Сояҳо ва ҳақиқатҳо

Филми мустанади рўзи 9-август пахшгардида дар бораи сурати аслии воқеоти куштори шаҳрвандони кишварамон дар солҳои пешин  андешазост. Ин филм ду ҷанбаи муҳим дорад. Нахуст бо санаднокиву воқеияти маълуми худ чун як сабти таърихӣ нақш пайдо  менамояд. Сониян, ба воқеяти имрўз таъсири амиқ дорад ва вокунишҳои зиёдро ба вуҷуд меоварад. Ҳар ду хосият ҳам муҳим аст. Агар имрўз мардум донист, ки кадом хоҷагон дар пуштибонии қотилон саҳм доштаанд, аз ҷониби дигар чунин неруеро дар олами андешаҳо ба вуҷуд меоварад, ки мо бояд дўсту душмани худро шиносем. Боиси афсўс аст, ки замоне дар натиҷаи террор шинохтатарин фарзандони миллат кушта гардиданд. Сафаралӣ Кенҷаев, Муродулло Шерализода, Фатҳуллохон Шарифзода, Каромауллоҳи Қурбон, Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Абдураҳим Раҳимов ва чандин нафарони дигар қурбони оташи ихтилофҳои дохилӣ гардида, чун доғе дар саҳифаҳои таърих сабт гаштанд. «Гуноҳ»-и аввалини онҳо ин буд, ки онҳоро дар ҷомеа мешинохтанду эътироф менамуданд. Вазифаву мақоми онҳо муҳим нестанд, вале онҳо ҳар кадом барои миллат  хидмате карда буданду мекарданд. Мушоҳидаҳову таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки аксари қурбоншудагон намояндагони илму фарҳанг будаанд. Яъне, намояндагони он соҳаҳое, ки ба қавле бе пушту паноҳ мебошанд. Солҳои мадид ҷомеа аз он бобат меандешид, ки дар паси ин ҳама воқеоти нангин кӣ қарор дошт? Акнун боиси таъкиду накўҳиш мебошад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар гузаштаҳои ҷиноии афроди маълумро кашф карда метавонанд. Дар Тоҷикистон ҳукм доштани қонун бори дигар собит гашт ва, ҳамзамон, мардум бори дигар донист, ки ҳеҷ як ҷинояту хиёнат беҷавобу пўшида боқӣ намемонад. Ин рухдод аз он ҷиҳат муҳим низ мебошад, ки наздикону пайвандони мақтулон донистанд, ки сабаби бадбахтии онҳо киҳо мебошанд. Маълумоти филми пахшгардида аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки эътимоди оммаро нисбат ба ҳокимияти кунунӣ меафзояд ва он сияҳкориҳое, ки бо мақсади коста гардонидани эътимоди мардум барои ҳокимият равон гардида буданд, ба як чизи беҳуда табдил меёбанд. Куштани шахсиятҳои боло бо ҳамин мақсад сурат мегирифт. Вагарна, тавре ишора гашт, аксари онҳо намояндагони илму фарҳанг буданду ба манфиатҳои сиёсӣ, сармоя ва ҷангу ҷидол қариб, ки робитае надоштанд.

Паҳлуи муҳимми масъалаи баҳсангез ин пуштибонии кишвари ҳамзабони мо Эрон аз иҷрои ҷиноятҳои даҳшатбор мебошад, ки хеле нигаронкунандаанд. Дар навбати аввал бояд зикр намуд, ки умумияти фарҳангиву бародарии ин ду миллат дар тўли ҳазорсолаҳо ҳеҷ гоҳ мавриди инкор набуд ва нест. Аммо ба назар расидани чунин ҷузъиёт нобоварии як миллатро нисбат ба миллати дигар ба миён меорад. Бародар хондани оне ки пинҳониву хомўш теша ба реша мезанад, хеле душвор мебошад. Тоҷикон аз Эрони ҳамзабону ҳамдини мо шояд ин амалкардро ҳеҷ гоҳ интизор набуданд.  

Барои мо нисбатан ба таври тира маълум буд, ки Эрон дар ҷаҳон яке аз пуштибонону маблағгузорони амалҳои террористӣ дониста мешавад. Аммо умумияти нажодиву фарҳангӣ намегузошт, ки Эронро дар ин роҳ муҷрим донем. Бовар намекардем ва Ғарбро гунаҳкор медонистему ҳама зуҳуротро туҳмат баҳогузорӣ мекардем. Барои навиштани сатрҳои боло лозим омад, ки ба саҳифаҳои интернетӣ  муроҷиат намоем. Мувофиқи маълумотҳои Википедия, ки барои аксарият ошно мебошанд, Эрон мутобиқи рўйхати Департаменти давлатии ИМА аз фаъолтарин кишварҳои маблағгузори тероризм дониста мешавад. Ин рўйхат дар маҷмўъ дар соли 1979 оғози сурат ёфта, соли 1984 Эрон ба он ворид карда шудааст. Яъне, он замоне, ки аллакай дар Эрон сохти давлатӣ тағйир ёфта буд ва ғасбу куштори бераҳмонаи чанде аз намояндагони корпусҳои дипломатӣ симои терроризмро дар ин кишвар бараъло равшан гардонида буд. Ин раванд қариб чил сол боз идома дорад ва аз рўйи ҳисоботи коршиносони амрикоӣ соли 2012 Эрон ба масъалаи маблағгузорӣ дар терроризми байналхалқӣ суръати бештар бахшидааст. Барои мо бори дигар шигифтовару ташвишовар он аст, ки ба ҷанговарони гурўҳҳои террористӣ дар минтақаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ бештар аз ҷониби Эрон кумаки техникиву молиявӣ расонида мешавад. Ҳамин фактҳо кофианд, ки маълумоти дар филми мазкур овардашуда ҳаққонияти худро собит намояд. Сарчашмаҳои ҳимоят аз терроризмро низ хеле осон дарёфт менамоем. Мувофиқи маълумотҳои пайвастаи Департаменти давлатии ИМА пуштибони аслии терроризм дар Эрон гурўҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ номида шудаанд. Фактҳои алоҳида дар мавриди иҷрои амалҳои даҳшатафканӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Мувофиқи ҳисоботҳои соли 2012 Эрон дар амалҳои террористии анҷомдодашуда дар Ҳиндустон, Таиланд, Кения ва Гурҷистон гумонбар дониста мешавад. Пуштибонӣ кардан аз гурўҳҳои террористии Ҳизбуллоҳ, Ҳаммос ва ал-Қоидаву дигар гурўҳҳои террористии фаластинӣ низ зикр карда мешавад. Мувофиқи маълумотҳои дигари саҳифаҳои Википедия терроризми эронӣ дар соли 2013 Аврупо, Африқо ва Осиёи Ҷанубиву Шарқиро фаро гирифтааст. Ҳамзамон, дар бораи омода кардани киллерҳо ва худфидоҳо дар Эрон низ нуқтаҳои махсус сарфи назар нашудаанд. Яъне, маълумоту фактҳои фаровоне вуҷуд доранд, ки пуштибонии ин кишварро аз тероризм бозгў менамоянд. Он нуктаро нодида набояд гирифт, ки ин маълумотҳоро коршиносону мутахассисони русу англис расонаӣ карданд, на тоҷикон, ки аз онҳо касе домангир шаванд. 

Ҳолати кунунӣ табиист, ки ҳар як фарди бозаковатро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ пайдо намояд. Ҳаводиси гузашта ва маълумоти фаровони имрўза ҳокӣ аз он мешаванд, ки дар ҳақиқат кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз тероризми ҳимоятшавандаи кишварҳои хос осебпазир будааст. Пуштибонӣ аз терроризм ва маблағгузорӣ ба он имрўз низ аз ҷониби кишварҳои алоҳида идома дорад. То ин замон халқи тоҷик нисбати маълумоти мавҷуда бетафовут буд. Аммо акнун мо дарк менамоем, ки натанҳо аз нигоҳи тафаккуру назарияҳо, балки аз як равзанаи маълуми амалӣ киҳо аз терроризм пуштибонӣ менамоянд. 

Эрон ба дарди мазҳабситезӣ хеле амиқ гирифтор мебошад. Ба шиори «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо»-и ғарбӣ, пеш аз ҳама, ин кишвар гирифтор аст. Дар сурате ки тоҷикон дар мазҳаби ягонаи ҳанафӣ қарор доранд ва аксаран мусалмонони кишвар пайрави ин мазҳаб мебошанд, ислоҳотхоҳони хориҷӣ мехоҳанд, ки мазҳабу фирқаҳои навро дар ҷомеаи мо эҷод созанд. Дар ин самт низ нақши тирае аз Эрони ба мо ҳамзабон ба назар мерасад. Дар ин бобат пазироӣ аз намояндагони ҳизби фаъолияташ мамнўъ гумонҳои зиёдеро ба бор оварда метавонад. Фарҳанг мову Эронро садсолаҳо ба ҳам овардааст. Аммо тафриқаву ихтилофҳои мазҳабӣ чун як масъалаи фарҳангӣ моро аз ҳам дур карда метавонад. Аҳли фазлу фарҳанги тоҷик ба Эрон муҳаббат дошт ва хоҳад дошт. Аммо чунин маълумоту фактҳо хоҳу нохоҳ дар ин роҳ нигаронкунандаанд. Роҳбари давлати мо бо эҳсоси бародарӣ ғамхорона аз минбарҳои баланд аз тақдири миллати афғони ҷангзада сухан мегўяд. Бовар дорем, ки ин гумону муносибат нисбат ба Эрон ҳамчунин аст. Аммо бародарони эронӣ бояд фикр намоянд, ки пуштибонӣ аз амалҳои хунбор ҳама бовариву гумонро барҳам мезанад. Халқи тоҷик муқобили шукуфоиву пешрафти Эрон нест. Аммо намехоҳад ва қабул ҳам намедорад, ки ин кишвари ҳамоини мо чунин хиёнатро нисбат ба мо раво бинад. Робитаҳои мо баъди фурўпошии ИҶШС ривоҷ ёфтааст. Дар сатҳи баланди давлатӣ муносибот то имрўз вуҷуд дорад. Аммо фарзияҳо, фактҳо ва маълумотҳои мухталифи дигар дар ин роҳ соя меафкананд, ки боиси коста гардидани эътимоду бовар нисбат ба як кишвари ба мо ҳамзабону ҳамфарҳанг мешавад. 

Сангин Гулов,

Бахтиёр Қутбиддинов

устодони факултети журналистика

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj