Сахт нагӯӣ, суст наояд. Суҳбати ошкоро бо раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед

Шодихони Ҷамшед соли 2016-ро дар Бадахшон  соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кард
Якшанбе. Раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшедро дар дафтари кориаш танҳо дарёфтам. Ӯ ғарқи андеша дар курсие нишаста буд. Бо дидани ман ӯ аз ҷой нимхез шуд ва даъват ба нишастан кард. Суҳбати мо ошкоро буд. Ман бори аввал шоҳиди суҳбати роҳбаре дар ин сатҳ будам, ки ба ин андоза рӯшод сухан мегӯяд. Ин дилкафонӣ не,  баёни ҳақиқати ҳол дар як гӯшаи кишварамон буд. Ин мактаби  ошкорбаёнии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки борҳо, аз ҷумла боре ҳангоми суҳбат бо хабарногорони  телевизиони «Ал-Ҷазира» дар Қатар шоҳиди он будам. Ман ҳам ба андеша рафтам: оё лозим аст, ки ҳамаи онҳоро рӯйи коғаз оварам?

КӢ, КӢ БУДАНАШРО ДАР САХТӢ МЕШИНОСАНД

- Биёед, суханро аз фоҷиае, ки чанде пеш дар водии Бартанг бар сари мардуми  Бадахшон омад, оғоз кунем. Ҳоло вазъият чӣ гуна аст ва сокинони деҳаҳои зарардида дар чӣ ҳоланд?
-Дар ин водӣ 141 хона пурра ва 565 хона қисман хароб гардид. Тақрибан баъди 3 дақиқаи ҳодиса Ҷаноби Олӣ телефон карда, аз вазъият пурсон шуданд.  Ростӣ, аввал мо маълумоти пурра надоштем. Баъд фаҳмидем, ин заминларзае, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ рух дод, мудҳиштаринаш  дар вилояти Бадахшон будааст. Бо супориши Роҳбари мамлакат тамоми кормандони давлатии вилоят ба ҷойи ҳодиса, барои расонидани кумаки аввалдараҷа сафарбар шуданд.  Сипас, ҳайати ҳукуматӣ аз Душанбе расида омад. Тавассути чархболҳо ба мардум хизмат расониданд. Ҳамон шабу рӯз Ҷаноби Олӣ пайваста телефонӣ суҳбат карда, мардумро таскин медоданд. Бовар мекунониданд, ки бо онҳо ҳастанд, онҳоро танҳо намегузоранд. Яъне, суханони Президенти мамлакат мардумро қувват медод. Одамон  ба зиндагии дубора умед мебастанд.
Бовар кунед, воқеаҳои охир дар майнаи сари шаҳрвандон  андешаҳои тамоман дигарро ба миён овард. Мардум  дигарбора итминон пайдо кард, ки воқеан давлат пойбарҷост. Ба ягон ташкилоту идораҳои кумакрасон  дигар умед надоранд. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат тавассути Агентии захираҳои моддӣ ба мардуми зарардида маводи ғизоӣ, хаймаҳо, пӯшока ва ғайра расонида шуд.  Ҳоло мардуми Рӯшон ва дигар минтақаҳо дар манзили муваққатӣ зиндагӣ доранд. Бо супориши Ҷаноби Олӣ як комиссияи махсус аз Кумитаи идораи замин ва геодезӣ,  мутахассисони геология омада, мавзеъро барои сохтани хонаҳо ва зиндагӣ санҷиданд. Ин даштҳои фарохи Хубус, Рошож ва Пусопс, ки обӣ ҳастанд. Аммо мардум ба ин розигӣ надоданд, хоҳиши дар макони бобоии худ зиндагӣ кардан доранд. Мо ин хоҳиши онҳоро ба Ҷаноби Олӣ расонидем. Он кас дастур доданд, ки ҳолати замин дар мавзеи зарардида тадқиқ карда шавад. Тадқиқ шуд. Дастури дигар гирифтем, ки барои аз нав барқарор кардани рӯзгори мардуми зарардида тамоми шароит муҳайё карда шавад. Бо супориши он кас  роҳу нақлиёт, барқ, алоқаи мобилӣ таъмин карда шуд. Бовар кунед, ҳамаи  корҳо, аз ҷумла роҳро пурра  аз нав карданд.  Ҳатто, бо дастгирии Ҷаноби Олӣ дар Бартанг муассисаи махсуси нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ташкил карда шуд. Он чӣ мардум хостанд, ҳамааш иҷро шуда истодааст.
- Мисли деҳаи бар асари сел зарардидаи Барсем?
- Барқарор шудани деҳаи Барсем ин як афсона аст. Он эътиқод ва эътимоди мардуми Бадахшонро ба Президент зиёд кард. Онҳо донистанд, ки пушту паноҳи ягонаи онҳо Ҳукумат аст.  Ҷаноби Олӣ аз рӯзҳои аввал назоратро ба души худ гирифтанд ва ҳатто, ба Бадахшон ташриф оварда, аз минтақаи офатзада дидан карданд. Бо дастури он кас дар кӯтоҳтарин муддат 115 манзили нав сохта, ба истифода дода шуд. Тамоми хонаҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин карда шуданд. Вақте ҳисобу китоб кардем, 1 хона бо тамоми шароиташ 300 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Бубинед, зиёда 3,5 километр роҳ дар натиҷаи омадани сел пурра аз байн рафт. Хеҷ кас гумон намекард, ки он дубора барқарор мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ роҳ барқарор ва азнавсозӣ гардид. Тасаввур кунед, ман ҳамчун раиси вилоят фикр мекардам, ки ин роҳро дар давоми ду-се моҳ барқарор кардан аз эҳтимол дур аст. Бо супориш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат мутахассисони роҳсози Эрону Туркия ва Чин ҷалб шуда, роҳро ҳамагӣ давоми 25 рӯз барқарор карданд. Ғайр аз ин, Ҷаноби Олӣ 6 техникаи калони роҳсозӣ, аз қабили булдозер, экскватор, боркунакҳои фронталиро ба хотири дар оянда лозим шудан, ба вилоят туҳфа карданд.
-Ташкилотҳои мададрасон, фонди Оғохон чӣ кумакҳое ба мардуми зарардида расониданд?
- Масалан, ташкилоти «Фокус», ки дар доираи фонди Оғохон фаъолият дорад, дар таъмини хаймаҳои муваққатӣ, оби нӯшокӣ кумак кард. Албатта, ин кумакҳо хеле ночиз буданд, мардум ҳам инро ҳис карданд. Кумаки асосиро Ҳукумати ҷумҳурӣ расонид.

МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ: ТО САХТ НАГӮӢ  
СУСТ НАОЯД
- Дар доираи маҷлиси ҷамъбастии сол  дар вилоят соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон шудани соли 2016 боиси пазироӣ ва кафкӯбии бардавоми аҳли толор қарор гирифт. То кадом андоза ин мавзӯъ дар вилоят муҳим аст?
- Бадахшон сарҳади тӯлонии 800-километра бо Афғонистон дорад, ки он ба вазъи вилоят бетаъсир буда наметавонад. Дигар он ки  ҷавонони Хоруғ таҳти таъсири гурӯҳҳое, ки аз соли 1992 бо номи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пайдо шуда буданд, қарор доранд. Ҳанӯз ҳам ин гурӯҳҳо таъсир, нуфуз ва эътибори худро доранд. Ҳозир то андозае давраи ҳалли ин проблема  расидааст. Мо инро эҳсос карда истодаем ва ҳар рӯз корбарӣ мекунем. Лекин дар як вақти кӯтоҳ решакан кардани он кори  осон нест. Аз тарафи дигар, як қисми насле, ки аз мактаб дур монда буд, ба чунин корҳо даст задаву тафаккури дигарро гирифтанд.
Вале, имрӯз хушахбахтона, раванди умедворкунандаи дигарро мушоҳида мекунем. Сатҳи дониш ва маърифати мардуми Бадахшон сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Як муддат қарахтӣ буд ва инро мо эътироф мекунем. Мо аз ин карахтӣ нав баромада истодаем.   Бо бартараф  шудани масъалаҳои иҷтимоӣ оҳиста-оҳиста ин  ҳалли худро меёбад. Фаъолони вилоят сари ин масъала пайваста кор карда истодаанд. Хушбахтона,  нуфуз ва эътибори ҷинояткорон дар Бадахшон рӯз ба рӯз поин меравад.
Як масъаларо бароятон равшанӣ меандозам. Интихоботе, ки соли 2015 дар Бадахшон гузашт, нишон дод, ки ин гурӯҳҳо дигар фишор  оварда, ба ҷомеа таъсир расонида наметавонанд.  Номзадҳои онҳо дар интихобот нагузаштанд. Ман даъват кардам, гуфтам, ки марҳамат, интихобот озоду шаффоф мегузарад. Бигзор, ғолиб оед. Аммо мардум ягон нафарашонро интихоб накарданд. Он чӣ ки онҳо мекунанд, аз рӯйи масали  «Неши ақраб на аз рӯйи кин аст,  муқтазои табиаташ ин аст» мебошад.
Қисми аз ҳама осебпазир, ки мо бояд ҳама рӯз бо он кор кунем, ҷавонон ҳастанд. Яъне, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо  ва донишҷӯёни  макотиби олии шаҳри Хоруғ. Мақсади мо ин аст, ки дар шуур ва тафаккури онҳо як чизи навро ҷорӣ кунем. Ин ҷавонон на танҳо нисбати маводи мухаддир, ҳатто ба шароб нафрат мекунанд.
Масъалаи ҷинояткорӣ. Рӯйирост мегӯям, ки дар Бадахшон қонуният пурра риоя намегардид. Ин чиз ҳоло ҳам ҷой дорад. Албатта, ин беасос нест. Ҷинояткоре, ки ҷиноят содир мекард, то нуқтаи ниҳоияш намерафт. Ин як тарзи тафаккури ба худ хосро ба миён овард. Албатта, ин ба фаъолияти мақомоти судӣ, прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ иртибот мегирад. Ва ҳамин мардумро ба  андешае оварда расонд, ки Ҳукумат пойдор нест. Шукрона, ки ин чизҳо аз байн рафта истодаанд. Соли 2015 тамоми протсесҳои (мурофиаҳои) судӣ нисбати онҳое, ки ҷиноят содир карданд, то  охир бурда расонида шуданд. Ин барои Бадахшон бисёр чизи муҳим аст.  Умуман, Бадахшон як минтақаи  кӯҳистон ва хусусиятҳои ба худ хосро дорост.
-Бубинед, дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ мошинҳои бидуни рақами давлатӣ зиёд мегарданд. Чаро? Ин магар таҳқири Ҳукумат ва қонун нест?
- Албатта, ин камбудӣ аст. Аз ҷумҳурӣ ҳам комиссияи махсус омад. Ҳангоми тафтиш маълум мешавад, ки ҳамарӯза 10-20 нафар бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ, бе иҷозатномаи  оинаҳои сиёҳшиша мегарданд. Албатта, ин ба амнияти махсусан занону духтарон бетаъсир буда наметавонад. Ин ҳолат ҳаст, лекин барои ислоҳи ин камбудӣ як вақт зарур аст. Ман сохторҳои дахлдорро танқид карданӣ нестам, аммо ин бояд кори доимии онҳо бошад. Мардум мехоҳад, ки ҳукумат пойдор бошад, дигар ҳеҷ. Мардум чашми дидани ин гӯрсӯхтаҳоро надорад. Вақте ки мебинед, сохторҳои дахлдор ин масъаларо сахт мегиранд, тартиботро риоя мекунанд, ҳамин ки аз мадди назарашон дур мемонанд, чунин рафтори худро такрор мекунанд.  Вақти нишон додани мушт фаро расидааст. Дигар ин солҳои пешин нест, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад кунад.
-Магар ин мушти қавӣ  Ҳукумати вилоят нест?
-Мо мушти бисёр қавӣ ҳастем, ин дуруст. Вале дар Хоруғ ягон чизро пинҳон карда намешавад. Афсӯс  баъзе корҳое мешаванд, ки хуб нестанд. Ин ҷо баъзе нозукиҳо ҳаст, таъсири худро ба масъалаҳои дигар мерасонад.
-Ин нозукӣ чист, ба кӣ ва чӣ иртибот мегирад?
-Ба мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ. Хоруғ танг аст, ҳама аз ҳама гап бохабар аст. Ҷойи фарох нест, ки ҳар чӣ хоҳанд кунанду касе набинад. Баъд, ҷинояткорон аз дохили «система» гап мегиранд. Баъе чизҳое барои онҳо ошкор аст, ки ҳайрон мешавам, ки  аз куҷо ин гапҳоро мегиранд. Ман дар доираи маҳдуд ҷаласа мегузаронам, аллакай барои онҳо маълум аст. Ман дар ин ҷо раиси вилоят ҳастам. Мақомоти қудратӣ маро ҳимоят кунад, на ин ки ман онҳоро. Ҷинояткорро онҳо бояд рафта биёранд, на ин ки раиси вилоят.  Дар назди қонун ҳама баробар аст. Касе ҷиноят кард, бояд ҷавоб гӯяд. Қонун раҳму шавқатро намепарастад.
- Мувофиқи эҳсоия ҳолати нашъамандӣ дар вилояти Бадахшон  нигаронкунанда аст. Ин мавзӯъ дар ҷаласа ҳам садо дод ва зикр гашт, ки шаҳри Хоруғ  миёни шаҳрҳои кишварҳои ОМ аз рӯйи теъдоди нашъамандон дар мақоми аввал қарор дорад. Нашъамандӣ барангезандаи ҷинояткорӣ ва бемориҳои масъунияти бадан (СПИД) аст. Шумо ҳамчун духтуре, ки раиси вилоят ҳастед, сабаби инро дар чӣ мебинед ва барои пешгирии он чӣ тадбирҳо меандешед?
-Ба назари ман, нисбат ба солҳои пешин вазъи нашъамандӣ дар вилоят тамоюли афзоиш надорад.  Дар  оғози истиқлолияти давлатӣ, аз соли 1992 то 2000, ки марзҳои Афғонистон як давра, ба дараҷаи лозимӣ муҳофизат намешуд, боиси тавлиди нашъамандон дар вилоят гардид. Умуман, таҳлилҳое, ки мо гузаронида истодаем, синну соли нашъамандон кам аст. Ҳаст, аммо на ба он дараҷа. Нашъамандони синни 40 то 60 аллакай мариз ҳастанд. Имрӯзҳо теъдоди зиёди нашъамандон мефавтанд. Чунки дар баробари бемории нашъамандӣ онҳо бемории СПИД доранд.
 Баъдан, ҳудуди 800 км масофае, ки бо Афғонистон дорем, бадбахтона, боиси  тавассути Бадахшон интиқол ёфтани маводи мухаддир мегардад.  Бешубҳа, як қисми он барои истеъмол дар ин ҷо мемонад. Ин мушкилоти ҷиддист. Албатта, мо сари ин масъала ҳамарӯза кор бурда истодаем. Ҳоло мехоҳам якчанд масъаларо бароятон гӯям, ки он метавон миқдори нашъамандиро паст кард.  Якум, ҳаҷми бекорӣ дар шаҳри Хоруғ зиёд аст.  Мутаассифона, ин ҳолат дар байни ҷавонон қариб 3,5 ҳазорро ташкил медиҳад. Дуюм,проблемаи ҷиддӣ таъминот бо манзили истиқоматӣ аст. Яъне, ҷудо кардани қитъаи замин. Хоруғ умуман фонди замин надорад. Ташаккури калон ба Роҳбари давлат, ки ҳамаи инро ба инобат гирифта, дар мавзеи Тим 200 га заминро ҷудо карданд. Соли 2016 тақсими замин ва сохтмони хонаҳо дар ин мавзеъ шурӯъ мешавад. Масъалаи мазкур то андозе ҳалли худро меёбад. Сеюм, тавре зикр кардам ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон.
- Вазъи имрӯзаи сарҳад шуморо ба ташвиш намеорад?
-Албатта, ба ташвиш меорад. Зиёдшавии теъдоди толибон, размандагони ДИИШ бемақсад нест. Баръало ҳис карда истодаем, ки давлатҳои абарқудрат бозии геополитикии худро бурда истодаанд. Вақте саҳар мехезед, мебинед,  дар як ҷое, ки мошингузар нест, ҳама кӯҳу пушта аст, гурӯҳ- гурӯҳ ҷангиён оварда партофта шуданд. Ин кор тавассути чархбол сурат мегирад. Мо бо вулусволи Афғонистон суҳбат доштем, онҳо моро ба ҳамин фикр оварданд, ки кишварҳое ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро ором намегузорад.
То ҷое медонам, толибон мақасадшон гузаштан аз хати сарҳад нест. Онҳо як мақсади муайян доранд: гирифтани ҳукмронӣ дар дохили худи Афғонистон, на аз он бештар. Онҳо мақсади ташкили хилофат надоранд. Барои онҳо ин чиз лозим ҳам нест. Барои онҳо маводи мухаддир  фурӯхтан ва маблағи ҳангуфт ба даст овардан басанда аст.  Аммо ин ҷо чизи дигар ДИИШ аст. Рақобат миёни толибон ва ДИИШ ба фоидаи мост.
-Вале, кӯшишҳои ба доми худ кашидани толибон аз тарафи ДИИШ вуҷуд дорад…
-Ин ҷо афғонҳои сода, ки   мехоҳанд пул кор кунанд, даст доранд. Лекин қувваҳои бузурги толибон ДИИШ-ро он қадар хуш  намепазиранд. Ман фикр мекунам, новобаста ба ҳамин, он ҷо кувваҳо зиёд ҳастанд ва эҳтимолияти халалдор сохтани сарҳади Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон вуҷуд дорад. Барои ин мо бояд ҳамеша омода бошем.   Мо бо мардум кор карда итодаем. 114 деҳае, ки қад-қади сарҳад ҳаст, фаҳмонида истодаем, нафароне, ки аз марз ба  ин тараф меоянд, мақсадашон дигар аст, ба нангу номуси занони мо мерасанд. Мардум баномус, ки  ҳаст, инро хуб мефаҳманд. Ман фикр мекунам,  ҳамин хатарҳо мардумро то дараҷае муттаҳиду ҳушёр, ба гирди Роҳбари давлат мушти мустаҳам мекунад.

ҲОСИЛИ  ҒАЛБЕР

-Ҳалли ҳама мушкилоти зикршуда иртибот ба иқтисодиёт мегирад. Дар ин самт бурду бохти вилоятро дар давоми як сол чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Дар соли 2015 тавонистем, ки дар ҳудуди Бадахшон 36 корхонаи хурду калонро ба истифода диҳем. Ин имкон дод, ки 575 нафар бо ҷойи кори нав таъмин шаванд. Аз ҷумла, яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ-истеҳсолӣ дар ҳудуди вилоят – корхонаи коркарди ғалла мебошад. Он бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат  мавриди истифода қарор гирифт. Ин имкон дод,  ки яке аз масъалаҳои асосии мо-таъмини мардуми вилоят бо маҳсулоти худии хӯрока, орд, маҳсулоти чорво таъмин гардад.
Дар Бадахшон гардиши мол, хизматрасониҳои молиявӣ ва иҷтимоӣ, маблағузорӣ дар сатҳи 104 фоиз иҷро гардид, ки дар умум 247 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин маблағҳо аз ҳисоби хоҷагии халқи вилоят ворид гардиданд. Ҳамчунин, агар ба ҷадвали арзиши харҷномавӣ назар афканем, дар 293 иншооти хурду калон  бо арзиши харҷномавии 513 милллион сомонӣ корҳо рафта истодаанд. Дар таърихи Бадахшон ин рақам  хеле калон аст.  Давоми 4-5 соли охир мо иншоотҳои зиёд, аз қабили роҳҳо, таъминоти оби нӯшокӣ ва полезӣ, хизматрасониҳои гуногун, корхонаҳо, неругоҳҳоро дар ҳудуди вилоят сохта, ба истифода додем. Яъне, он чӣ ки барои пешрафт ва хоҷагии  вилоят зарур аст, зина ба зина амалӣ карда истодаем.
-Маблағҳои воридшуда асосан ба кадом самтҳо равона карда мешаванд?
-Асосан   ба соҳаҳои энергетика ва роҳу нақлиёт. Зеро  айни замон,  ин ду бахшро барои вилоят хеле муҳим медонам. Якум,   роҳи абрешим тавассути Бадахшон гузашта, моро бо Чин мепайвандад. Ин роҳи ҳаёт ва рушди иктисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аст.
Дуюм, потенсиали асосиро соҳаи энергетика ташкил медиҳад. Чунки дар асоси ҳисобу китоби мутахассисони соҳа потенсиали дарёҳои Бадахшон кариб 6 миллиард киловатт/соат аст. Аммо мо ҳамагӣ тавассути «Помир энержӣ» ва дигар ширкатҳои хурди барқӣ дар 1 сол 181 миллион киловатт/соат неруи барқ мегирему халос. Ба назари ман, бе истифодаи  пурраи потенсиали мавҷудбуда муҳимтарин масъала - истифодаи конҳои маъдан ғайриимкон аст.  Ҷаноби Олӣ ҳаминро дар назар дошта, Бадахшонро «дарвозаи тиллоӣ» мегӯянд.
- Вилоят худмаблағгузор аст ё дар дотатсия қарор дорад?
-Фақат шаҳри Хоруғ пурра худмаблағгузор аст, дигар ноҳияҳо дар дотатсия қарор доранд. Имсол ба мо муяссар шуд, ки қариб 6 фоиз ҳиссаи даромади худиро зиёд намоем.  Соли  2015 маблағҳои дотатсионӣ  83 фоизи маблағҳои умумии вилоятро ташкил дод.
-Дар вилоят чӣ қадар соҳибкорон фаъолият мекунанд?
- 2 ҳазор  бо патент ва қариб 800 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд. Инчунин, дар вилоят 110 корхонаи истеҳсолӣ мавҷуд аст. Ҳамагӣ соҳибкорони хурду миёна ба буҷет 5 миллион сомонӣ ворид мекунанд.
- Аз вилоят ба кадом миқдор муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар кор мекунанд?
-  Бадахшон 216 ҳазор аҳолӣ дорад, аз ин ҷумла 26 ҳазор дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Аз рӯйи ҳисоб соли 2014 тавассути бонкҳо аз тарафи муҳоҷирон 50 миллион доллар маблағ интиқол ёфта буд. Имсол дар ҳудуди 32 миллион доллар.  Албатта, ин расмист. Ғайр аз ин муҳоҷирон ҳамроҳи худ пулро гирифта меоранд.
-Маблағгузории фонди Оғохон чӣ миқдорро ташкил  медиҳад?
- Соли сипаришуда дар ҳудуди 5-8  миллион сомонӣ аз тарафи ин фонд ба вилоят кумак расид.
-Ин маблағҳо ба кадом бахшҳои вилоят равона шуданд?
-Охир ин сирф  маблағҳои фонди Оғохон нест. Ин маблағҳои донорҳост, ки  бо фонди Оғохон ҳамкорӣ мекунанд. Асосан, маблағҳо ба бахшҳои муҳими хоҷагии вилоят сарф мешавад. Аз қабили таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмир ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои маориф бо лавозимоти зарурӣ,  дастгирии инфрасохтори маҳалҳо, таъмир ва азнавсозии кӯпрукҳои хурду миёна, тоза ва кофтани каналу ҷӯйборҳо, беҳтар намудани ҳолати мелеоративии замин, сехҳои хурди коркарди меваву сабзавот мебошад.
-Дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ  баробари маблағҳои буҷетӣ, аз тарафи соҳибкорону сармоягузорон иншооти  зиёд, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳо сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд. Ин раванд дар вилояти Бадахшон чӣ гуна аст?
- Ҳаст, вале кам. Чунки низоми бонкие, ки дар вилоят ҳаст, дар рушди соҳибкорӣ бисёр монеа эҷод мекунад. Дар ин ҷо корхона бунёд карда, маҳсулоти онро ба бозор баровардан ҳам душвор аст. Яъне, бозори мо хурд аст. Зеро бонкҳое, ки дар вилоят фаъолият доранд, қарзашон  баланд - аз 26 то 36 фоиз. Соҳибкорон бо ин кор карда наметавонанд. Ҳатто, таҳлил кардем, ки аз  15,5 муштариёни бонкҳо дар соли 2014, имсол он ба 9,5 ҳазор расидааст. Соли 2015 маблағи мегирифтагӣ ҳамагӣ 203 миллион сомонӣ буд, имсол он ба 150 миллион сомонӣ расид.
-Сабаби кам қарз гирифтан дар чист?
-Фоизи баланди бонкҳо, кӯтоҳ будани муҳлати қарзҳо. Дар ин бора чандин маротиба бо масъулини бонкҳои вилоят суҳбат ҳам кардам. Шояд онҳо дар асоси ин гуфтаҳо бо ягон пешниҳоде ба  Ҳукумати мамлакат бароянд. Зеро имрӯз шарту шароит дар кӯҳистон ба назар гирифта намешавад. Вақте таҳлил кардем, ҳамаи маблағҳое, ки муштариён мегирифтаанд, истеъмолианд. Мутаассифона, маблағҳое, ки барои корҳои истеҳсолӣ равона шуда бошад, хеле ночизанд.
Мусоҳиб: Шариф Ҳамдампур

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №3 (1149) аз 20.01.2016
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj