Семинари байналмилалӣ

Бо ташаббуси Маркази иттилоотии Хадамоти Мубодилаи Академии Олмон (DAAD)  ва фонди ба номи Роберт Бош аз санаи 8 то 12 майи соли 2017 дар Донишгоҳи Олмонию- Қазоқии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар соли 2030 (аз нигоҳи журналистика)» семинари назариявӣ баргузор гардид. Семинари мазкур барои шавқмандону дӯстдорони илми журналистика баргузор гардида, дар он намояндагони 5 давлати Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ  иштирокчиён доир ба нозукиҳои илми журналистика ва истифода аз технологияи муосир маълумот гирифтанд. Семинарро яке аз журналисти  пуртачрибаи олмонӣ Дирк Ауер роҳбарӣ мекард.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин семинар 2-нафар донишҷӯ муаррифӣ мекарданд: Умарова Сайёра-хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русяву Тоҷикистон, ки айни ҳол ба ҳайси муаллимаи забони олмонӣ дар яке аз мактабҳои байналхалқии ш. Душанбе фаъолият дорад, ва Эҳром  Додобоев - донишҷӯи курси 5-уми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ.

Эҳром Додобоев таассуроташро оид ба ин сафар чунин изҳор намуд: «Пеш аз ҳама сипосгузориямро ба раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо барои мусоидат баён месозам. Семинар, ки тӯли 4-рӯз дар донишгоҳи мазкур давом кард,  дар сатҳи хуб баргузор гардид. Барои ман аҷиб он буд, ки аз бисёр ҷойҳои тамошобобу дилфиреби Алмаато дидан кардам ва дӯстону рафиқони нав ёфтам. 

Ёдовар мешавем, ки дар фарҷоми чорабинӣ ба тамоми ширкаткунандагон шаҳодатномаву туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи ташкилкунадагони ин семинар тақдим гардид.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj