Сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон

Имрўз сиёсати давлатии ҷавонон  яке аз паҳлуҳои муҳим дар сиёсати Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Оре, ҳама вақт ҷавонон як қувваи бузург ва ниҳоят пурарзиш, ҳамчунин, бунёдкору пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб мерафт ва чунин неру доимо ба таваҷҷуҳу роҳбаладӣ ниёз дорад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро «умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат» арзёбӣ намуда, ҳамеша хотиррасон менамояд, ки ояндаи дурахшони мамлакат маҳз ба ҷавонон вобастагӣ дорад. 

Дар давраи нави таърихӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста  ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон диққати хосса дода, дар самти таҳияву татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳаёти ҷавонон тадбирҳои судманд меандешад. Дар ин росто, ба хусус, пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” моҳи марти соли 1992 дар роҳи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз зумраи таъсиси мақомоти ваколадор дар соҳаи кор бо ҷавонон, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили стипендияи Прездиентӣ ва идрорпулии раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, таъсиси марказҳои ҷавонон, ҷоизаҳои мухталиф барои олимони ҷавон ва варзишгарон ва амсоли онҳо рўи кор омаданд.  

Ҳамзамон, Қонуни мазкур ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошта, ҳалли масъалаҳои ҳифзи  ҳуқуқ  ва манфиатҳои насли наврасро дар шароити муосир амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар қонуни мазкур қайд гардидааст, ки: «Сиёсати давлатии ҷавонон - бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани  шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчи бештар амалӣ гардидани неруи эҷодии онҳо барои манфиатҳои  тамоми ҷамъият тадбиқ  менамояд».

Чорабинии муҳим дигар дар алоқа ба масъалаи ҷавонон ин қабул ва амалӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлат буд, ки 5 октябри соли 1998 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал “Барномаи миллии Ҷавонони Тоҷикистон”-ро барои  солҳои 1999-2000 –ум омода кард.  Яке аз хусусиятҳои асосии ин барнома дар он буд, ки самтҳои муҳим, бо назардошти талабот ва зарурати вусъати фаъолияти соҳа таҳрезӣ гардиданд. Дар ин замина метавон масъалаи мустақилияти иқтисодии  ҷавонон ва рушди соҳибкории онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дастгирии ташаббуси иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, мусоидат ба рушди ҳаракати ҷамъиятии ҷавонон, ташаккули туризм ва тарзи ҳаёти  солим дар миёни насли наврас ва дигар мушкилоти ҷавононро мисол овард. 

 Дар маҷмуъ, то солҳои наздик 5 маротиба аз ҷониби Ҳукумати кишвар Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006,  2007-2009  ва 2010-2012  қабул гардидааст.

Ва мақсади асосии ин барномаҳо ба беҳтар намудани шароити ҳаёти иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, кам кардани  бекорӣ, садди роҳи корҳои номатлуби ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон гаштан, таъмини саломатии ҷавонон, тарѓиби тарзи ҳаёти солим ва пешгири падидаҳои номатлуб, тақвият бахшидан ба раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонони ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси  худшиносии миллӣ, ҷаҳонбиниву зиракии сиёсӣ, маърифати насли ҷавон дар самти масъалаҳои гендерӣ,  муҳоҷират, ҷинояткориву танзими оила ва расму оин нигаронида шудааст. 

Дар қатори санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ яке аз дастовардҳои муҳим ва ҳассос дар ҳаёти ҷавонони кишвар ин вохўрӣ ва ѓамхории Пешвои миллат бо ҷавонон мебошад. Дар як фосилаи кўтоҳ Пешвои миллат чанд маротиба бо ҷавонони кишвар вохўриву суҳбатҳо ороста, муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд. Алалхусус, вохўрии аввали Пешвои миллат дар санаи 2-юми феврали соли 1993, дар он даврони хеле душвору тақдирсоз бо ҷавонони кишвар то ба имрўз хотирмон боқӣ мемонад. Пешвои миллат дар суханронии хеш қайд намуда буданд, ки:  “Имрўз дар ин толор аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро  эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан  бо падарону пирону барнодилони рўзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо Шумо ақидаамро дигар  карда, маро водор сохтед, ки аввал бо шумо вохўрӣ намоям...”. Ин мулоқот дар тинати ҷавонони худогоҳу бедордил ҳисси ватандориро боло бардошта, онҳоро дастаҷамъона дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, аз вартаи нобудшавӣ баровардани миллату давлат, буниёди ҷомеаи демократӣ равона намуд. Ва чунин ҳам шуда, давлат ба як маҷрои ваҳдатофар тадриҷан бештар ворид шуд. 

Вохўрии дуюми Роҳбари давлат бо намояндагони ҷавони кишвар 17-уми марти соли 1994 баргузор гардид. Дар  мулоқот аслан ба масъалаҳои  оқибатҳои муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ; огоҳии ҷавонон аз хатогиҳои гузашта ва муттаҳидии онҳо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ; ташаккул ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; сохтмони давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд; риояи урфу одатҳо, анъанаҳо ва суннатҳои дину мубини ислом; риояи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва дигар қонунгузории ҷорӣ; гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ: ҷалб ба Созмони ҷавонон ва фаъол намудани  иштироки насли наврас дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар; омўзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ба ҷавонон; дастгирии кўдакони бепарастор ва мактаб-интернатҳо; таъмини ҷавонон бо манзили истиқоматӣ ва рушди сиёсати демографӣ; мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, дуздию ѓоратгарӣ ва нашъамандии ҷавонон; тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ва ахлоқии ҷавонон диққати махсус дода шуд.  

Вохўрии сеюм бо ҷавонони кишвар 23 майи соли 1997 дар арафаи  воқеаи таърихӣ - ба имзо расидани Созишномаи умуми сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон  (27 июни соли 1997) баргузор гардид.  Дар рафти он кўшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони мамлакат дар бораи ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон ҷамъбаст карда шуда, зарурати ташаккули имконоти васеи  иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ  барои  ҷавонон  таъкид гардид. 

Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонон дар бораи равона сохтани неру ва заковатмандии онҳо ба сарҷамъии миллат ва ободии Ватан суҳбат намуд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият дар кишвар 16 созмони гуногуни ҷавонон  амал намуда, ин ташкилотҳо, аз қабили Иттифоқи ҷавонон, Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон,  Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти экологии ҷавон ва ѓайра буданд.  Қайд карда шуд, ки нақши созмону ташкилотҳои ҷавонон дар баланд гардидани фарҳанги умумӣ ва сиёсии насли наврас басо сазовор мебошад. Дар мулоқот, инчунин, ба масъалаҳои рушди сиёсати кадрӣ, бо кор таъминкунии ҷавонони бекор; рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон; саҳми ҷавонон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ; ислоҳоти соҳаи маориф; ба илму ҳунаромўзӣ ҷалб гардидани насли ҷавон; таҳсили духтарон; танзими оила; паст гардидани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон; тарбияи ҷавонон дар рўҳияи суннатҳои ахлоқӣ; аз худ кардани таърих; адабиёт ва фалсафаи халқи худ; тақвияти сулҳу ваҳдат ва ѓ. таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. 

Мулоқоти навбатии Пешвои миллат 16 майи соли 1998 бо ҷавонони лаёқатманд баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ ибрози андешаҳо оид ба роҳи интихобгардидаи инкишофи мамлакат; дурнамои оянда ва вазифаҳои насли ҷавон дар ин росто баргузор гардид. Зеро зарур буд, ки дигаргунисозиҳои сохтори идорӣ ва ҷамъиятӣ, ташаккули пойдевори устувори давлатдорӣ ва рушду такомули онро дарк ва дасгири намоянд. Бо истеъдодмандӣ ва лаёқати худ дар пешбарии илму техника саҳмгузоранд.  Маҳз дар заминаи ҳамин мулоқот бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника таъсис ёфт. Аз ҳамон сол иборат барои олимони ҷавон 6 ҷоиза ба маблаѓи 500 каратаи андозаи маоши ҳадди аққал мунтазам ҳамасола таъмин мегардад. Дар мулоқот  Сарвари давлат таъкид намуд,  ки: "Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омўзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрўз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд". Таъкидҳои Пешвои миллат бар он равона гардида буд, ки ҷавонон ҷиҳати бодастории истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ иштироки фаъол дошта бошанд ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил нагарданд, аз нуқтаи назари сиёсӣ зираку доно бошанд ва Ватанро обод созанд. Дар радифи ин дастуру супоришҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998, №400 Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000 қабул гардид.  Мувофиқи барнома бояд ҳамасола бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май дар саросари кишвар ба сифати Ҳафтаи ҷавонон, Даҳаи ҷавонон ва ё Моҳонаи ҷавонон қайд гардида, садҳо чорабинии маърифатию фарҳангӣ, илмӣ-амалӣ ва варзишию оммавӣ баргузор гардида, ҳазорон ҷавонон бо фароѓат ва шуѓлмандии гуногун фаро гирифта мешуданд. 

Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тадбирҳои навбатии роҳбарияти Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мебошад. Ҷавонони имрўзаи  Тоҷикистон чун қисми комилҳуқуқи ҷомеаи  шаҳрвандӣ ба равандҳои  глобалии  иқтисодӣ,  сиёсӣ ва фарҳангии  ҷаҳон  ҳамгироӣ мекунанд. Сиёсати давлатии ҷавонон низ имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рўйи марому мақсади муайян  равона гашта,  вобаста бо тақозои замон давра ба давра ташаккул ёфта истодааст. Ва ин гуфторро бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст менамоем, ки дар Паёми навбатии хеш таъкид карданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷойе, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Бигзор чунин бошаду ҷавонон баҳри ояндаи рахшону ин диёр аз имрўз қадамҳои ҷиддӣ гузоранд! 

Ғ.ШОЕВ,

С.АСОЕВ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj