Симои падар дар «ёддоштҳо»-и С.Айнӣ

             Падари Садриддин Айнӣ Сайидмуродхоҷа буд. Устод Айнӣ дар ҷилди якуми «Ёддоштҳо» махсусан дар бораи айёми бачагӣ то вафот кардани падару модараш хотираҳояшро меорад, ки дар он нақши падар бештар ба назар мерасад. Нақши падарродар «Ёддоштҳо»  аз чанд ҷиҳат мушоҳида карданмумкинаст: тарбия, таълим, оила, ҷамъият ва муҳаббат.
Ҳарчанд падари С.Айнӣ кишоварз буд, вале хату савод дошт ва кўшиш мекард, ки фарзандонаш низ дониш омўзанд ва донишманд бошанд. Нафаре, ки «Ёддоштҳо»-ро мехонад, комилан дарк менамояд, ки ин падар, сарфи назар аз камбудҳои рўзгору хуб набудани шароити моддии хонавода, таҳсили илмро хеле муҳим меҳисобад.
Падари С.Айнӣ ҳамчун равшанфикр ва ислоҳотхоҳи даврони худ шинохта мешавад. Номбурда дар хусусиҷамъият ва чи гуна ислоҳу беҳтарнамоии зиндагӣ бисёр фикр мекарду ғами аҳли ҷамъияти худро мехўрд. Ў ақида дошт, кибарои манфиатиҷамъият бояд норасоиҳои онро гуфт ва дар пайи ислоҳи он дастаҷамъона саъю талош варзид.
Падариустод Айнӣ дар тўли умри57-солаи худ ҳамеша пайи  иҷрои уҳдадориҳои падарӣ талош карда, кўшиш менамуд, то  ба дигарон нафъ оварад ва фарзандони худро дар рўҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ ва ростқавлию адабиётдўстӣ тарбия намуд. Бе шак, дар шахсиятсозӣ ва адабдўстории устод С.Айнӣ саҳми падари ў назаррасу сутуданист.
Ли Сю Шиа,
магистри курси 1­уми
факултети филологияи тоҷик
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj