Соҳаи омор

Омор қисми ҷудонашавандаи илми иқтисод маҳсуб мешавад. Ташкил ва инкишофи омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраҳои ташаккулёбии ҶМШС  Тоҷикистон соли 1924 рост меояд. Дар давраи ташаккулёбии ҶШС Тоҷикистон солҳои (1929-1991) омори давлатиӣ хеле инкишоф ёфта, маҳз дар ҳамин давра аввалин техникуми омор соли 1958, кафедраи омор дар сохтори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.Л. Ленин соли 1968 (ҳоло ДМТ) ва қабули довталабон аз рўи ихтисоси омор соли 1986 дар донишгоҳи мазкур сурат гирифт.

Баъд аз соҳибистиқлол  гардидани Тоҷикистони соли 1991 назаря ва амаляи омор боз ҳам инкишоф ёфтанд. Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ва стандартҳои байналмилалӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси омор дар ҳамаи сохторҳои иқтисодӣ баланд намуд. Фаъоляти мутахассиси соҳаи омор на танҳо баҳри омўзиши мақомоти идоракунии давлатӣ ва минтақавӣ, инчунин, барои корхона ва ташкилотҳои ҳамаи шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, омор, технологияи компиютерӣ талаб менамояд, равона шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон назаря ва амаляи омор рў ба инкишоф ниҳод. Давлатдориро бе надоштани маълумотҳои дақиқе, ки дар натиҷаи ҳисобгирӣ ба даст меояд, тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Яъне маълумот доир ба ҳолати артиш ва ситонидани андозҳо, навъ ва сифати заминҳо, саршумори чорво ва тиҷорати давлат хеле зарур буданд, ки ҳамзамон баробари пешрафти ҷамъият ва рушди он талабот ба маълумот низ меафзояд. Усулҳои гуногунро барои ба даст овардани чунин маълумот истифода бурда мешавад. Мисол, Шоҳи Форс Доро солҳои 522-486 то солшумории мо барои он ки шумораи сарбозони артиши худро ҳисоб намояд ва талафоташро дар ҷанг муайан созад, сарбозонашро чунин уҳдадор намуда буд, ки пеш аз ҳарбу зарб дар ҷойи муайаншуда  як сангро гузоранд, ки дар натиҷа сангманора ба вуҷуд меомад ва баъд аз бозгашт аз ин сангманора як сангро боз пас мегирифтанд ва бо ин тариқ талафоташро дар ҷанг муайян менамуд. 

Иқтисоди ҷумхури рўз то рўз меафзояд, мутахассисони оморӣ назаряҳои нави илмиро бо усулҳои оптималӣ онҳоро меомўзанд. Ҳоло бошад, дар тамоми давлатҳо соҳаи омор вуҷуд дорад, ки  бе нишондиҳандаи факту рақамҳои  оморӣ иқтисодро муайяан кардан ѓайриимкон аст. 

 А.Кавраков, 

 донишҷўи факултети баҳисобгирию иқтисодӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj