахусус 196 кишваре, ки моро дастгирӣ намуданд ва дар ин давра онҳо барномаҳои худро хоҳанд дошт, дар Тоҷикистон бошад, ҳар ду сол ҳисоботи ин давлатҳо бо иштироки муовинони муншии кулли СММ шунида мешавад. Дар маҷмўъ мо мебинем, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд ва он ташаббусҳо муваффақиятҳои зиёд дошт. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистонро лидери ташаббускор дар масоили об эътироф кардаанд.
-Ин ташаббусҳо барои Тоҷикистон чӣ медиҳад ?
-Ин барои мардуми мо хеле масъалаи муҳим аст. Албатта, дар ҳар як ташаббусе, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо мекунад, масъулияти бештаре эҳсос мекунад, чун  ташаббуси худаш аст. Ва барои мардуми мо он шароите, ки барои онҳо лозим аст, яъне гузаронидани қубурҳои оби ошомидании тоза ва аз нуқтаи назари беҳдошт беҳтар ва барои саломатии инсонҳо хуб ва муфид саъйу талош мекунад. Албатта миллати солим ин боигарии давлат аст. Маҳз ҳамин талошҳои Тоҷикистон буд, ки мардуми Тоҷикистон аз 5,5 млн., ки то истиқлолият буд ҳоло ба 8,7 млн. расидааст. Агар бо Туркманистон ва ё Арманистон, ки бо мо дар он вақт баробар буданд муқоиса кунем мебинем, ки мардуми Тоҷикистон 1,6 баробар зиёд шудааст. Сатҳи беҳдошт низ хуб шудааст ва сину соли миёнаи аҳолӣ ба 73,5 расидааст ва фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кудакон 2,7 баробар кам гардидааст. Дар бораи бўҳронҳои сиёсӣ ҳоло нагуфтаам.  Тоҷикистон дар соли 2016 амнтарин давлат буд, пойтахти кишвар низ чунин буд.
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати Пешвои миллат, Президенти кишвар  хеле самаранок будааст.
-Ташаккур барои чунин як суҳбати самимӣ.
Саломат бошед!
Мусоҳиб
Ҳомидӣ Борбад

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj