Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар партави Паём

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳимми Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дорад. Вале ин ширкати фаъолонаи миллат ва ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шўрои Олии Чумҳурии Тоҷикистои дар таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда буданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сўи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки кунун рў ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ овардааст. Ҳавзаи савум фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунанд. Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои рўҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд. Ниҳоят, ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҷамъбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сўи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.

Дар маркази доираи диққати кишварҳо ва минтақаҳои номбаршуда қарор гирифтан Тоҷикистон се омили асосӣ дорад: иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ. Диққати он кишварҳоро, пеш аз ҳама, сарватҳои зеризаминӣ ва рўизаминии Тоҷикистон – тилло, нуқра, пахта, арзиз, мис, оҳан, уран, ҳамчунин мавқеи стратегии он ва равандҳои сиёсию иҷтимоие, ки солҳои охир дар сарзамини мо ба вуҷуд омадаанд, ба худ ҷалб намудааст».

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дар самти ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар нухбагон ва сиёсатмадорони давр сутудаанд. Аз ҷумла, Президенти собиқи ФР Д.Медведев зикр намудааст, ки «Тоҷикистон тайи бист соли гузашта муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда, обрўи худро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштааст». Собиқ Президенти Амрико Барак Обама зикр намудааст, ки «ИМА бо Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи он барои ҳамкории қавӣ дар роҳи сулҳу дўстӣ кор мекунад. Мо имконияти таҳким бахшидани равобити дуҷонибаю минтақавии иқтисодӣ ва ҳифз аз хавфу таҳдиди терроризмро қадр мекунем. Иёлоти Муттаҳида ба манзури рушди ҷомеаи бехатар, шукуфон ва демократӣ баҳамкории худ бо Тоҷикистон содиқ мемонад».

Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиё, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо ва, пеш аз ҳама, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кўшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад. 

Вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ эҷоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тўли сарҳади кишвар аз тариқи рушд ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор мебошад, ки хушбахтона Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳо ноил гаштааст. 

Азимҷони Шералӣ, 

аспирант

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj